Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд. Мянма

Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд. Мянма

«ҲОСИЛ дар ҳақиқат бисёр аст, лекин коргарон кам. Барои ҳамин аз Соҳиби ҳосил илтимос кунед, ки барои дарав коргар фиристад» (Луқ. 10:2). Ин суханонро Исо тақрибан ду ҳазор сол пеш гуфта буд ва онҳо ба вазъияти имрӯзаи Мянма хеле мувофиқанд. Чаро ин тавр гуфтан мумкин аст? Чунки аҳолии Мянма 55 миллионро ташкил медиҳад, шумораи воизон бошад, тақрибан 4 200 нафар асту халос.

Аз боиси дар Мянма кам будани воизон, «Соҳиби ҳосил» — Яҳува садҳо «коргарон»-ро аз давлатҳои гуногун барангехт, то онҳо ба ин мамлакат, ки дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҷойгир аст, кӯчида, дар дарави рӯҳонӣ кӯмак расонанд. Чӣ тавр дар дили онҳо хоҳиш пайдо шуд, ки ватанашонро тарк карда, ба Мянма оянд? Чӣ ба онҳо кӯмак кард, ки ба ин ҷо кӯчанд? Ва онҳо аз кадом баракатҳо баҳра бурда истодаанд? Биёед инро фаҳмем.

«БИЁЕД! БА МО ПЕШРАВОН ХЕЛЕ ДАРКОРАНД»

Казуҳиро ном бародари пешрав аз Ҷопон бемории эпилепсия дорад. Якчанд сол пеш дар вақти авҷ гирифтани бемориаш, ӯ беҳуш шуд ва ба беморхона афтид. Духтур гуфт, ки ба ӯ ду сол мошин рондан мумкин нест. Казуҳиро аз ин сахт зиқ шуда, ба фикр афтод: «Чӣ тавр акнун ман хизмати пешравиро, ки хеле дӯст медорам, давом медода бошам?» Ӯ дар дуо аз Яҳува зориву илтиҷо кард, ки барои давом додани хизмати пешравиаш мадад кунад.

Казуҳиро ва Мари

Казуҳиро нақл мекунад: «Як моҳ пас, як дӯстам, ки дар Мянма хизмат мекард, дар бораи душвории ман фаҳмид. Ва ӯ ба ман занг зада гуфт: “Дар Мянма нақлиёти асосӣ автобус аст. Барои ҳамин, агар ту ба ин ҷо биёӣ, бе мошин ҳам хизмататро давом дода метавонӣ”. Ман аз духтур пурсидам, ки оё саломатиам иҷозат медиҳад, ки ба Мянма равам. Аз ҷавобаш ман ба ҳайрат омадам. Духтур гуфт: “Як мутахассиси ин соҳа аз Мянма ҳозир дар Ҷопон мебошад, ман туро бо ӯ шинос мекунам. Агар дар он ҷо касалиат авҷ гирад, вай ба ту ёрдам карда метавонад”. Барои ман ин суханони духтур чун ҷавоб аз ҷониби Яҳува буданд».

Казуҳиро даррав ба филиали Мянма нома навишта, дар он баён кард, ки ӯ ва занаш дар он ҷо чун пешрав хизмат кардан мехоҳанд. Ҳамагӣ баъди панҷ рӯз аз филиал чунин ҷавоб омад: «Биёед! ба мо пешравон хеле даркоранд». Казуҳиро бо занаш Мари ду мошинашонро фурӯхтанд, виза гирифтанд, ва ба ҳавопаймо чипта хариданд. Имрӯз онҳо бо хурсандӣ дар Мандалай, дар гурӯҳи имову ишора хизмат мекунанд. Казуҳиро мегӯяд: «Ин воқеа имони моро ба ваъдаи Яҳува, ки дар Забур 36:5 навишта шудааст, мустаҳкамтар кард. Он ҷо гуфта шудааст: “Роҳи худро ба Худованд бисупор, ва ба Ӯ таваккал намо, ва Ӯ ба ҷо хоҳад овард”».

ЯҲУВА РОҲНАМОӢ МЕКУНАД

Соли 2014 дар Мянма анҷумани махсуси Шоҳидони Яҳува баргузор гардид, ки дар он аз давлатҳои гуногун бародарону хоҳарон иштирок доштанд. Яке аз онҳо Моник ном хоҳари 34-сола аз Иёлоти Муттаҳида мебошад. Ӯ мегӯяд: «Баъди аз анҷуман баргаштан, ман ба Яҳува дуо гуфта роҳнамоӣ пурсидам. Инчунин ман бо волидонам дар бораи мақсадҳои рӯҳониам сӯҳбат кардам. Ҳама розӣ буданд, ки ман ба Мянма баргашта, дар он ҷо хизмат кунам. Вале то ба қарори аниқ омадан, ба ман вақт лозим буд, ва ман бояд бисёр дуо мегуфтам». Дар поён Моник мефаҳмонад, ки чаро қарор қабул кардан барояш душвор буд.

