МАВЗӮИ АСОСӢ
Чӣ тавр ҷавононро аз чанголи депрессия халос кунем?
ДУХТАРЕ бо номи Анна * мегӯяд: «Вақте ман депрессия мешавам, ба ягон кор хоҳиш надорам, ҳатто ба он корҳое, ки пештар бо ҷону дил мекардам. Дар чунин вақтҳо ман худро як бори зиёдативу нодаркор ҳис мекунам ва фикр мекунам, ки ягон кас маро дӯст намедорад».
Ҷавондухтари дигаре бо номи Ҷулия ба хотир меорад: «Ман дар фикри худкушӣ будам. Гап дар сари он набуд, ки ман мурдан мехостам. Не, ман фақат мехостам, ки аз ин ҳолат халос шавам. Ман, одатан, одами бепарво нестам. Лекин вақте депрессия мешавам, парвои ягон касу ягон чизро надорам».
Анна ва Ҷулия якум бор дар синни наврасиашон гирифтори депрессия шуданд. Баъзе ҷавонон фақат вақт аз вақт худро зиқу рӯҳафтода ҳис мекунанд. Депрессияи Анна ва Ҷулия бошад, ҳафтаҳо ё моҳҳо давом мекунад. Анна мегӯяд: «Ин монанди он аст, ки шахс ба чоҳи чуқуру торике афтодааст ва аз он баромада намешавад. Ту гӯё дигар худат нестӣ, гӯё девона мешавӣ».
Ҳолате, ки Анна ва Ҷулия аз сар мегузаронанд, як чизи нав нест. Депрессия дар байни ҷавонон рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст. Мувофиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ депрессия «сабаби асосии беморӣ ва нотобии писарону духтарони аз 10 то 19-сола» мебошад.
Нишонаҳои депрессия метавонанд дар синни наврасӣ маълум шаванд. Масалан, дар реҷаи хоб, иштиҳо ва вазни ҷавон дигаргунӣ пайдо мешавад. Ӯ зиқу ноумед мешавад ва худро нодаркор ҳис мекунад. Ҳамчунин шахс метавонад камгап, одамгурез ва хотирпарешон шавад. Ба сари одам фикри худкушӣ меояд ва ё ҳатто ин корро карданӣ мешавад. Дигар нишонаҳои онро аз рӯи илми тиб фаҳмонда намешавад. Вақте мутахассисон мехоҳанд фаҳманд, ки оё одам депрессия дорад ё не, онҳо яку якбора ба якчанд нишонаҳо диққат медиҳанд. Онҳо ба нишонаҳое диққат медиҳанд, ки муддати якчанд ҳафта давом доранд ва реҷаи пештараи шахсро вайрон мекунанд.
ЧӢ САБАБИ ДЕПРЕССИЯИ ҶАВОНОН ШУДА МЕТАВОНАД?
Ба гуфти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ якчанд чиз дар якҷоягӣ сабаби депрессия шуда метавонад, масалан ғаму ташвиш, муносибати дигар одамон ба шахс, беморӣ ва ғайра. Биёед баъзеи онҳоро дида бароем.
Беморӣ ё чизи дигар. Сабаби депрессия баъзан ирсият шуда метавонад, яъне аз падару модар мерос гирифтани чизе. Генҳои шахс метавонанд ба равандҳои химиявии майнаи сар таъсир расонанд. Ҷулия ҳам аз ҳамин сабаб депрессия шуда буд. Баъзе сабабҳои дигар бемориҳои рагу дил, тағйир ёфтани дараҷаи ҳормонҳо ё муддати дароз суиистифода кардан аз доруворӣ мебошад. Баъзе доруворӣ метавонад депрессияро бадтар кунад ва ё ҳатто онро ба вуҷуд орад *.
Ғаму ташвиш. Албатта, каму беш ташвиш кашидан фоида дорад. Лекин, агар шахс муддати дурудароз дар ғаму ташвиш бошад, ин ба бадан ва майнаи сари ӯ зарар расонда метавонад. Навҷавон бе ин ҳам аз сабаби таъсири ҳормонҳо нозук аст. Барои ҳамин ғаму ташвиши зиёдатӣ ӯро ба депрессия гирифтор карда метавонад. Аммо сабабҳои аниқи пайдо шудани депрессия маълум нестанд ва, чи хеле ки дар боло гуфтем, сабабаш яку якбора якчанд чиз буда метавонад.
Ҷудошавии падару модар, марги шахси наздик, зӯроварӣ, таҷовуз, ягон нохушӣ, беморӣ — ҳамаи ин чизҳо сабаби ғаму ташвиш мешаванд, ки онҳо ба депрессия оварда мерасонанд. Ба чунин чизҳо сустхонӣ ҳам дохил мешавад, хусусан, агар талаба барои сустхониаш худро нодаркор ҳис кунад. Боз баъзан сабаби депрессия падару модари навҷавон шуда метавонанд. Онҳо аз фарзандонашон
чизи аз ҳад зиёдро интизоранд, масалан дар масъалаи хониш. Ҳамчунин сабаби депрессия мазоҳу масхара, хавотирӣ аз оянда, гирифтори депрессия будани падар ё модар буда метавонад. Баъзе ҷавононро рафтори падару модарашон ба депрессия гирифтор мекунад, чунки шояд онҳо як дам ин хел рафтор мекунанд, як дам дигар хел ва ҷавон намедонад дафъаи дигар аз онҳо чиро интизор шавад. Пас, чӣ тавр ҷавононро аз чанголи депрессия халос кунем?АҚЛУ ТАНИ ХУДРО СОЛИМ НИГОҲ ДОРЕД
Депрессияи мӯътадил ва сахтро, одатан, бо ёрии дорую дармон, бо маслиҳати мутахассиси ин соҳа табобат мекунанд *. Исо-пайғамбар барҳақ гуфта буд: «На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд» (Марқӯс 2:17). Майнаи сар ҳам узви бадани мост ва ҳангоми бемор шудани узви дигарамон, майнаи сар ҳам зарар мебинад. Барои ҳамин шахсе, ки депрессия мешавад, бояд машқ кунад ва бисёр ҳаракат кунад.
