Гузаштан ба маводи асосӣ

Ин ҷаҳон дар дасти кист?

Ин ҷаҳон дар дасти кист?

Ҷаҳон дар дасти...

  • Худо?

  • одамон?

  • ё каси дигар?

КИТОБИ МУҚАДДАС МЕГӮЯД

«Тамоми ҷаҳон дар таги дасти Иблис аст» (1 Юҳанно 5:19, Тарҷумаи Дунёи Нав).

«Худои сулҳу осоиштагӣ... ба қарибӣ Шайтонро... несту нобуд мекунад» (Румиён 16:20, Тарҷумаи Дунёи Нав).

ИН БАРОИ ШУМО ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Сабаби асосии проблемаҳои ҷаҳонро мефаҳмед (Ошкорсозӣ 12:12).

Ба беҳтар шудани вазъияти ҷаҳон умед пайдо мекунед (1 Юҳанно 2:17).

ОЁ МО БА СУХАНОНИ КИТОБИ МУҚАДДАС БОВАР КАРДА МЕТАВОНЕМ?

Бале, камаш се сабаб вуҷуд дорад:

  • Ҳокимияти Шайтон нест мешавад. Яҳува мехоҳад, ки роҳбарии Шайтонро бар замин барҳам диҳад. Ӯ ваъда медиҳад, ки Иблисро нобуд мекунад ва тамоми зарари ба инсоният расонидаи Шайтонро бартараф месозад (Ибриён 2:14).

  • Худо Исои Масеҳро ҳукмрони ин ҷаҳон таъйин кардааст. Исои Масеҳ аз ин ҳокими бераҳм сахт фарқ мекунад. Худо дар бораи ҳукмронии Исо чунин ваъда медиҳад: «Ба камбағалу бечора раҳм хоҳад кард... Онҳоро аз зулму ситам халос хоҳад кард» (Забур 72:13, 14).

  • Худо ҳеҷ гоҳ дурӯғ намегӯяд. Китоби Муқаддас аниқу равшан мегӯяд: «Дурӯғ гуфтани Худо мумкин нест» (Ибриён 6:18). Агар Яҳува ягон чиро ваъда диҳад, гуфтан мумкин аст, ки он аллакай иҷро шудааст (Ишаъё 55:10, 11). «Ҳокими ин ҷаҳон ронда мешавад» (Юҳанно 12:31).

ДАР ИН БОРА ФИКР КУНЕД

Агар ҳокими ҷаҳонро бадар ронанд, ҷаҳон чӣ гуна мешуда бошад?

Китоби Муқаддас ба ин савол ҷавоб медиҳад: ЗАБУР 37:10, 11 ва ОШКОРСОЗӢ 21:3, 4.