ДАРСИ 20
Ҳайати роҳбарикунанда имрӯз чӣ тавр амал мекунад?
Дар асри як гурӯҳи хурди мардоне, ки аз «ҳаввориён ва пирони» Ерусалим иборат буданд, чун ҳайати роҳбарикунанда хизмат карда барои тамоми ҷамъомадҳои масеҳиёни тадҳиншуда қарорҳои муҳим мебароварданд (Аъмол 15:2). Пеш аз қабул кардани ягон қарор онҳо аввал гуфти Навиштаҳоро дида мебаромаданд ва мувофиқи ҳидояти рӯҳулқудси Худо амал мекарданд (Аъмол 15:25). Ҳайати роҳбарикунандаи имрӯзаи Шоҳидони Яҳува аз рӯи он намуна рафтор мекунад.
Онро Худо барои иҷрои иродаи худ истифода мебарад. Бародарони тадҳиншуда, ки дар Ҳайати роҳбарикунанда хизмат мекунанд, ба Каломи Худо диққати калон медиҳанд ва дар ҳалли масъалаҳои корӣ ва рӯҳонӣ таҷрибаи бой доранд. Онҳо ҳар ҳафта бо ҳам вохӯрда ниёзҳои бародарияти умумиҷаҳониро дида мебароянд. Чун дар асри як, дастуроти бар Китоби Муқаддас асосёфтаи онҳо ба воситаи номаҳо ё нозирони сайёр ва дигарон ба мо расонда мешавад. Ин ёрӣ медиҳад, ки байни халқи Худо ҳам дар фикр ва ҳам дар амал ягонагӣ бошад (Аъмол 16:4, 5). Ҳайати роҳбарикунанда ба тайёр кардани ғизои рӯҳонӣ ва таъин кардани бародарони масъул назорат мекунад ва ҳамаро бармеангезад, ки кори мавъизаро дар ҷои аввал гузоранд.
Он роҳбарии рӯҳулқудси Худоро бо омодагӣ қабул мекунад. Ҳайати роҳбарикунанда аз Подшоҳи Олам, Яҳува, ва аз Сарвари ҷамъомад, Исо, роҳнамоӣ меҷӯяд (1 Қӯринтиён 11:3; Эфсӯсиён 5:23). Аъзоёни он худро дар байни халқи Худо сардор намеҳисобанд. Онҳо бо ҳамроҳии ҳамаи дигар масеҳиёни тадҳиншуда «ҳар куҷо Барра [Исо] равад, аз ақибаш мераванд» (Ваҳй 14:4). Ҳайати роҳбарикунанда дуоҳоеро, ки мо дар ҳаққи онҳо мегӯем, хеле қадр мекунад.
-
Ҳайати роҳбарикунандаи асри як аз киҳо иборат буд?
-
Чӣ тавр Ҳайати роҳбарикунанда имрӯз роҳнамоии Худоро меҷӯяд?