Агар шумо гирифтори депрессия шуда бошед, аз пайи саломатиатон шавед. Кӯшиш кунед, ки хӯроки фоиданок хӯред, дар вақташ хоб равед ва машқ кунед. Вақте одам машқ мекунад, баданаш моддаҳои химиявие ҷудо мекунад, ки ӯро хушҳол мекунанд, қувват мебахшанд. Агар мо машқ кунем, хобамон нағз мебарад. Агар мумкин бошад, кӯшиш кунед фаҳмед, ки чӣ шуморо зиқ мекунад ва нишонаҳои аввали депрессияро пай баред. Баъд нақша тартиб диҳед, ки чӣ кор мекунед. Дилатонро ба касе, ки ба ӯ бовар доред, холӣ кунед. Бо ёрии аъзоёни оила ва дӯстони меҳрубон ба шумо бо депрессия мубориза бурдан осонтар мешавад. Шояд ҳатто баъзе нишонаҳои депрессия гум шаванд. Фикру ҳиссиётатонро дар рӯзномаатон нависед. Маҳз ҳамин Матто 5:3, Хушхабар).
маслиҳат ба Ҷулия, ки дар боло дар борааш гуфтем, ёрдам кард. Ба Худо такя кунед ва Ӯ ба шумо ёрдам мекунад. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки ба зиндагӣ бо чашми умед нигаред. Исо-пайғамбар гуфта буд: «Хушбахтанд касоне, ки мӯҳтоҷи Худо буданашонро медонанд» (Ҳам Анна ва ҳам Ҷулия ҳақ будани суханони Исо-пайғамбарро тасдиқ мекунанд. Анна мегӯяд: «Ман кӯшиш мекунам бо корҳое машғул шавам, ки маро ба Худо наздик мекунанд; кӯшиш мекунам, ки бештар дар бораи дигарон фикр кунам, на дар бораи худам. Ин на ҳама вақт осон аст, лекин аз ин хушҳолтар мешавам». Ҷулия бошад, аз дуо ва хониши Китоби Муқаддас тасаллӣ меёбад. Ӯ мегӯяд: «Вақте ман дар дуо ба Худо диламро холӣ мекунам, оромӣ ҳис мекунам. Хониши Китоби Муқаддас ҳам ба ман хеле ёрдам мекунад. Ман ҳис мекунам, ки дар назари Худо пурқиматам ва Ӯ ғами маро мехӯрад. Хондани Китоби Муқаддас ба ман ёрдам мекунад, ки ба оянда бо чашми умед нигарам».
Яҳува * Худо, ки Офаридгори мост, хуб мефаҳмад, ки чӣ тавр тарбияамон, воқеаҳои ҳаётамон, хулқу хӯе, ки аз падару модар мерос гирифтаем, ба ҷаҳонбинӣ ва фикррониамон таъсир мерасонад. Барои ҳамин Ӯ ба таври беҳтарин моро тасаллӣ ва ёрдам дода метавонад. Баъзан Худо ба воситаи одамони меҳрубону ҳамдард ба мо дасти ёрӣ дароз мекунад. Лекин ба наздикӣ рӯзе фаро мерасад, ки Худо моро аз ҳама бемориву нотобиҳо шифо мебахшад. Дар пешгӯии пайғамбар-Ишаъё Худо ваъда медиҳад, ки дар оянда ҳеҷ кас намегӯяд: «Ман бемор ҳастам» (Ишаъё 33:24).
Китоби Муқаддас ваъда медиҳад: «Худо ҳар ашкро аз чашмони... [мо] пок хоҳад кард, ва мамот (яъне марг) дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд» (Ваҳй 21:4). Чӣ ваъдаи умедбахше! Агар фаҳмидан хоҳед, ки Худо барои одамизод ва замин чӣ ният дорад, ба сайти jw.org дароед. Аз он ҷо шумо Китоби Муқаддас ва дигар маълумоти иловагиро ёфта метавонед. Аз ин сайт шумо дар бораи мавзӯъҳои гуногун бештар фаҳмида метавонед, аз ҷумла дар бораи депрессия.
^ сарх. 3 Баъзе номҳо дар ин мақола дигар карда шудаанд.
^ сарх. 10 Сад хел беморӣ, доруворӣ ва нашъа ба кайфияти инсон таъсир расонда метавонанд. Ин чизҳо халал мерасонанд, ки ба бемор диагнози аниқи тиббӣ гузошта шавад.
^ сарх. 14 Маҷаллаи «Бедор шавед!» ягон хел табобатро пешниҳод ё тарафгирӣ намекунад.
^ сарх. 17 Яҳува номи Худои Таолост, ки он дар Китоби Муқаддас навишта шудааст.