Матто 28:1-20

  • Зинда шудани Исо (1–10)

  • Ба посбонон пора медиҳанд (11–15)

  • Супориши шогирдсозӣ (16–20)

28  Пас аз рӯзи шанбе, дар рӯзи якуми ҳафта, вақте ки субҳ дамид, Марями Маҷдалия ва Марями дигарӣ барои хабар гирифтани қабр омаданд.+  Ногаҳон заминҷунбии сахте шуд, чунки фариштаи Яҳува аз осмон фаромад ва сангро аз даҳани қабр ба як тараф ғелонида, бар он нишаст.+  Ӯ мисли барқ медурахшид ва либосаш монанди барф сап-сафед буд.+  Посбонон ӯро дида аз тарс ба ларза омаданд ва дар ҷояшон шах шуданд.  Фаришта бошад, ба занҳо гуфт: «Натарсед, ман медонам, ки шумо Исоро, ки дар сутун куштанд, кофта истодаед.+  Ӯ дар ин ҷо нест, зеро, чи тавре ки ба шумо гуфта буд, зинда шудааст.+ Биёед ва он ҷоеро, ки ӯро гузошта буданд, бо чашми худ бубинед.  Сипас зудтар рафта, ба шогирдон хабар диҳед, ки ӯ аз мурдагон зинда шуд ва пеш аз онҳо ба Ҷалил меравад.+ Онҳо ӯро дар он ҷо мебинанд. Ин буд хабаре, ки бояд ба шумо мерасондам».+  Он занон бо тарс ва шодии азиме саросема аз пеши қабр давида рафтанд, то ин хабарро ба шогирдон расонданд.+  Ногаҳон аз пеши роҳи онҳо Исо баромад ва ба онҳо салом дод. Занҳо ба ӯ наздик шуда, таъзим карданд ва аз пойҳояш маҳкам доштанд. 10  Исо ба онҳо гуфт: «Натарсед! Рафта, бародарони маро хабардор созед, то онҳо ба Ҷалил раванд. Онҳо маро дар он ҷо мебинанд». 11  Вақте занҳо дар роҳ буданд, баъзе аз посбонон+ ба шаҳр рафта, тамоми воқеаро ба коҳинони калон нақл карданд. 12  Инро шунида онҳо бо пирон ҷамъ шуданд ва бо ҳам маслиҳат карда, ба он сарбозон пули калон* доданду 13  гуфтанд: «Ба мардум чунин бигӯед: “Шабона, вақте мо хоб будем, шогирдонаш омада, ӯро дуздиданд”.+ 14  Агар ин гап ба гӯши ҳоким расад, ғам нахӯред, чунки мо худамон ҳама чизро ба ӯ мефаҳмонем». 15  Сарбозон пулро гирифта, аз рӯйи фармудаи онҳо карданд. Барои ҳамин ин гап то имрӯз дар ҳама ҷо байни яҳудиён паҳн мешавад. 16  Ёздаҳ шогирди Исо бошанд, ба Ҷалил+ рафта, ба кӯҳе, ки Исо ба онҳо гуфта буд, баромаданд.+ 17  Вақте шогирдон Исоро диданд, ба ӯ таъзим намуданд, вале баъзеҳо шак карданд. 18  Исо наздик омада, ба онҳо гуфт: «Тамоми қудрат дар замину осмон ба ман дода шудааст.+ 19  Пас, биравед ва аз байни тамоми халқҳо+ барои ман шогирд тайёр кунед. Онҳоро ба номи Падар, Писар ва рӯҳи муқаддас таъмид диҳед*+ 20  ва риоя кардани ҳар он чизеро, ки ба шумо фармудаам,+ омӯзонед. Бидонед, ки ман ҳамеша то охирзамон*+ бо шумо ҳастам».

Поварақҳо

Ё «тангаҳои нуқрагини зиёде».
Таъмид — ниг. ба луғат.
Охирзамон — ниг. ба луғат.