САВОЛИ 9
Ба эволютсия бовар кунам ё не?
ТУ МЕБУДӢ, ЧӢ КОР МЕКАРДӢ?
Ин воқеаро тасаввур кун: Алишер намедонад ба чӣ бовар кунад. Ӯ ҳама вақт фикр мекард, ки ҳама чизро Худо офаридааст. Лекин имрӯз муаллими биология фаҳмонд, ки ҳаёт дар натиҷаи эволютсия пайдо шудааст ва инро кофтукови олимон тасдиқ мекунад. Алишер намехоҳад бесавод тобад. Ӯ ба худаш мегӯяд: «Агар олимон исбот карда бошанд, ки эволютсия ҳақиқат аст, ман киям, ки ба он бовар накунам?»
Агар ту ба ҷои Алишер мебудӣ, «дар китоби дарсӣ ҳамин хел навишта шудааст» гуфта, ба эволютсия бовар мекардӣ?
ИСТО ВА ФИКР КУН!
Бисёр одамон барои чӣ ба эволютсия ва ё ба Худо бовар доштанашонро намедонанд.
-
Бисёри одамон мегӯянд, ки ҳама чиро Худо офаридааст, лекин боварии баъзеяшон кӯр-кӯрона аст. Онҳоро падару модарашон ҳамин хел таълим доданд ва онҳо инро қабул карданд.
-
Дигар одамон ба эволютсия бовар доранд, лекин худашон сабабашро намедонанд. Онҳо мегӯянд: «Ба мо дар мактаб ҳамин хел гуфта буданд».
ДАР БОРАИ ШАШ САВОЛ ФИКР КУН
Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ҳар хона меъмори худро дорад, валекин меъмори ҳама чиз Худост» (Ибриён 3:4). Оё ба ин бовар кардан мумкин аст?
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: Тамоми коинот (ситораву сайёраҳо) аз таркиши бузурге пайдо шудааст.
1. Кӣ ё чӣ ин таркишро ба вуҷуд овард?
2. Кадом гап аз рӯйи мантиқ аст: гуфтани он ки ҳама чиз аз ҳеҷ чиз пайдо шудааст ё касе ҳама чизро офаридааст?
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: Одамон аз ҳайвонот пайдо шудаанд.
3. Агар одам аз маймун пайдо шуда бошад, пас барои чӣ ақли одам аз маймун ин қадар фарқи калон дорад?
4. Барои сохтани робот ва тайёр кардани барномаи он шахси донишманд даркор аст. Магар барои сохтани одам ва ё ақаллан як ҳуҷайраи бадани ӯ хиради бепоён даркор нест?
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: Эволютсия рост аст. Инро илм исбот кардааст.
5. Оё касе, ки ин гапро мегӯяд, худаш дар ин бора кофтуков кардааст?
6. Чӣ қадар одамон аз сабаби он ки дигарон онҳоро бесавод нагӯянд, ба эволютсия бовар карданд?
«Вақте ман иморати баланд, киштӣ ва ё мошинеро мебинам, аз худам мепурсам: “Инро кӣ сохтааст?” Барои сохтани мошин одами босаводи ҳунарманд даркор аст. Барои дуруст кор кардани мошин ҳар як қисми он, ҳатто қисмҳои аз ҳама майдааш бояд вазифаи худаша иҷро кунад. Агар мошина ягон кас сохта бошад, одам ҳам худ ба худ пайдо нашудагист» (Рустам).
Азим мегӯяд: «Чи қадаре ки илмро бисёртар меомӯхтам, ҳамон қадар ба эволютсия бовариам камтар мешуд». Ба фикри ӯ барои бо эволютсия розӣ шудан, одам бояд кӯр-кӯрона ба он бовар кунад, вуҷуд доштани Офаридгор бошад, аз рӯйи мантиқ аст.
БАРОИ ЧӢ БОЯД БА ХУДО БОВАР КУНАМ?
Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд, ки даррав ба ҳама чиз бовар накунем. Дар он навишта шудааст: «Ҳама чизро озмоиш кунед» (1 Таслӯникиён 5:21). Боварии шумо ба Худо набояд аз рӯи ин чизҳо бошад:
-
ҲИССИЁТ (Ман ҳис мекунам, ки як қувваи бузурге дар осмон вуҷуд дорад)
-
МАДАНИЯТ (Ман дар кишваре зиндагӣ мекунам, ки ҳама ба Худо бовар доранд)
-
ТАРБИЯ (Падару модарам ҳамин хел таълим додаанд. Ман гапи онҳоро бе исбот қабул кардам)
Барои ҳамин ту бояд худат фаҳмӣ ва боварӣ ҳосил кунӣ, ки Худо ҳаст.
«Тасаввур кун, ки ту дар як ҷангали калон роҳ рафта истодаӣ. Ногоҳ як хонаи хеле хушрӯро мебинӣ. Оё ту ин хел мегӯӣ: “Чӣ хел хонаи хушрӯ! Нағз ки дарахтҳо болои ҳам ғалтида ин хона пайдо шудааст”? Албатта, не! Ин фикри беақлона аст. Набошад, барои чӣ мо бояд бовар кунем, ки тамоми дунё худ ба худ пайдо шудаст?» (Зайнаб).
«Агар ягон кас ба ту гӯяд: “Дар типография (ҷои китобчопкунӣ) таркиш шуд ва ранги бисёр ба ҳама ҷо пош хӯрд ва дар девору шифти хона калимаҳо пайдо шуданд. Вақте он калимаҳоро хонданд, маълум шуд, ки аз ин ранг луғати калон пайдо шудааст”. Оё ту ба гапи ӯ бовар мекардӣ? Албатта, не. Ин гап сафсата аст. Ҳамин хел ҳам гуфтани он ки ҳама мавҷудоти зинда аз таркиш пайдо шудааст, сафсатаи зиёдтар аст» (Гвен).
«Вақте муаллим сохти бадани одамро мефаҳмонад, ман сад фоиз боварӣ пайдо мекунам, ки Худо ҳаст. Ҳар як узви бадани мо вазифаи худро дорад, ҳатто узви хурдтарин. Ҳамаи онҳо вазифаи худашона иҷро мекунанд. Баъзан мо ҳатто аз ин хабардор намешавем. Тани инсон ҳақатан ҳам аҷоиб аст!» (Тахмина).
ДАР ИН БОРА ФИКР КУН
Олимон даҳсолаҳо мешавад, ки фикру мулоҳиза ва кофтуков мекунанд, лекин дар бораи эволютсия ба як хулоса наомадаанд. Агар худи олимон дар бораи эволютсия ҳамфикр набошанд, чӣ хел ту ба он бовар карда метавонӣ?