Забур 139:1-24
Ба сардори ромишгарон. Таронаи Довуд.
139 Эй Яҳува, ту маро саропо тафтиш кардаӣ ва маро медонӣ.+
2 Ту вақти нишастану хестанамро медонӣ,+Фикрҳои маро аз дур пай мебарӣ.+
3 Ту маро вақти сафар карданам ва хоб рафтанам мушоҳида мекунӣ,Ҳама роҳҳоям ба ту маълум аст.+
4 Ҳанӯз дар забонам сухане нест,Вале ту, эй Яҳува, онро бакуллӣ медонӣ.+
5 Ту маро аз ҳар тараф гирд мекунӣ,Дасти худро бар ман мегузорӣ.
6 Дарки ин аз фаҳмиши ман берун аст,Чунон баланд аст, ки бароям ақлнорас аст.+
7 Аз рӯҳи ту ба куҷо гурезамВа аз рӯйи ту куҷо фирор кунам?+
8 Агар ба осмон бароям, ту дар он ҷо ҳастӣ,Агар дар гӯр бистар андозам, дар он ҷо низ маро меёбӣ.+
9 Агар бар болҳои субҳидам парвоз кунамВа дар канори баҳри дуртарин сокин шавам,
10 Он ҷо низ дасти ту маро раҳнамоӣ хоҳад намудВа дасти ростат маро маҳкам хоҳад дошт.+
11 Агар бигӯям: «Бешак, торикӣ маро пинҳон месозад!»
Он гоҳ шаб низ ба равшанӣ табдил хоҳад ёфт.
12 Ҳатто зулмот бароят торик нест,Балки шаби тор бароят рӯзи равшан аст,+Торикӣ пеши ту мисли рӯшноӣ аст.+
13 Ту гурдаҳои маро ба вуҷуд овардаӣ,Маро дар шиками модарам эмин доштаӣ*.+
14 Туро ситоиш мекунам, зеро ба таври аҷоибу ҳайратангез офарида шудаам.+
Корҳои ту аҷоибанд,+Аз ин ба хубӣ огаҳам.
15 Устухонҳоям аз ту ниҳон набуданд,Вақте дар пинҳонӣ офарида шудам,Вақте дар қаъри замин бофта шудам.+
16 Чашмонат ҷанинамро дидаанд,Ҳама узвҳои онро дар китобат навишта будӣ.
Ҳатто пеш аз он ки онҳо пайдо шаванд,Ту дар бораи рӯзҳои пайдоишашон навишта будӣ.
17 Чӣ гуна гаронбаҳост андешаҳои ту бароям!+
Худоё, онҳо сону шумор надоранд!+
18 Агар онҳоро шуморам, аз рег зиёдтаранд.+
Вақте бедор шавам, ҳанӯз бо туям*.+
19 Худоё, кошки бадкорро мекуштӣ,+Он гоҳ хунхӯрон аз ман дур мешуданд.
20 Касоне, ки бадқасдона* бар зидди ту сухан мегӯянд.
Онҳо душманони туянд, ки номатро ба таври ношоиста ба забон мегиранд.+
21 Эй Яҳува, бадбинони туро бад мебинам+Ва аз онҳое, ки аз ту саркашӣ мекунанд, нафрат дорам.+
22 Онҳоро чашми дидан надорам,+Бароям душманони ашаддӣ гаштаанд.
23 Маро саропо тафтиш намо, эй Худо, ва дили маро бишнос.+
Маро бисанҷ ва ташвишҳоямро бидон.+
24 Бубин, ки оё бо роҳи каҷ равонаам,+Маро дар роҳи ҷовидонӣ раҳнамоӣ кун.+
Поварақҳо
^ Ё, эҳтимол, «дар шиками модарам тарҳ афкандаӣ; бофтаӣ».
^ Ё, эҳтимол, «ҳанӯз ҳисоб хоҳам кард».
^ Ё «аз пеши худ».