2 Воқеанома 20:1-37

  • Халқҳои атроф бар зидди Яҳудо мебароянд (1–4)

  • Еҳушофот аз Яҳува мадад мепурсад (5–13)

  • Ҷавоби Яҳува (14–19)

  • Худо халқашро наҷот медиҳад (20–30)

  • Поёни ҳукмронии Еҳушофот (31–37)

20  Баъд аз ин мӯобиён+ ва аммӯниён+ бо чанде аз аммӯнимиён* берун омаданд, то бо Еҳушофот биҷанганд.  Ба Еҳушофот хабар доданд: «Аз тарафи баҳр*, аз Адӯм,+ бар зидди ту мардуми бисёре омада истодааст ва онҳо то Ҳасасӯн-Томор, яъне Эйн-Ҷадӣ,+ расидаанд».  Инро шунида Еҳушофот тарсид ва азм намуд*, ки Яҳуваро ҷӯё шавад.+ Ӯ дар тамоми Яҳудо рӯзадорӣ эълон кард.  Мардуми Яҳудо ҷамъ омад, ки аз Яҳува пурсон шавад.+ Онҳо аз тамоми шаҳрҳои Яҳудо омаданд, ки аз Яҳува маслиҳат пурсанд.  Сипас Еҳушофот назди хонаи Яҳува, дар пеши саҳни нав, дар миёни ҷамоати Яҳудо ва Ерусалим истода,  гуфт: «Эй Яҳува, Худои бобоёнамон, охир, ту Худое ҳастӣ, ки дар осмонӣ+ ва бар тамоми подшоҳиҳои халқҳо ҳукмронӣ мекунӣ.+ Қудрату тавоноӣ дар дасти туст ва касе пеши ту истодагӣ карда наметавонад.+  Эй Худои мо, магар ту сокинони ин заминро аз пеши халқат Исроил ронда, онро то абад ба насли дӯстат Иброҳим надодаӣ?+  Онҳо дар ин замин сокин шуданд ва бароят ба номи ту муқаддасгоҳе сохта,+ гуфтанд:  “Агар ба сари мо мусибате — шамшер, ҳукми ҷазо, вабо ё қаҳтӣ, ояд ва мо пеши ин хона ва пеши ту (зеро номи ту бар ин хона аст)+ биистему дар азоби худ туро зора кунем, моро бишнав ва наҷот деҳ”.+ 10  Ҳоло мардуми Аммӯн, Мӯоб ва кӯҳистони Сеир+ дар ин ҷоянд. Ҳангоме ки Исроил аз замини Миср берун меомад, ту нагузоштӣ ба заминашон дарояд. Барои ҳамин Исроил аз пешашон бирафт ва онҳоро нест накард.+ 11  Акнун бошад, онҳо ба ивази некӣ бадӣ карда, ба ин ҷо омадаанд, то моро аз мулке, ки ба мо мерос додаӣ, пеш кунанд.+ 12  Эй Худои мо, онҳоро доварӣ намо.+ Мо дар пеши ин мардуми сершуморе, ки бар зидди мо омадааст, нотавон ҳастем ва чӣ кор карданамонро намедонем,+ чашмони мо сӯйи туст».+ 13  Он вақт аҳли Яҳудо бо занону фарзандони* худ, аз он ҷумла кӯдакон, дар пеши Яҳува меистод. 14  Он гоҳ рӯҳи Яҳува дар миёни ҷамоат Яҳазиили писари Закарёи писари Баноёи писари Яиили писари Маттанёро, левизодаеро аз писарони Осаф, фаро гирифт. 15  Вай гуфт: «Гӯш диҳед, эй аҳли Яҳудо, эй сокинони Ерусалим ва шоҳ Еҳушофот! Яҳува ба шумо чунин мегӯяд: “Аз ин мардуми сершумор натарсед ва ба воҳима наафтед, зеро ин на ҷанги шумо, балки ҷанги Худост.+ 16  Пагоҳ сӯйи онҳо фароед. Онҳо бо ағбаи Сис меоянд ва шумо онҳоро дар канори водӣ, ки назди биёбони Яруил аст, мебинед. 17  Ба шумо лозим намеояд, ки биҷангед. Бархезед, биистед+ ва бубинед, ки чӣ тавр Яҳува шуморо наҷот медиҳад.+ Эй Яҳудо ва Ерусалим, натарс ва ба воҳима наафт.+ Пагоҳ бар зидди онҳо бароед ва Яҳува бо шумо хоҳад буд”».+ 18  Ҳамон лаҳза Еҳушофот рӯ ба замин афтида саҷда намуд ва аҳли Яҳудову Ерусалим пеши Яҳува ба замин афтиданд, то ба Яҳува саҷда кунанд. 19  Сипас левизодагоне, ки аз насли Қаҳот+ ва Қӯраҳ буданд, бархестанд, то Яҳува, Худои Исроилро, бо тамоми овоз ситоиш намоянд.