Оё шумо медонед?
Баъд аз замонҳои пайғамбар Юнус бо шаҳри Нинве чӣ рӯй дод?
ДАР асрҳои 7-уми то милод Ошур империяи бузургтарини ҷаҳонӣ гардид. Дар сомонаи интернетии осорхонаи Бритониё гуфта мешавад, ки қаламрави империяи Ошур «аз Кипр ба тарафи ғарб то Эрон ба тарафи шарқ ва муддате ҳатто Мисрро дар бар мегирифт» («British Museum Blog»). Пойтахти он Нинве калонтарин шаҳри дунё ба ҳисоб мерафт. Он ҳайкалҳои ҳайратовар, боғҳои хушманзар, қасрҳои боҳашамат ва китобхонаҳои бузург дошт. Дар деворнигорае, ки аз шаҳри Нинве боқӣ мондааст, қайд мешавад, ки шоҳ Ашшӯрбанипал мисли дигар подшоҳони ошурӣ худро «шоҳи ҷаҳон» меномид. Он замон империяи Ошур ва пойтахти он Нинве ба назар забтнашаванда менамуданд.
Бо вуҷуди ин дар вақти гул-гулшукуфии империяи Ошур пайғамбари Яҳува, Сафанё, чунин пешгӯйӣ кард: «[Яҳува] Ошурро нобуд месозад ва Нинверо ба харобазор табдил медиҳаду мисли биёбон хушк мегардонад». Ғайр аз ин, пайғамбар Наҳум пешгӯйӣ карда гуфт: «Нуқраву тиллоро ғорат кунед!.. Шаҳрро холӣ ва харобу валангор кардаанд!» «Ҳар кӣ туро бубинад, аз пешат гурехта, мегӯяд: “Нинверо валангор намудаанд!”» (Саф. 2:13; Наҳум 2:9, 10; 3:7). Ин пешгӯйиҳоро шунида одамон шояд ба ҳайрат омада мегуфтанд: «Наход ҳамин хел шавад? Наход Ошури абарқудрат ягон вақт нест шавад?» Ба ин боварии кас намеомад.
Бо гузашти вақт чизе, ки ба ақли кас намеғунҷид, рӯй дод. Дар охири асрҳои 7-уми то милод модҳо ва бобилиён Ошурро забт карданд. Ниҳоят халқ шаҳри Нинверо тарк кард ва аз он ному нишоне намонд. Дар як адабиёти осорхонаи санъати Метрополитани шаҳри Ню-Йорк гуфта мешавад: «Дар асрҳои миёна шаҳри Нинве холӣ монд ва зери хок гӯронда шуд. Одамон дар бораи ин шаҳр танҳо аз Китоби Муқаддас хонда метавонистанд». Инчунин дар маълумотномаи дигаре қайд мешавад, ки солҳои 1800-ум «ҳеҷ кас ҳатто намедонист, ки пойтахти Ошури бузург ягон вақт вуҷуд дошт ё не». («Biblical Archaeology Society Online Archive») Вале соли 1845 бостоншинос Остен Ҳенри Лаярд дар минтақае, ки пештар шаҳри Нинве қарор дошт, кофтуковро сар кард. Аз бозёфтҳои ӯ маълум гашт, ки Нинве воқеан ҳам шаҳри бузурге буд.
Иҷрошавии пешгӯйиҳо дар бораи Нинве моро боварӣ мебахшанд, ки пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас дар бораи нестшавии ҳокимиятҳои имрӯза ҳатман иҷро мешаванд (Дон. 2:44; Ошкор. 19:15, 19–21).