Гузаштан ба маводи асосӣ

Чӣ тавр дӯсти Худо шавам?

Чӣ тавр дӯсти Худо шавам?

БОБИ 35

Чӣ тавр дӯсти Худо шавам?

Ҷереми воқеаи нохушеро аз сар гузаронда, фаҳмид, ки то чӣ андоза дӯсти Худо будан муҳим аст. Ӯ мегӯяд: «Дар 12-солагиам падарам моро партофта рафт. Як шаб ман пеш аз хоб дуо гуфта, Яҳуваро зора задам, ки падарам баргардад».

Дар он лаҳзаи душвор Ҷереми Китоби Муқаддасро ба даст гирифт. Вақте ӯ Забур 10:14-ро хонд, гиря гулӯгираш кард. Дар ин оят гуфта мешавад: «Бечора ба ту [Яҳува] рӯй меорад ва ту мададгори ятим ҳастӣ». Ҷереми иқрор мешавад: «Ман ҳис кардам, ки гӯё Яҳува мегӯяд: “Ман падари ту ҳастам! Мададгори туям!” Яҳува дар олам аз ҳама падари беҳтарин аст!»

ХОҲ ШУМО бо ин гуна вазъият рӯ ба рӯ шуда бошед хоҳ не, Яҳува мехоҳад, ки шумо дӯсти ӯ шавед. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Ба Худо наздик шавед ва ӯ ба шумо наздик мешавад» (Яъқуб 4:8). Дар бораи ин суханон як андеша кунед: ҳарчанд шумо Яҳуваро дида наметавонед ва ӯ назар ба шумо мавқеи баланд дорад, Яҳува даъват мекунад, ки дӯсти ӯ шавед!

Вале бояд гуфт, ки барои дӯсти Худо шудан кӯшишу ғайрат кардан лозим аст. Фарз кардем, шумо дар хонаатон гул парвариш мекунед. Чи хеле медонед, гул худ аз худ нашъунамо намекунад. Барои инкишоф ёфтанаш онро бояд пайваста об диҳед ва дар муҳити мувофиқ нигоҳ доред. Дӯстӣ бо Худо низ ба ҳамин монанд аст. Барои нашъунамо ёфтани чунин дӯстӣ чӣ бояд кард?

Омӯзиши Китоби Муқаддас

Дӯстӣ ин муоширати дуҷониба аст. Дӯстон одатан якдигарро гӯш карда бо ҳам суҳбат мекунанд. Дӯстӣ бо Худо низ ҳамин тавр аст. Вақте мо Китоби Муқаддасро мехонем ва меомӯзем, мефаҳмем, ки Худо ба мо чӣ гуфтанӣ аст (Забур 1:2, 3).

Шояд хондан шуғли дӯстдоштаи шумо набошад. Бисёр ҷавонон тамошои телевизор, бозӣ кардан ва бо дӯстон вақт гузаронданро нағз мебинанд. Вале, агар бо Худо дӯст шудан хоҳед, бояд талош варзед. Ба шумо лозим меояд, ки Каломашро омӯхта, ба ӯ гӯш диҳед.

Зиқ нашавед! Омӯзиши Китоби Муқаддас дилгиркунанда нест. Шумо аз он хурсандӣ гирифта метавонед, ҳатто хондану омӯзиш кардан ба шумо маъқул набошад ҳам. Дар аввал барои омӯзиши Китоби Муқаддас вақт ҷудо кунед. Лиза ном духтараке мегӯяд: «Ман реҷа тартиб додам. Ҳар саҳар якбобӣ мехонам». Марияи 15-сола бошад, қайд мекунад: «Ман Китоби Муқаддасро ҳар рӯз пеш аз хоб мехонам».

Барои тартиб додани реҷа ба чорчӯбаи  «Хониши Китоби Муқаддас» назар кунед ва муайян созед, ки кай барои омӯзиши Китоби Муқаддас тақрибан 30 дақиқа вақт ҷудо карда метавонед.

․․․․․

Реҷа тартиб додан танҳо оғози кор аст. Дар вақти хониши Китоби Муқаддас эҳтимол шумо пай баред, ки хондани он на ҳама вақт осон аст. Шояд шумо бо Ҷезриел ном писараки 11-сола розӣ шавед, ки гуфтааст: «Баъзе бобҳои Китоби Муқаддасро хондан душвор ва дилгиркунанда аст». Агар шумо низ ин гуна ҳиссиёт дошта бошед, таслим нашавед. Ҳама вақт ба хондани Китоби Муқаддас чун ба имконияти ба дӯстатон Яҳува гӯш додан, назар кунед. Бояд гуфт, ки шавқовар будани хониши Китоби Муқаддас ба кӯшишу ғайрати шумо вобаста аст.

