Юҳанно 19:1-42

  • Исоро қамчинкорӣ ва масхара мекунанд (1–7)

  • Пилотус боз ба Исо савол медиҳад (8–16а)

  • Исоро дар Ҷолҷолто мехкӯб мекунанд (16б–24)

  • Исо ғами модарашро мехӯрад (25–27)

  • Марги Исо (28–37)

  • Гӯрондани Исо (38–42)

19  Он гоҳ Пилотус фармон дод, ки Исоро гирифта, қамчинкорӣ кунанд.+  Сарбозон аз хорҳо тоҷе бофта, ба сараш монданд ва ба ӯ либоси бунафшранге пӯшониданд.+  Онҳо пеши ӯ омада, мегуфтанд: «Салом, эй Подшоҳи яҳудиён!», ва ӯро шапалоқ мезаданд.+  Пилотус боз берун омада, гуфт: «Ӯро пеши шумо мебарорам, то бидонед, ки дар ӯ ҳеҷ айбе наёфтам».+  Исо, ки бар сар тоҷе аз хорҳо ва дар тан либоси бунафшранг дошт, назди мардум баромад. Он гоҳ Пилотус гуфт: «Ана он мард!»  Вале коҳинони калон ва посбонон ӯро дида фарёд заданд: «Ӯро бикуш!* Ӯро бикуш!»+ Пилотус бошад, ба онҳо гуфт: «Худатон ӯро кушед, чунки ман дар ӯ ягон айбе наёфтам».+  Яҳудиён дар ҷавоб гуфтанд: «Ин мард худро писари Худо* меномад+ ва мувофиқи шариати мо барои ин суханонаш бояд кушта шавад».+  Вақте Пилотус суханони онҳоро шунид, тарсаш бештар гашт.  Ӯ боз ба қаср даромада, ба Исо гуфт: «Ту аз куҷоӣ?» Вале Исо чизе ҷавоб надод.+ 10  Он гоҳ Пилотус ба ӯ гуфт: «Бо ман гап задан намехоҳӣ?! Магар намедонӣ, ки озод кардану куштани ту дар ихтиёри ман аст?» 11  Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Агар ин ба ту аз боло дода намешуд, ман дар ихтиёри ту намебудам. Барои ҳамин касе, ки маро ба дасти ту супорид, гуноҳи зиёдтар кардааст». 12  Аз он пас Пилотус боз имкон ҷустан гирифт, ки ӯро озод кунад, вале яҳудиён фарёд зада мегуфтанд: «Агар ин мардро озод кунӣ, дӯсти қайсар* нестӣ. Ҳар касе, ки худро подшоҳ меномад, зидди қайсар мебарояд».+ 13  Ин суханонро шунида Пилотус Исоро наздашон баровард ва дар Сангфарш ном ҷое, ки ба забони ибронӣ «Ҷабто» мегуфтанд, бар курсии доварӣ нишаст. 14  Ҳамаи ин дар айёми Иди Раҳоӣ*, дар рӯзи тайёрӣ*+ рӯй дод ва соат тақрибан дувоздаҳи рӯз* буд. Пилотус ба яҳудиён рӯ оварда, гуфт: «Ана подшоҳи шумо!» 15  Вале онҳо фарёд мезаданд: «Ӯро нест кун! Нест кун! Ӯро бикуш!» Пилотус ба онҳо гуфт: «Оё подшоҳи шуморо бикушам?!» Коҳинони калон ҷавоб доданд: «Мо ғайр аз қайсар подшоҳе надорем». 16  Пас аз ин суханон ӯ Исоро ба дасти сарбозон супурд, то ӯро дар сутун бикушанд.+ Он гоҳ сарбозон Исоро гирифта бурданд 17  ва ӯ сутуни азобашро* бардошта, ба ҷое, ки Косахонаи сар номида мешуд ва ба забони ибронӣ онро «Ҷолҷолто» мегуфтанд,+ равона гашт.+ 18  Дар он ҷо онҳо Исоро дар байни ду марди дигаре+ ба сутун мехкӯб карданд.+ 19  Пилотус дар сутуне, ки ӯ мехкӯб шуда буд, лавҳае овехт. Он ҷо навишта шуда буд: «Исои носирӣ — Подшоҳи яҳудиён».+ 20  Ин лавҳаро яҳудиёни зиёде хонданд, зеро ҷое, ки Исоро ба сутун мехкӯб карданд, аз шаҳр дур набуд ва он суханонро ба забони ибронӣ, лотинӣ ва юнонӣ навишта буданд. 21  Аммо коҳинони калони яҳудиён ба Пилотус гуфтанд: «“Подшоҳи яҳудиён” нанавис, балки “Ман Подшоҳи яҳудиён ҳастам” навис, зеро ӯ ҳамин тавр мегуфт». 22  Пилотус ҷавоб дод: «Чизе навиштам, навиштам». 23  Пас аз он ки сарбозон Исоро ба сутун мехкӯб карданд, либосашро гирифта, чор тақсим карданд ва ба ҳар сарбоз якҳиссагӣ расид. Онҳо куртаашро ҳам гирифтанд, вале он дарз надошт, балки аз боло то поён бофта шуда буд. 24  Онҳо ба якдигар гуфтанд: «Биёед онро надарронем, балки қуръа партофта, бинем, ки он ба кӣ мерасад».