ЗАМИМА
«Шеол» ва «ҳадес» чистанд?
ДАР ҶОИ калимае, ки «дӯзах» тарҷума шудааст, дар матни аслии Китоби Муқаддас калимаи ибронии шеол ва муродифи юнонии он ҳадес истифода шудаанд. Онҳо дар ин китоб беш аз 70 маротиба вомехӯранд. Ҳар дуи ин калимаҳо дар алоқамандӣ бо марг ёдовар мешаванд. Баъзе мутарҷимони Китоби Муқаддас онҳоро чун «қабр» ё «гӯр» тарҷума кардаанд. Баъзан ин калимаҳо нодуруст «дӯзах» тарҷума шудаанд. Аслан, дар аксари забонҳо калимаҳое, ки маънои аниқи ин вожаи ибрию юнониро гузаронда метавонанд, вуҷуд надоранд. Ин калимаҳо дар ҳақиқат чӣ маъно доранд? Биёед бубинем, ки дар матнҳои гуногуни Китоби Муқаддас онҳо чӣ тавр истифода шудаанд.
Дар Воиз 9:10 омадааст: «Дар гӯр [шеол], ки ба он ҷо меравӣ, на амал ҳаст, на тафаккур, на дониш ва на ҳикмат». Оё ин суханон маънои онро доранд, ки шеол — гӯри муқаррариест, ки дар он касе дафн шудааст? Не. Зеро вақте ки дар Китоби Муқаддас сухан дар бораи ҷои дафн ва ё қабр меравад, дар матни аслӣ калимаи дигари ибрию юнонӣ меояд, на ин ки шеолу ҳадес (Ҳастӣ 23:7–9; Матто 28:1). Инчунин, Китоби Муқаддас калимаи «шеол»-ро барои ифодаи мақбарае, ки дар он гӯри чанд кас мавҷуд аст, масалан, гӯристони авлодӣ ва ё қабристони умумӣ, истифода намебарад (Ҳастӣ 49:30, 31).
Пас, зери калимаи «шеол» чӣ ҷое дар назар аст? Каломи Худо ишора мекунад, ки «шеол» ё «ҳадес» ҳатто аз қабристони калонтарин ҳам бузургтар аст. Масалан дар Ишаъё 5:14 омадааст, ки шеол «ҳирси худро афзун кардааст, ва даҳони худро бениҳоят кушодааст». Ҳарчанд ки шеол аллакай мурдагони бешуморро ба коми худ фурӯ бурдааст, аз афташ ҳоло ҳам сер нест (Масалҳо 30:15, 16). Бар хилофи ҳар қабри муқаррарӣ, ки фақат шумораи маҳдуди мурдагонро меғунҷонад, «асфалуссофилин [шеол]... сер намешавад» (Масалҳо 27:20). Шеол ҳеҷ гоҳ пур намешавад. Он беҳудуд аст. Бинобар ин, шеол ё ҳадес ягон ҷои воқеӣ набуда, балки мафҳуми шартиест барои ифодаи қабристони умумии инсоният, ки аксарияти фавтидагон он ҷо дар хоби марганд.
* (Айюб 14:13; Аъмол 2:31; Ваҳй 20:13). Китоби Муқаддас ҳамчунин нишон медиҳад, ки дар шеол ё ҳадес натанҳо ходимони Яҳува дар хоби марганд, балки касоне низ ҳастанд, ки ба Ӯ хидмат накардаанд (Ҳастӣ 37:35; Забур 54:16). Аз ин сабаб, Каломи Худо таълим медиҳад, ки «ҳам барои одилон ва ҳам барои золимон эҳёи мурдагон дар пеш аст» (Аъмол 24:15).
Таълимоти Китоби Муқаддас дар бораи эҳёи мурдагон ба мо кӯмак мекунад, ки маънои амиқтари калимаҳои «шеол»-у «ҳадес»-ро бифаҳмем. Аз Каломи Худо бармеояд, ки шеол ё ҳадес ҷои он мурдагонеанд, ки эҳё хоҳанд шуд^ сарх. 6 Мурдагоне, ки эҳё нахоҳанд шуд, на дар шеол ё ҳадес, балки дар «ҷаҳаннам»-анд (Матто 5:30; 10:28; 23:33, ТДН). Мисли шеолу ҳадес, ҷаҳаннам низ ҷои воқеӣ нест.