2 Тимотиюс 4:1-22

  • «Хизмататро нағз ба ҷо ор» (1–5)

    • Каломро эълон кун (2)

  • «Дар муборизаи пуршараф талош намудам» (6–8)

  • Хабарҳои гуногун ва дархостҳо (9–18)

  • Хайрухуш (19–22)

4  Ман дар пеши Худо ва Исои Масеҳ, ки дар вақти ошкор шудан+ ва дар Подшоҳии худ омаданаш+ зиндагону мурдагонро+ доварӣ мекунад,+ бо қатъият ба ту чунин мефармоям:  каломро эълон кун,+ дар ин кор ҳам дар вақти мувофиқ ва ҳам дар вақти душвор ҷидду ҷаҳд намо, бо пуртоқативу санъати омӯзгорӣ+ танбеҳ,+ огоҳӣ ва насиҳат деҳ.  Инро бидон, ки замоне меояд, ки одамон тоқати шунидани таълимоти дурустро* нахоҳанд дошт,+ балки мувофиқи хоҳиши худ дар гирду атрофашон муаллимонеро ҷамъ мекунанд, ки чизҳои ба гӯшашон форамро мегӯянд.+  Онҳо аз шунидани ростӣ рӯй тофта, ба қиссаҳо диққат хоҳанд дод.  Ту бошӣ, дар ҳама ҳол ҳушёр бош, дар душвориҳо истодагӣ кун,+ хушхабарро пайваста эълон кун ва хизмататро нағз ба ҷо ор.+  Ман мисли ҳадияи рехтание ҳастам, ки ба замин рехта мешавад,+ ва замони рафтанам наздик аст.+  Дар муборизаи пуршараф талош намудам,+ масофаро тай карда, ба хати марра расидам,+ имонамро нигоҳ доштам.  Аз ин вақт сар карда барои ман тоҷи росткорӣ нигоҳ дошта шудааст.+ Ин тоҷро Ҳазратамон, ки довари одил аст,+ дар он рӯз ҳамчун мукофот ба ман медиҳад+ ва на фақат ба ман, балки ба ҳамаи онҳое, ки ошкор шудани ӯро бесаброна интизоранд.  Илоҷе карда, зудтар наздам биё, 10  зеро Димос+ ба ин ҷаҳон* дил баст ва маро тарк карду ба Таслӯникӣ рафт, Крискис ба Ғалотия равона шуд ва Титус ба Далмотия. 11  Танҳо Луқо бо ман монд. Бо худ Марқусро биёр, зеро ӯ дар хизмат бароям мададгори хубест. 12  Тихиқусро+ бошад, ман ба Эфсӯс фиристодам. 13  Вақти омаданат ҷомаамро, ки дар Трӯос, назди Қарпус, мондаам, ва ҳамчунин дастхатҳоро, махсусан дастхатҳои чармиро, ҳамроҳат биёр. 14  Искандари мисгар ба ман бисёр бадӣ кардааст. Яҳува сазои рафторашро медиҳад.+ 15  Ту низ аз вай эҳтиёт шав, зеро ӯ ба хабари мо сахт муқобилат кардааст. 16  Вақте бори аввал худро ҳимоя мекардам, касе маро тарафгирӣ накард, балки ҳама маро партофта рафтанд. Бигзор ин барояшон гуноҳ ҳисоб нашавад. 17  Лекин Ҳазрат дар барам буд ва ба ман қувват медод, то ба воситаи ман хушхабар ба хубӣ паҳн шаваду ҳамаи халқҳо онро шунаванд.+ Бо қуввати ӯ ман аз даҳони шер халос шудам.+ 18  Ҳазратамон маро аз ҳар бадӣ халосӣ дода, барои Подшоҳии осмонияш нигаҳ хоҳад дошт.+ Ӯро то абад ҷалол бод! Омин. 19  Ба Приска, Акило+ ва аҳли хонаводаи Онисифорус+ аз номи ман салом расон. 20  Арастус+ дар Қӯринт истод, Трофимуси+ беморро бошад, ман дар Милитус мондам. 21  Як илоҷ карда, то саршавии зимистон наздам биё. Эвулус, Пудис, Линӯс, Клавдия ва ҳамаи бародарон ба ту салом мерасонанд. 22  Бигзор Ҳазратамон рӯҳияи хуби туро баракат диҳад. Лутфу марҳамати ӯ бо ту бод!

Поварақҳо

Ё «солимро; фоиданокро».
Ё «замона». Ниг. ба луғат, ба калимаи «замона».