Муқаддима
Оё ҳаёт офарида шуда буд ё инсон дар натиҷаи ҳодисаҳои тасодуфӣ ва идоранашаванда пайдо шудааст? Ин саволи хеле баҳснок мебошад. Лекин ба он ҷавоб ёфтан хеле муҳим аст. Дар ин брошура саволҳои зерин муҳокима карда мешаванд:
Оё сайёраи мо барои ҳаёт сохта шуда буд?
Мо аз сохту хусусиятҳои мавҷудоти табиат чиро омӯхта метавонем?
Назарияи эволютсия бар чӣ такя мекунад: бар ҳақиқат ё ақидаҳои беасос?
Оё илм бо маълумоти Китоби Муқаддас оиди офариниш мухолифат мекунад?
Оё ба чӣ эътиқод доштани шумо аҳамият дорад?