+ 20  Онҳо саҳари барвақт хеста, берун омаданд, то сӯйи биёбони Тақӯо+ раванд. Ҳамин ки онҳо баромаданд, Еҳушофот истода, гуфт: «Эй Яҳудо ва сокинони Ерусалим, ба ман гӯш диҳед! Ба Худоятон Яҳува имон дошта бошед, то устувор бимонед, ва ба пайғамбарони ӯ бовар кунед,+ он гоҳ шумо комёб хоҳед шуд». 21  Ӯ бо мардум маслиҳат карда, сарояндагонро таъйин кард,+ то либоси поку муқаддас дар тан пешопеши сарбозон равона шаванд ва дар васфи Яҳува сароида бигӯянд: «Яҳуваро шукр гӯед, зеро меҳру вафои ӯ то абад аст».+ 22  Ҳангоме ки онҳо шодона ҳамду сано сароидан гирифтанд, Яҳува бар зидди мардуми Аммӯн, Мӯоб ва кӯҳистони Сеир, ки ба Яҳудо омаданд, камин гузошт ва онҳо якдигарро куштанд.+ 23  Аммӯниён ва мӯобиён бо сокинони кӯҳистони Сеир+ ҷангиданд, то онҳоро несту нобуд кунанд, ва, вақте кори онҳоро тамом карданд, якдигарро куштанд.+ 24  Вақте аҳли Яҳудо ба бурҷи* биёбон+ расид, сӯйи он мардум нигоҳ карда, ҷасадҳои афтидаи онҳоро дид+ ва касе аз онҳо зинда намонда буд. 25  Он гоҳ Еҳушофот бо халқе, ки ҳамроҳаш буд, барои гирифтани ғанимат омад. Онҳо молу мулк, сарулибос ва чизҳои қиматбаҳои бисёреро дида, барои худ ҷамъ карданд, ба тавре ки дигар бардошта натавонистанд.+ Онҳо се рӯз ғанимат ҷамъ карданд, чунки он хеле бисёр буд. 26  Дар рӯзи чорум онҳо дар водии Барака ҷамъ шуда, Яҳуваро ҳамду сано гуфтанд*. Барои ҳамин он ҷоро водии Барака номиданд+ ва то ба имрӯз он чунин ном дорад. 27  Баъд аз ин тамоми мардони Яҳудо ва Ерусалим бо сарварии Еҳушофот хурсандӣ карда, ба Ерусалим баргаштанд, зеро Яҳува душманонашонро шикаст дода, онҳоро шод кард.+ 28  Онҳо бо садои созҳои торӣ ва чангу+ карнай+ ба Ерусалим даромада, ба хонаи Яҳува+ рафтанд. 29  Тамоми подшоҳиҳоро тарси Худо фаро гирифт, зеро шуниданд, ки бо душманони Исроил Яҳува ҷангида буд.+ 30  Дар қаламрави Еҳушофот тинҷиву амонӣ пойдор шуд ва Худояш ба ӯ аз ҳар тараф оромӣ бахшид.+ 31  Еҳушофот бар Яҳудо ҳукмронӣ мекард. Ӯ дар 35-солагиаш подшоҳ шуд ва 25 сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард. Модари вай Азубои духтари Шилҳӣ буд.+ 32  Ӯ бо роҳи падараш Осо+ мерафт ва аз он дур нашуд. Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува дуруст буд, ба ҷо меовард.+ 33  Аммо баландиҳо барҳам дода нашуданд+ ва мардум ҳанӯз дили худро омода накарда буд, ки Худои бобоёнашонро биҷӯяд.+ 34  Воқеаҳои дигари ҳаёти Еҳушофот, аз аввал то охир, дар навиштаҳои Еҳуи+ писари Ҳанонӣ,+ ки дар Китоби шоҳони Исроил оварда шудаанд, навишта шудааст. 35  Пас аз ин Еҳушофоти шоҳи Яҳудо бо Аҳазёи шоҳи Исроил, ки корҳои бад мекард,+ паймон баст. 36  Ӯ бо вай шарик шуд, то киштиҳое созад, ки ба Таршиш+ мераванд, ва онҳо дар Эсюн-Ҷобар киштӣ сохтанд.+ 37  Аммо Элиезери писари Дӯдовоҳу, ки аз Морешо буд, дар ҳаққи Еҳушофот пешгӯйӣ карда гуфт: «Азбаски ту бо Аҳазё паймон бастӣ, Яҳува коратро вайрон мекунад».+ Он киштиҳо шикаста+ то ба Таршиш нарасиданд.

Поварақҳо

Ё, эҳтимол, «маӯниён».
Аз афташ, баҳри Мурда.
Дар матни асл «ба он рӯ овард».
Дар матни асл «писарони».
Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.
Дар матни асл «баракат доданд».