+ Ин барои он рӯй дод, то порчаи зерини Навиштаҳо иҷро шавад: «Пӯшокамро байни худ тақсим карданд ва барои либосам қуръа партофтанд».+ Сарбозон айнан ҳамин тавр карданд. 25  Дар назди сутуни Исо модараш,+ холааш, Марями зани Қлӯпос ва Марями Маҷдалия истода буданд.+ 26  Вақте Исо модари худ ва дар назди ӯ шогирди дӯстдоштаашро дид,+ ба модараш гуфт: «Ин писари туст!» 27  Сипас ба шогирдаш гуфт: «Ин модари туст!» Пас аз ин он шогирд ӯро ба хонаи худ бурд. 28  Сипас, чун Исо донист, ки ҳама чиз иҷро шуд, барои ба амал омадани суханони Навиштаҳо гуфт: «Ман ташнаам».+ 29  Он ҷо зарфи пур аз шароби турш истода буд ва лифро* ба шароб тар карда, ба чӯбе* халонданду ба даҳони ӯ наздик бурданд.+ 30  Исо пас аз чашидани шароб чунин гуфт: «Иҷро шуд!»,+ ва баъд сарашро поён карда, мурд*.+ 31  Он рӯз рӯзи тайёрӣ+ буд ва, барои он ки ҷасадҳо дар рӯзи шанбе дар сутун намонанд+ (зеро он рӯз шанбеи бузург буд),+ яҳудиён аз Пилотус хоҳиш карданд, ки соқи пойи он касонро шикананд ва ҷасадҳояшонро аз сутунҳо фароранд. 32  Пас, сарбозон омада, соқи пойҳои он ду нафареро, ки назди Исо дар сутун овезон буданд, шикастанд. 33  Вале, вақте ба пеши Исо омаданд, диданд, ки ӯ аллакай мурдааст, бинобар ин соқи пойҳои ӯро нашикастанд. 34  Вале яке аз сарбозон бо найза ба паҳлуи Исо зад+ ва ҳамон дам аз бадани ӯ хун ва об ҷорӣ шуд. 35  Касе, ки инро дидааст, дар ин бора шаҳодат медиҳад ва шаҳодати ӯ ҳақ асту рост. Ӯ медонад, ки суханонаш ростанд ва ин суханонро мегӯяд, то шумо низ бовар кунед.+ 36  Ин чизҳо ба амал омаданд, то ин порчаи Навиштаҳо иҷро шавад: «Ҳеҷ як устухони ӯ шикаста намешавад».+ 37  Ҳамчунин дар ҷойи дигари Навиштаҳои Муқаддас гуфта шудааст: «Онҳо ба оне, ки баданашро шикоф карданд, менигаранд».+ 38  Пас аз ин Юсуф ном шахсе аз Аромот, ки шогирди Исо буду аз тарси яҳудиён инро пинҳон мекард,+ аз Пилотус иҷозат пурсид, ки ҷасади Исоро бигирад. Вақте Пилотус иҷозат дод, ӯ омада, ҷасади Исоро гирифт.+ 39  Ниқӯдимус+ низ омад. Ин ҳамон марде буд, ки бори аввал ба назди Исо шабона омада буд. Ӯ омехтаи мурр ва удро* овард, ки вазнаш тахминан 30 кило* буд.+ 40  Онҳо ҷасади Исоро гирифтанд ва аз рӯйи урфу одати яҳудиён онро бо алафҳои хушбӯй ба катон печонида, барои гӯронидан тайёр карданд.+ 41  Дар наздикии ҷое, ки Исоро ба қатл расонида буданд, боғе буд ва дар он боғ қабри наве буд,+ ки ба он ҳанӯз касеро нагузошта буданд. 42  Азбаски рӯзи тайёрӣ буд+ ва қабр ҳам дар наздикиҳо ҷой дошт, Исоро ба он ҷо гузоштанд.

Поварақҳо

Ё «Ӯро дар сутун ба қатл расон!»
Писари Худо — ниг. ба луғат.
Қайсар — унвони баъзе подшоҳони Руми қадим.
Дар матни асл «тақрибан соати шашум [пас аз баромадани офтоб]».
Яҳудиён рӯзи ҷумъаро рӯзи тайёрӣ номгузорӣ карда буданд ва ҳар ҳафта дар он ба рӯзи шанбе тайёрӣ медиданд.
Ин ҷо ҳафтаи Иди Раҳоӣ дар назар дошта шудааст, ки Иди Фатирро низ дар бар мегирифт. Бо Луқо 22:1 муқоиса кунед.
Сутуни азоб — ниг. ба луғат.
Ё «исфанҷро».
Юн. «ҳиссопос». Ниг. ба луғат, ба калимаи «кокутӣ».
Ё «нафаси охирини худро баровард».
Мурр ва уд — як навъ хокаҳои хушбӯй.
Дар матни асл «100 ратл». Як ратли румӣ тақрибан 327 г аст. Ниг. ба Замимаи Б14.