1 Юҳанно 3:1-24

  • Мо фарзандони Худоем (1–3)

  • Фарзандони Худо ва фарзандони Иблис (4–12)

    • Исо корҳои Иблисро вайрон мекунад (8)

  • Якдигарро дӯст доред (13–18)

  • Худо аз дили мо бузургтар аст (19–24)

3  Бубинед, то чӣ андоза муҳаббати Падар ба мо бузург аст,+ ки ӯ моро фарзандони худ номидааст+ ва мо, дар ҳақиқат, фарзандони Худоем. Ҷаҳон моро аз он сабаб намешиносад,+ ки Худоро нашинохтааст.+  Эй азизон, ҳарчанд мо акнун фарзандони Худо ҳастем,+ ба мо ҳанӯз маълум нашудааст, ки ҷисмамон чӣ гуна мешавад.+ Лекин ҳаминашро медонем, ки, вақте ӯ ба мо ошкор шавад, мо мисли ӯ мешавем, зеро ӯро, чунон ки ҳаст, хоҳем дид.  Ҳар кӣ ба ӯ умед мебандад*, худро пок месозад,+ чи тавре ки ӯ пок аст.  Ҳар кӣ ҳаёти гунаҳкорона ба сар мебарад, ҷинояткорӣ мекунад. Пас, гуноҳ ҷиноят аст.  Шумо ҳамчунин медонед, ки Исо барои пок кардани гуноҳҳоямон ошкор шуд+ ва дар ӯ гуноҳе нест.  Ҳар кӣ дар ягонагӣ бо ӯ мемонад, ҳаёти гунаҳкорона ба сар намебарад.+ Касе, ки ҳаёти гунаҳкорона ба сар мебарад, ӯро надидаасту нашинохтааст.  Эй фарзандони азизам, ба ҳеҷ кас нагузоред, ки шуморо гумроҳ кунад. Касе, ки дуруст рафтор мекунад, росткор аст, чуноне ки Исо росткор аст.  Касе, ки ҳаёти гунаҳкорона ба сар мебарад, аз Иблис аст, зеро Иблис аз аввал гуноҳ мекард.+ Писари Худо* бошад, барои он ошкор шуд, ки корҳои Иблисро вайрон кунад.+  Ҳар кӣ фарзанди Худост, ҳаёти гунаҳкорона ба сар намебарад,+ зеро рӯҳи муқаддаси* Худо дар вай аст. Чунин шахс ҳаёти гунаҳкорона ба сар бурда наметавонад, зеро ӯ фарзанди Худост.+ 10  Фарзандони Худо ва фарзандони Иблис ин тавр шинохта мешаванд: ҳар кӣ дуруст рафтор намекунад ва бародари худро дӯст намедорад, аз Худо нест.+ 11  Охир, хабаре, ки шумо аз аввал шунида будед, чунин аст: мо бояд якдигарро дӯст дорем+ 12  ва мисли Қобил нашавем, ки аз Иблис* буд ва бародари худро кушт.+ Барои чӣ ӯро кушт? Барои он ки корҳои худаш бад буду+ корҳои бародараш дуруст.+ 13  Эй бародарон, ҳайрон нашавед, ки ҷаҳон аз шумо нафрат мекунад.+ 14  Мо медонем, ки пеш мурда будем, лекин ҳоло зиндаем,+ зеро бародаронамонро дӯст медорем.+ Касе, ки бародаронашро дӯст намедорад, то ҳол мурда аст.+ 15  Ҳар кӣ бародари худро бад бинад, одамкуш аст+ ва шумо медонед, ки ягон одамкуш ҳаёти ҷовидониро соҳиб намешавад.+ 16  Мо муҳаббатро аз он донистем, ки ӯ ҷони худро барои мо фидо кард,+ пас, мо низ бояд ҷони худро барои бародаронамон фидо кунем.+ 17  Агар касе дар серию пурӣ умр ба сар бараду бародарашро дар муҳтоҷӣ дида, ба ӯ дасти ёрӣ дароз кардан нахоҳад, чӣ тавр гуфта метавонад, ки Худоро дӯст медорад?+ 18  Эй фарзандони азизам, мо бояд якдигарро на танҳо дар сухан ва дар забон,+ балки дар амал+ ва аз таҳти дил дӯст дорем.+ 19  Ҳамин тавр мо мефаҳмем, ки тарафи ростиро гирифтаем, ва худро дилпур месозем, ки Худо моро дӯст медорад. 20  Ҳатто агар диламон моро дар чизе айбдор кунад, биёед дар хотир дорем, ки Худо аз дили мо бузургтар аст ва ҳама чизро медонад.+ 21  Эй азизон, агар диламон моро айбдор накунад, мо бо Худо озодона сухан гуфта метавонем+ 22  ва ҳар чӣ аз ӯ хоҳиш кунем, ба мо дода мешавад,+ зеро амрҳои ӯро иҷро мекунем ва он чиро, ки дар назараш хуш аст, ба ҷо меорем. 23  Амри ӯ бошад, чунин аст, ки мо ба номи Писараш Исои Масеҳ имон дошта бошем+ ва якдигарро дӯст дорем,+ чи тавре ки ӯ ба мо фармуда буд. 24  Беш аз ин, касе, ки амрҳои Худоро иҷро мекунад, дар ягонагӣ бо Худо мемонад ва Худо дар ягонагӣ бо вай.+ Ба воситаи рӯҳе, ки ӯ ба мо ато кардааст, мо медонем, ки бо ӯ ягонагӣ дорем.+

Поварақҳо

Ё «чунин умед дорад».
Писари Худо — ниг. ба луғат.
Дар матни асл «тухмии».
Дар матни асл «бадкор».