БУРҶИ ДИДБОНӢ (НАШРИ ОМӮЗИШӢ) Июл 2018

Дар ин шумора мақолаҳои омӯзишӣ аз 3 то 30 сентябри соли 2018 оварда шудаанд.

ОНҲО ХУДРО БО ОМОДАГӢ ПЕШКАШ КАРДАНД

Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд. Мянма

Чаро бисёр Шоҳидони Яҳува зодгоҳашонро тарк карда, барои дар дарави рӯҳонӣ кӯмак кардан ба Мянма омаданд?

Дар назари кӣ қадру қимат доштан мехоҳед?

Аз намунаҳое, ки Яҳува ходимони содиқашро қадрдонӣ кард, мо чӣ дарс мегирем?

Чашмони шумо сӯйи кӣ нигарон аст?

Мо аз хатои ҷиддии Мӯсо дарси муҳим гирифта метавонем.

Дар тарафи Яҳува бошед!

Аз мисоли Қобил, Сулаймон, Мӯсо ва Ҳорун мо мефаҳмем, ки дар тарафи Яҳува будан хирадмандона аст.

Мо аз они Яҳува ҳастем

Яҳува ба мо имконият додааст, ки бо Ӯ муносибати наздик дошта бошем, пас чӣ тавр мо ба Ӯ миннатдории худро нишон дода метавонем?

Ба «ҳама гуна одамон» дилсӯзӣ зоҳир кунед

Мисли Яҳува дилсӯз бошед ва эҳтиёҷоту мушкилиҳои дигаронро дида, кӯмаки аз дастатон меомадаро расонед.

Чӣ тавр омӯзиши шахсиро боз ҳам шавқовар ва фоиданок гардонем

Шумо бисёр ганҷҳои рӯҳониро ёфта метавонед.

Саволҳои хонандагон

Агар зану марде, ки ҳамсар нестанд, шабро якҷоя дар хонаи беодам ё ҷойи хилват гузаронанд, оё ин гуноҳи ҷиддӣ аст?