Титус 2:1-15

  • Таълимоти дуруст ба ҷавонону пирон (1–15)

    • Рафтори ба Худо нописандро рад кун (12)

    • Боғайрат будан дар корҳои нек (14)

2  Ту бошӣ, минбаъд низ суханонеро бигӯ, ки ба таълимоти дуруст* мувофиқанд.+  Бигзор пирамардон дар ҳар кор андозашинос, ҷиддӣ, солимфикр, дар имон устувор ва пур аз муҳаббат бошанду истодагарӣ кунанд.  Пиразанон низ бигзор рафтори худотарсона дошта бошанд, туҳматгару майпараст набошанд, чизҳои хубро таълим диҳанд  ва ҷавонзанонро насиҳат кунанд, то шавҳару фарзандонашонро дӯст доранд,  солимфикру покдоман бошанд, кору бори хонаро саришта кунанд, некдил бошанд ва ба шавҳарони худ итоат кунанд,+ то каломи Худо хор дошта нашавад.  Ба ин монанд, ҷавонмардонро насиҳат деҳ, ки солимфикр бошанд,+  ва худат низ аз ҳар ҷиҳат дар корҳои нек намуна бош. Бо тамоми ҷиддият он чизеро, ки пок аст, таълим деҳ*,+  суханоне бигӯ, ки обод кунанду касе дар онҳо айбе наёбад+ ва бадхоҳон сархаму забонкӯтаҳ шаванд.+  Бигзор ғуломон дар ҳар маврид ба хӯҷаинҳои худ фармонбардор бошанд,+ кӯшиш кунанд, ки дили онҳоро ёбанд, гапгардонӣ накунанд, 10  ба дуздӣ даст назананд,+ балки комилан амину боваринок бошанд, то таълими Наҷотбахшамон Худоро бо ҳар роҳ оро диҳанд.+ 11  Лутфу марҳамати Худо маълум гашт, то ҳар гуна одамон наҷот ёбанд.+ 12  Он моро таълим медиҳад, ки хоҳишҳои дунё+ ва рафтори ба Худо нописандро рад карда, дар ин замона* бо солимфикрӣ, росткорӣ ва худотарсӣ зиндагӣ кунем+ 13  ва интизори он бошем, ки умеди хурсандибахши мо амалӣ гашта,+ Худои бузург ва Исои Масеҳи Наҷотбахшамон бо ҷалол ошкор шаванд. 14  Масеҳ ҷони худро барои мо дод,+ то моро аз ҳар гуна бадкорӣ халос кунад+ ва барои худ пок созад, то халқи махсуси ӯ гашта, дар корҳои нек боғайрат бошем.+ 15  Чун шахси ҳокимиятдор минбаъд низ дар ин бора сухан гӯй, насиҳат* ва сарзаниш кун.+ Нагузор, ки касе туро бо чашми кам бинад.

Поварақҳо

Ё «солим; фоиданок».
Ё, эҳтимол, «Бо тамоми ҷиддияту покӣ таълим деҳ».
Замона — ниг. ба луғат.
Ё «рӯҳбаланд; ҳавасманд».