Моник ва Ли

«Исо пайравонашро барангехт, ки пеш аз ягон корро сар кардан “аввал нишаста, харҷи онро ҳисоб” кунанд. Барои ҳамин ман аз худ пурсидам: Оё барои кӯчидан пулам мерасад? Оё дар он мамлакат ба кор вақти зиёд сарф накарда, худамро аз ҷиҳати моддӣ таъмин карда метавонам? Ман зуд фаҳмидам, ки барои ба он давлати дур рафтан, пули кофӣ надорам». Пас, чӣ тавр Моник имконият пайдо кард, ки кӯчад? (Луқ. 14:28).

Ӯ нақл мекунад: «Як рӯз сардори корхона маро ба наздаш ҷеғ зад. Ман хавотир шудам, ки ҳозир маро аз кор холӣ мекунанд. Лекин ба ҷойи ин сардор маро барои кори хубам таъриф кард ва гуфт, ки ба ман мукофотпулӣ таъйин намудааст. Ин айнан ҳамон маблағе буд, ки ба ман намерасид!»

Моник аз моҳи декабри соли 2014 то ҳол дар Мянма хизмат мекунад. Вай дар бораи васеъ кардани хизматаш чӣ мегӯяд? Ӯ нақл мекунад: «Хизмат дар ин ҷо ба ман хеле маъқул аст. Ман бо се кас омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронам. Яке аз онҳо зани 67-сола мебошад, ки ҳамеша маро бо табассум ва оғӯши гарм пешвоз мегирад. Вақте ӯ номи Худоро фаҳмид, гиря кард. Ӯ гуфт: “Дар умрам якум бор шунидам, ки номи Худо Яҳува аст. Ту аз ман ду баробар хурдӣ, лекин чизи муҳимтаринро ба ман фаҳмондӣ”. Суханони ӯ чунон таъсирбахш буданд, ки ман ҳам гиря кардам. Ин гуна воқеаҳо ҳаёти воизонеро, ки дар чунин ҷойҳо хизмат мекунанд, пурмазмун мегардонанд». Чанде пеш Моник имконияти пуршараф дошт, ки дар Мактаб барои воизони Салтанат таҳсил кунад.

Чизи дигаре, ки бародарону хоҳаронро барои ба Мянма рафтан барангехт, ин «Солномаи 2013» мебошад. Он ҷо дар бораи ин мамлакат нақл карда мешуд. Ли ном хоҳар дар 30-солагиаш дар яке аз давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ зиндагӣ мекард. Ӯ рӯзи пурра кор мекард, вале вақте дар Солнома дар бораи Мянма хонд, хоҳиш пайдо кард, ки дар он ҷо хизмат кунад. Ӯ мегӯяд: «Соли 2014, вақте ман ба анҷумани шаҳри Янгон рафтам, бо оилае шинос шудам, ки дар Мянма дар минтақаи хитоизабон хизмат мекунанд. Азбаски ман забони хитоиро медонам, қарор додам, ки ба Мянма кӯчида, гурӯҳи хитоизабонро дастгирӣ мекунам. Ман ҳамроҳи Моник ба Мандалай кӯчидам. Яҳува ба мо ёрдам дод, ки дар як мактаб чун муаллим кори нимрӯза ёбем. Инчунин мо дар наздикии корамон ҷойи зист ёфтем. Нигоҳ накарда ба ҳавои тафсон ва шароити на он қадар хуб, ман аз хизмат ҳаловат мебарам. Одамон дар Мянма одӣ зиндагӣ мекунанд, вале хушмуомилаанд ва барои гӯш кардани хушхабар вақташонро дареғ намедоранд. Дидани он ки чӣ тавр Яҳува кори мавъизаро тезонида истодааст, хеле ҳаяҷоновар мебошад. Ман аниқ боварӣ дорам, ки дар ин ҷо, яъне дар Мандалай будани ман ин иродаи Яҳува аст».