Дуо гуфтан муҳим аст

Дуо ин гуфтугӯ бо Худо аст. Имконияти дуо гуфтан воқеан ҳам ҳадияи бузург аст! Як тасаввур кунед, шумо бо Яҳува Худо кай хоҳед гуфтугӯ карда метавонед. Ӯ ҳама вақт барои гӯш кардани шумо тайёр аст. Беш аз ин, Яҳува мехоҳад рози дилатонро шунавад. Бинобар ин Китоби Муқаддас моро таълим медиҳад: «Ғами чизеро нахӯред, балки ҳама вақт бо дуову илтиҷо ва шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо баён кунед» (Филиппиён 4:6).

Чи хеле дар ин оят омадааст, мо ба Яҳува дар бораи бисёр чиз гуфта метавонем. Масалан, дар бораи ғаму ташвишҳоямон ё чизҳое, ки мо барояшон миннатдорем. Як фикр кунед, агар дӯстатон барои шумо ягон кори хуб кунад, магар аз ӯ миннатдор намешавед? Ҳеҷ кас аз Яҳува дида бароятон некиҳои зиёд накардааст, бинобар ин ба ӯ низ сипосгузор бошед (Забур 106:1).

Дар поён нависед, ки барои кадом чизҳо аз Яҳува миннатдоред.

․․․․․

Бешубҳа баъзан тарсу хавотирӣ шуморо ба ташвиш оварда метавонад. Дар Забур 55:22 дар ин бора гуфта мешавад: «Бори дилатро ба Яҳува парто ва ӯ туро дастгирӣ мекунад. Ӯ ҳаргиз намегузорад, ки росткор биафтад».

Дар поён мавридҳоеро номбар кунед, ки шуморо ба изтироб меоранду мехоҳед дар ин бора ба Яҳува дуо гӯед.

․․․․․

Бичашед ва бубинед

Дӯстӣ бо Худо боз як ҷиҳатро дар бар мегирад. Шоҳ Довуд гуфта буд: «Бичашед ва бубинед, ки Яҳува некуст» (Забур 34:8). Вақте Довуд таронаи 34-уми Забурро эҷод кард, рӯзҳои сахт ва хатарнокро аз сар мегузаронд. Он вақт шоҳи бераҳм Шоул ӯро куштанӣ буд ва ин Довудро рӯҳафтода мекард. Вале баъдтар Довуд маҷбур шуд, ки дар байни фалиштиён, ки душманаш буданд, паноҳ ёбад. Як рӯз, вақте Довуд бо вазъияти марговар рӯ ба рӯ шуд, ӯ рафторашро тағйир дода, худро ба девонагӣ зад ва аз чанголи душман халос шуд (1 Подшоҳон 21:10–15).

Довуд аз марг халос хӯрдани худро дар доногиаш намедид. Баръакс, ӯ ҷалолро ба Яҳува равона кард. Дар Забур 34:4 ӯ навишта буд: «Аз Яҳува пурсидам ва ӯ ба ман ҷавоб дод, ӯ маро аз ҳамаи тарсҳоям раҳо кард». Бинобар ин Довуд аз таҷрибаи худ ба дигарон чунин маслиҳат дода метавонист: «Бичашед ва бубинед, ки Яҳува некуст».

Оё аз ҳаёти худ ягон воқеаро ба ёд оварда метавонед, ки Яҳува ба шумо ғамхорӣ карда буд? Дар ин бора дар поён нависед. Шарт нест, ки ин воқеа ғайриодӣ бошад. Ҳатто дар бораи баракатҳои ҳаррӯза, ки одатан як чизи муқаррарӣ метобанд, фикр карда метавонед.

․․․․․

Шояд ба шумо ҳақиқати Китоби Муқаддасро волидонатон таълим диҳанд. Агар ин тавр бошад, пас шумо хушбахтед. Вале фаромӯш накунед, ки шумо бояд худатон бо Яҳува муносибати наздикро инкишоф диҳед. Агар шумо то ҳол ин корро накарда бошед, ин боб ба шумо кумак мекунад, ки аз пайи он шавед. Яҳува ҳатман кӯшишҳои шуморо баракат медиҳад. Дар Китоби Муқаддас омадааст: «Биталабед ва ба шумо дода мешавад, биҷӯед ва меёбед» (Матто 7:7).

ОЯТИ АСОСӢ

«Хушбахтанд касоне, ки ташнаи раҳнамоии Худоянд, чунки Подшоҳии осмон аз они онҳост» (Матто 5:3).

МАСЛИҲАТ

Агар ҳар рӯз Китоби Муқаддасро тахминан чорсаҳифагӣ хонед, онро дар як сол тамом мекунед.

