Забур 122:1-9
Суруди болобароӣ. Таронаи Довуд.
122 Хурсанд шудам, вақте ба ман гуфтанд:
«Биё, ба хонаи Яҳува меравем».+
2 Пойҳои мо, эй Ерусалим,Андаруни дарвозаҳои ту истодаанд.+
3 Шаҳри Ерусалим тавре сохта шудааст,Ки хонаҳояш ба ҳам пайванданд.+
4 Қабилаҳо сӯйи он баромаданд,Қабилаҳои Ёҳ*,Мувофиқи ёдоварии Худо ба Исроил,То ба номи Яҳува шукрона хонанд.+
5 Тахтҳои доварӣ дар он ҷо гузошта шудаанд,+Тахтҳои хонадони Довуд.+
6 Осоиштагии Ерусалимро хоҳон бошед.+
Дӯстдорони ту, эй шаҳр, дар амон хоҳанд буд.
7 Бигзор дар даруни истеҳкомҳоят* осоиштагӣ бошадВа андаруни қалъаҳоят амонӣ.
8 Ба хотири ёру бародаронам мегӯям:
«Осоиштагӣ андаруни ту бод!»
9 Ба хотири хонаи Худоямон Яҳува+Беҳбудии туро хоҳонам.