Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ОЁ ИН ХУД АЗ ХУД ПАЙДО ШУД?

Пӯстини саги обӣ

Пӯстини саги обӣ

БИСЁРЕ аз ширхӯроне, ки дар обҳои хунук зиндагӣ мекунанд, дар таги пӯсташон қабати ғафси равған доранд, ки бадани онҳоро гарм нигоҳ медорад. Аммо сагҳои обиеро, ки дар баҳр зиндагӣ мекунанд, пӯстини ғафсашон муҳофизат мекунад.

Фикр кунед. Пашми саги обӣ назар ба ширхӯрони дигар зичтар ҷойгир шудааст. Дар 1 см2-и пӯсти ин ҷонвар 155 000 мӯй мавҷуд аст. Вақте вай шино мекунад, дар қабати пӯстинаш ҳаворо нигоҳ медорад. Ин ҳаво намемонад, ки пӯсти ҷонвар тар шавад ва ҳамин тавр бадани ӯ гарм меистад.

Олимон боварӣ доранд, ки аз пӯстини саги обӣ бисёр чизҳоро омӯхтан мумкин аст. Онҳо бо пӯстинҳои сунъие, ки дарозиву зичии мӯйҳояшон гуногун аст, таҷриба гузаронданд ва ба хулосае омаданд, ки «ҳар қадаре пашм дарозтар ва зичтар бошад, ҳамон қадар он обногузар мешавад». Пас, гуфтан мумкин аст, ки сагҳои обӣ соҳиби чунин пӯстини аҷоиб ҳастанд!

Тадқиқотчиён умед доранд, ки таҳқиқи онҳо барои истеҳсоли матоҳои нави обногузар кӯмак мерасонад. Шояд ин баъзеҳоро ба он бармеангезад, то барои касоне, ки дар оби хунук ғӯта мезананд, либоси пашмдоре созанд, ки мисли пӯстини саги обӣ обногузар бошаду гармиро нигоҳ дорад.

Шумо чӣ фикр доред? Оё пӯстини саги обӣ, ки обногузар асту гармиро нигоҳ медорад, худ аз худ пайдо шуд? Ё онро Худо офаридааст?