1 Петрус 3:1-22

  • Занон ва шавҳарон (1–7)

  • Ҳамдард бошед; осоиштагиро биҷӯед (8–12)

  • Азобу уқубат барои росткорӣ (13–22)

    • Барои ҳимояи умедатон тайёр бошед (15)

    • Таъмид ва виҷдони пок (21)

3  Ба ин монанд, шумо низ, эй занон, ба шавҳарони худ фармонбардор бошед,+ то онҳое, ки ба каломи Худо итоат намекунанд, бе сухан, рафтори шуморо дида тобеи он гарданд,+  зеро худашон шоҳиди рафтори пок+ ва ҳурмату эҳтироми шумо мешаванд.  Бигзор зебоии шумо на ороиши беруна, яъне бофтани мӯй, пӯшидани зару зевар+ ва либосҳои қиматбаҳо,  балки ороиши дарунии нобуднашаванда, яъне рӯҳи орому мулоим бошад,+ ки дар назари Худо хеле пурарзиш аст.  Дар замонҳои пеш низ занони поке, ки ба Худо умед мебастанд, худро ҳамин тавр оро медоданд. Онҳо ба шавҳарони худ фармонбардор буданд,  чуноне ки Соро ба Иброҳим итоат намуда, ӯро хӯҷаин меномид.+ Шумо низ, агар некӣ карданро давом диҳеду ба тарс дода нашавед,+ фарзандони ӯ мешавед.  Ҳамин тавр шумо низ, эй шавҳарон, дар зиндагиву муомила бо занони худ бомулоҳиза бошед*. Занонро, ки зарфи нозуктаранд, эҳтиром намоед,+ то ба дуоҳоятон монеае набошад, зеро онҳо низ аз лутфу марҳамати Худо мисли шумо вориси ҳаёт мегарданд.+  Ниҳоят, ҳамаатон ҳамфикр,+ ҳамдард, бародардӯст, дилсӯз+ ва хоксор+ бошед.  Дар ивази бадӣ бадӣ+ ё дар ивази дашном дашном+ накунед. Баръакс, барои дигарон баракат хоҳед*,+ зеро барои ҳамин даъват шудаед, то баракатро мерос гиред. 10  «Ҳар кӣ мехоҳад аз ҳаёт баҳра барад ва умри неку бинад, забонашро аз бадӣ+ ва лабонашро аз макру фиреб нигаҳ дорад. 11  Бигзор ӯ аз бадӣ дур шавад+ ва некӣ кунад,+ осоиштагиро ҷӯяд ва аз пайи он бошад.+ 12  Охир, чашмони Яҳува сӯйи росткорон аст ва гӯшҳояш сӯйи илтиҷои онҳо.+ Рӯйи Яҳува бар зидди бадкорон аст».+ 13  Дар ҳақиқат, агар дар некукорӣ боғайрат бошед, кӣ ба шумо осебе мерасонад?!+ 14  Вале, ҳатто агар ба хотири росткориятон азобу уқубат кашед, шумо хушбахтед.+ Аз он чизе, ки дигарон метарсанд*, натарсед ва ба ташвиш наоед.+ 15  Балки Масеҳро дар дили худ Сарвар ҳисобед ва муқаддас донед. Доимо тайёр бошед, ки умедатонро дар пеши ҳар касе, ки аз шумо дар бораи он мепурсад, ҳимоя кунед, аммо инро бо мулоимӣ+ ва эҳтироми зиёд+ ба ҷо оред. 16  Виҷдонатонро пок нигоҳ доред,+ то бадгӯёни шумо рафтори хуберо, ки зебандаи пайравони Масеҳ аст,+ дар шумо дида шармандаю шармсор шаванд.+ 17  Бароятон беҳтар аст, ки, агар хости Худо ҳамин бошад, ба хотири рафтори хубатон азоб кашед,+ назар ба он ки аз корҳои бади худ азият бинед.+ 18  Охир, Масеҳ як бор ва барои ҳамеша барои гуноҳҳои мо мурд,+ росткор ҷони худро барои бадкорон фидо кард,+ то шуморо сӯйи Худо роҳнамоӣ кунад.+ Ӯ дар ҷисм кушта шуд,+ вале дар рӯҳ зинда гашт.+ 19  Баъд аз ин ӯ рафта, ба рӯҳҳое, ки дар зиндон мебошанд, хабари довариро расонд.+ 20  Онҳо рӯҳҳое мебошанд, ки дар гузашта, ҳангоме ки Худо дар рӯзҳои Нӯҳ бо пурсабрӣ интизорӣ мекашид, беитоатӣ карданд.+ Он вақт киштӣ сохта мешуд+ ва дар он танҳо шумораи каме, яъне ҳамагӣ ҳашт нафар*, ба воситаи об наҷот ёфтанд.+ 21  Таъмид* низ, ки ба он монанд аст, ҳоло шуморо (на бо шустани нопокии ҷисм, балки бо хоҳиш кардани виҷдони пок аз Худо)+ ба воситаи зинда шудани Исои Масеҳ наҷот медиҳад. 22  Масеҳ, ки ба осмон баромадааст, ҳоло аз дасти рости Худост+ ва фариштагон, ҳокимиятҳо ва қудратҳо ба вай тобеъ гардонда шудаанд.+

Поварақҳо

Ё «занони худро бифаҳмед; ҳиссиёташонро ба назар гиред».
Ё «дигаронро дуои нек кунед».
Ё, эҳтимол, «Агар дигарон шуморо тарсонанд».
Дар матни асл «ҷон». Ниг. ба луғат, ба калимаи «ҷон».
Таъмид — ниг. ба луғат.