Забур 69:1-36
Ба сардори ромишгарон. Бар сози «Савсан». Таронаи Довуд.
69 Маро наҷот деҳ, эй Худо, зеро обҳо то ба ҷонам расидаанд.+
2 Дар лойқа фурӯ меравам, замини сахте нест,+Ба обҳои бетаг ғӯтидаамВа селоб маро мебарад.+
3 Сӯйи ту фарёд карда, беҳол шудаам,+Ҳалқам қоқ шудааст.
Аз поидани роҳи Худо чашмам бенур гаштааст.+
4 Онҳое, ки бесабаб маро бад мебинанд,+ аз мӯйи сарам зиёданд.
Онҳое, ки қасди ҷонам доранд,Душманони хиёнаткор, бисёр шудаанд.
Маҷбурам карданд, то чизеро, ки нагирифтаам, баргардонам.
5 Худоё, ту медонӣ, ки ман беақлӣ кардамВа гуноҳам аз ту пӯшида нест.
6 Бигзор аз пушти ман умедворонат сарпаст нагарданд,Эй Яҳува, Парвардигор, Худои лашкарҳо.
Бигзор ҷӯяндагонат аз боиси ман шарманда нашаванд,Эй Худои Исроил.
7 Ба хотири ту бар сарам таъна меборад.+
Пардаи шармандагӣ рӯямро пӯшондааст.+
8 Барои бародаронам бегона гаштаам,Барои фарзандони модарам — мисли ғариб.+
9 Рашки хонаи ту маро хӯрдааст+Ва бадгӯйии бадгӯёнат бар ман афтодааст.+
10 Вақте рӯза дошта, худро хоксор гардондам*, маро таъна заданд.
11 Вақте палос* ба бар кардам,Барояшон хандахариш гаштам.
12 Вирди забони онҳое шудаам, ки назди дарвоза менишинанд,Майзадагон маро дар сурудҳояшон масхара мекунанд.
13 Эй Яҳува, дуоямро, ҳамон вақте ки дуруст шуморӣ, қабул намо.+
Эй Худои пурмеҳру вафо,Ба дуоям ҷавоб деҳ, зеро ту наҷотбахши ҳақиқӣ ҳастӣ.+
14 Маро аз ботлоқ халос кун,Нагузор, ки фурӯ равам.
Маро аз дасти бадбинонВа обҳои бетаг раҳо кун.+
15 Нагузор, ки селоб маро шуста барад+Ва ба коми варта афтам.
Нагузор, ки чоҳ даҳонашро бар ман пӯшонад.+
16 Эй Яҳува, ба дуоям ҷавоб деҳ, зеро меҳру вафои ту некуст,+Аз рӯйи марҳамати бузургат ба ман диққат намо.+
17 Рӯятро аз бандаат пинҳон мадор,+Ба танг омадаам, ба ёриам бишитоб.+
18 Сӯям биё, ҷонамро халос кун,Маро аз дасти душманонам раҳоӣ бидеҳ*.
19 Ту аз нанг, шармандагӣ ва расвоии ман бохабарӣ,+Ҳамаи бадхоҳонамро мебинӣ.
20 Аз бори таъна дилам кафидааст ва захми он бедавост*.
Ба ҳамдард зор будам, вале касе пайдо нашуд.+
Дар ҳасрати дилбардоре будам, вале нафаре ёфт нагашт.+
21 Ба ҷойи хӯрок ба ман заҳр мехӯронданд+Ва дар ташнагиам сирко менӯшонданд.+
22 Бигзор дастархонашон барояшон дом гардадВа ободиашон қапқон.+
23 Илоҳӣ чашмонашон торик гардаду дида натавонандВа пояшон аз ларзидан намонад.
24 Хашматро бар онҳо бирезВа бигзор оташи ғазабат онҳоро фурӯ барад.+
25 Илоҳӣ бошишгоҳҳояшон беодам шавадВа хаймаҳояшон бекас.+
26 Онҳо шахсеро, ки ту зарба задаӣ, дунболагирӣ менамояндВа он касеро, ки захмдор намудаӣ, беист ғайбат мекунанд.
27 Ба гуноҳашон гуноҳ зам кун,Илоҳӣ онҳо аз адолати ту баҳра набаранд.
28 Илоҳо номашон аз дафтари ҳаёт кӯр шавад+Ва ба қатори росткорон надароянд.+
29 Аммо ман ғамзадаву дардмандам.+
Бигзор қуввати наҷотбахши ту, эй Худо, маро ҳимоя кунад.
30 Номи Худоро ситоиш хоҳам кардВа бо шукру сипос ӯро болобардор хоҳам намуд.
31 Ин ба Яҳува аз буққа хуштар аст,Аз буққаи ҷавоне, ки шоху сум дорад.+
32 Нармдилон* инро дида, шод хоҳанд шуд.
Эй ҷӯяндагони Худо, дилатон қавӣ бошад.
33 Яҳува ба дуои бечора гӯш меандозад+Ва аз халқи асираш рӯй намегардонад.+
34 Бигзор замину осмон,Баҳрҳову ҷонварони он ӯро ситоиш кунанд,+
35 Зеро Худо Сионро наҷот хоҳад дод+Ва шаҳрҳои Яҳудоро аз нав бино хоҳад намуд.
Онҳо дар ин замин сокин шуда, онро соҳибӣ хоҳанд кард.
36 Насли бандагонаш онро мерос хоҳад гирифт+Ва дӯстдорони номаш+ дар он сокин хоҳанд шуд.
Поварақҳо
^ Ё, эҳтимол, «Вақте гиря карда, рӯза медоштам».
^ Ё «бозхар».
^ Ё «ва ҷонам ба лаб омадааст».
^ Ё «Мулоимтабиатон».