ОЁ ШУМО МЕДОНЕД?

Азбаски шумо ҳоло ин китобро хонда, маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро ба кор мебаред, нишон медиҳад, ки Яҳува шахсан ба шумо таваҷҷуҳ кардааст (Юҳанно 6:44).

НАҚША

Барои аз омӯзиши Китоби Муқаддас бештар манфиат гирифтан ман бояд ․․․․․

Барои пайваста дуо гуфтан ман бояд ․․․․․

Ман мехоҳам аз волидонам пурсам, ки ․․․․․

ЧӢ ФИКР МЕКУНӢ?

● Чӣ тавр омӯзиши Китоби Муқаддасро шавқовар кардан мумкин?

● Чаро Яҳува нигоҳ накарда ба нокомилии одамон дуоҳои онҳоро гӯш кардан мехоҳад?

● Чӣ тавр дуоҳои худро пурмазмун карда метавонӣ?

[Тасвир]

«Дар хурдсолӣ дуоҳоям якранг буданд. Имрӯз бошад, кӯшиш мекунам, ки ҳам дар бораи лаҳзаҳои хуб ва ҳам нокомиҳои рӯз дуо гӯям. Азбаски рӯзҳо ҳар хел мегузаранд, дуоҳоям низ рангоранг шудаанд» (Ева).

[Тасвир]

 Хониши Китоби Муқаддас

1. Ягон порчаи Китоби Муқаддасро интихоб кунед. Дуо гӯед, ки ба мазмуни чизи хондаатон сарфаҳм равед.

2. Онро бодиққат хонед. Ҳангоми хониш саросема нашавед ва тасаввуротро ба кор баред. Кӯшиш кунед, ки воқеаро пеши назар оред, овози қаҳрамононро шунавед, бӯйи табиат ва мазаи хӯрокро ҳис кунед. Хулоса, саҳифаҳои Китоби Муқаддасро зинда гардонед!

3. Дар бораи чизҳои хондаатон мулоҳиза ронед. Ба худ чунин саволҳо диҳед:

● Чаро Яҳува ин порчаро дар Каломаш ҷой дод?

● Кадом қаҳрамонон намунаи ибрат ва кадомашон намунаи огоҳкунанда мебошанд?

● Аз ин порчаи хондаам ман чӣ дарс мегирам?

● Ман дар бораи Яҳува ва амалҳои ӯ чӣ фаҳмидам?

4. Кӯтоҳак ба Яҳува дуо гӯед. Ба ӯ нақл кунед, ки аз порчаи хондаатон чӣ фаҳмидед ва чӣ тавр онро дар ҳаётатон ба кор бурдан мехоҳед. Барои ин туҳфаи бебаҳо, яъне Китоби Муқаддас, ҳамеша ба Яҳува миннатдориатонро баён кунед!

[Тасвир]

«Каломи ту чароғ аст барои поям ва рӯшноист барои роҳам» (Забур 119:105).

[Тасвир]

Аввал чиро ба сатил мегузорӣ?

Аз серкорӣ барои дуо ва омӯзиши Китоби Муқаддас вақтат намерасад? Одатан ҳамааш ба он вобаста аст, ки ту вақтатро бисёртар ба чӣ сарф мекунӣ.

Як санҷида бин: Ба сатилча якчанд санги калон андоз. Сипас онро бо қум пур кун. Чи хеле мебинӣ, ба сатил ҳам санг ғунҷиду ҳам қум.

Акнун сатилро холӣ кун. Ин дафъа баръакс амал намо. Аввал ба сатил қумро рез, сипас ба он сангҳоро гузор. Ҳамаи сангҳо ҷо нашуданд-а? Медонӣ барои чӣ? Охир, ту аввал қумро ба сатил рехтӣ, на сангҳоро.

Хуб, мо аз ин чӣ дарс мегирем? Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Бифаҳмед, ки кадом чизҳо муҳимтаранд» (Филиппиён 1:10). Агар ту машғулиятҳои на он қадар муҳим, мисол, вақтхуширо дар ҷойи аввал монӣ, барои корҳои муҳим, масалан, корҳои рӯҳонӣ ҳеҷ гоҳ вақт намеёбӣ. Лекин, агар аз рӯйи маслиҳати Китоби Муқаддас амал кунӣ, ҳам барои корҳои рӯҳонӣ ва ҳам барои вақтхушӣ вақт ҷудо карда метавонӣ. Ҳамааш ба он вобаста аст, ки аввал чиро ба сатил мегузорӣ.

[Тасвир]

Дӯстӣ бо Худо монанди гул аст ва он ба нигоҳубин ниёз дорад