Панднома 25:1-28

  • Сирро фош накун (9)

  • Сухани баҷо мисли себҳои тиллоист (11)

  • Ба хонаи ёрат тез-тез нарав (17)

  • Ба душманат некӣ кун (21, 22)

  • Хабари хуш мисли оби хунук аст (25)

25  Инҳо низ пандҳои Сулаймон аст,+ ки одамони Ҳизқиё,+ шоҳи Яҳудо, ҷамъ оварда, нусхабардорӣ карданд.   Бузургии Худо пӯшида доштани асрораш асту+Бузургии подшоҳон кофтани таги масъала.   Чуноне ки осмон баланду замин бетаг аст,Ончунон дили подшоҳ ақлнорас аст.   Нуқраро аз ғилу ғаш тоза кунВа он пурра гудохта шуда, пок мегардад.+   Бадкорро аз ҳузури подшоҳ дур созВа тахти ӯ бар росткорӣ пойдор мегардад.+   Дар пеши подшоҳ иззатталабӣ накун+Ва дар миёни калоншавандагон нашин,+   Зеро беҳтар аст, ки ӯ бигӯяд: «Аз боло гузар»,Назар ба он ки туро дар ҳузури соҳибмансабе паст занад.+   Саросемавор мурофиаро сар накун,Зеро дар охир, вақте ёрат шармандагиятро барорад, чӣ кор мекунӣ?+   Вақте дар мурофиа дар ҳаққи касе даъво кунӣ,+Сири дигаронро, ки ба ту гуфтаанд, фош насоз,+ 10  То касе, ки суханатро мешунавад, туро шарманда насозад. Охир, овозаро паҳн кунӣ, пеши роҳашро гирифта намешавад. 11  Сухани баҷо мисли себҳои тиллоӣДар зарфи нуқрагин аст.+ 12  Танбеҳи марди хирадманд барои гӯши шунавоМисли гӯшвори тиллост ва зеварест аз зари холис.+ 13  Муждарасони боваринок барои фиристандагонашМисли салқинии барф дар рӯзи тафсони дарав аст,Зеро ба хӯҷаинаш тароват мебахшад.+ 14  Шахсе, ки дар бораи туҳфаи надода лоф мезанад,Мисли абру шамоли беборон аст.+ 15  Бо сабру тоқат дили сардорро ба даст меорӣВа забони нарм устухонро мешиканад.+ 16  Агар асал ёбӣ, ба қадри даркорӣ бихӯр,Аз ҳад зиёд нахӯр, ки онро қай мекунӣ.+ 17  Ба хонаи ёрат тез-тез нарав,То аз ту хаставу безор нашавад. 18  Марде, ки бар зидди ёраш шоҳидии дурӯғ медиҳад,+Мисли калтаку шамшер ва тири нӯгтез аст. 19  Рӯзи мусибат такя ба он кӣ дар ӯ боварӣ нест*,Мисли дандони лиққонак ва пойи ларзон аст. 20  Ҳар кӣ ба дилшикаста суруд хонад,+Мисли касест, ки дар рӯзи сард либос мекашадВа ба сирко ишқор мерезад. 21  Агар душманат гушна бошад, ба ӯ нон деҳ,Агар ташна бошад, ба ӯ об деҳ,+ 22  Зеро бо ин рафторат бар сари ӯ лахчаҳои оташ ҷамъ меорӣ*+Ва Яҳува туро мукофот медиҳад. 23  Шамоли шимолӣ борони сел меорадВа забони ғайбатгӯ чеҳраи хашмгин.+ 24  Зистан дар кунҷи бомБеҳ аз он ки бо зани ҷангара* дар як хона бошӣ.+ 25  Хабари хуш аз роҳи дурМисли оби хунук барои ташна аст.+ 26  Росткоре, ки ба гапи бадкор медарояд*,Мисли ҷӯйи лойолуд ва чоҳи хароб аст. 27  Асали бисёр хӯрдан хуб нест,+Шуҳратталабӣ низ шуҳрат намеорад.+ 28  Ҳар кӣ худдорӣ надорад,+Мисли шаҳри рахнашуда, шаҳри бедевор, аст.

Поварақҳо

Ё, эҳтимол, «такя ба хоин».
Чунин рафтор метавонад дили шахсро нарм кунад, ҳамон тавре ки гармии лахчаҳо оҳанро об мекунад.
Ё «шикоятгар».
Ё «пеши бадкор сустӣ мекунад».