ЯҲУВА ДУОҲОРО МЕШУНАВАД

Баъзе воизоне, ки ба мамлакатҳои дигар барои хизмат кӯчиданд, қуввати дуоро дар худ ҳис карданд. Ҷампе ва занаш Нао, ки синнашон аз 30 боло аст, дар Ҷопон дар ҷамъомади имову ишора хизмат мекарданд. Чаро онҳо ба Мянма кӯчиданд? Ҷампе мегӯяд: «Ман ва занам ҳама вақт мақсад доштем, то ба мамлакате кӯчем, ки дар он ҷо воизон намерасанд. Як бародар аз ҷамъомади имову ишораи Ҷопон ба Мянма кӯчид. Нигоҳ накарда ба пасандози на он қадар зиёдамон, моҳи майи соли 2010 мо низ ба он ҷо кӯчидем. Бародарону хоҳарон дар Мянма моро нағз пешвоз гирифтанд». Ҷампе оиди хизмати худ дар Мянма чӣ мегӯяд? «Одамони шавқманд хеле зиёданд. Вақте мо хона ба хона хизмат карда, ба одамони ношунаво видеонаворҳоро бо забони имову ишора нишон медиҳем, онҳо ба ҳаяҷон меоянд. Мо хеле хурсандем, ки ба ин ҷо омада хизмат карданро қарор додем».

Нао ва Ҷампе

Ҷампе ва Нао чӣ тавр худро аз ҷиҳати моддӣ таъмин мекунанд? Онҳо мегӯянд: «Баъди се сол пасандози доштаамон қариб тамом шуд ва барои ба иҷора гирифтани хона дар соли навбатӣ пул надоштем. Ману занам аз таҳти дил бисёр дуо гуфтем. Ногаҳон аз филиал нома омад, ки мо муваққатан пешравони махсус таъин мешавем. Мо ба Яҳува такя мекардем ва ҳис намудем, ки Ӯ моро тарк намекунад. Ӯ бо роҳҳои гуногун ба мо ғамхориашро нишон медод». Ба қарибӣ Ҷампе ва Нао низ ба Мактаб барои воизони Салтанат таклиф карда шуданд.

ЯҲУВА БИСЁРИҲОРО БАРМЕАНГЕЗАД

Симон ва Анна низ аз «Солномаи 2013» дар бораи Мянма хонданд ва хостанд, ки ба он ҷо кӯчанд. Симон 43-сола буда, аз Итолиё мебошад ва занаш Анна, ки 37-сола аст, аз Зеландияи Нав мебошад. Симон мегӯяд: «Дар Мянма хизмат кардан як шарафи бузург аст. Зиндагӣ дар ин ҷо хеле одӣ аст, барои ҳамин ман вақти зиёдро барои кори Яҳува сарф карда метавонам. Ман ҳис мекунам, ки Яҳува дар ин ҷо ба мо хеле ғамхорӣ мекунад ва ин ҳаяҷоновар аст» (Заб. 120:5). Анна мегӯяд: «Ман аз ҳарвақта дида хушбахттарам. Мо ҳаёти одӣ ба сар мебарем. Дар ин ҷо ман бо шавҳарам бисёртар вақт мегузаронам ва мо бо якдигар наздиктар шудем. Боз мо дӯстони ҷонӣ пайдо кардем. Одамон дар ин ҷо нисбати Шоҳидон бадгумонӣ надоранд ва онҳо ташнаи ҳақиқатанд». Ана баъзе мисолҳо.

Симон ва Анна

Анна нақл мекунад: «Рӯзе ман дар назди мағоза ба як духтараки донишҷӯ мавъиза кардам ва мо гапзанон кардем, ки боз вомехӯрем. Вақте ки мо вохӯрдем, ӯ бо як дугонааш омад. Дафъаи дигар ӯ боз якчанд дугонаашро овард. Баъдтар бошад, онҳо боз зиёдтар шуда омаданд. Ва ҳозир ман бо панҷ нафари онҳо омӯзиш мегузаронам». Симон мегӯяд: «Одамони ин ҷо меҳрубонанд ва дониш гирифтан мехоҳанд. Бисёриҳо ба ҳақиқат шавқ зоҳир мекунанд. Ҳатто вақтамон намерасад, ки ба ҳамаи онҳо кӯмак кунем».

Сачио ва Мизуҳо

Лекин баъзе бародарону хоҳароне, ки ба Мянма кӯчиданд, пеш аз чунин қарорро қабул кардан, чӣ кор карданд? Мизуҳо ном хоҳар аз Ҷопон нақл мекунад: «Ману шавҳарам Сачио ҳамеша мехостем дар мамлакате хизмат кунем, ки дар он ҷо воизон даркоранд. Лекин намедонистем, ки ба куҷо равем? Баъди он ки дар “Солномаи 2013” оиди Мянма хондем, воқеаҳои шавқовари он ба диламон чунон таъсир карданд, ки дар сарамон фикри ба Мянма кӯчидан пайдо шуд». Сачио илова мекунад: «Мо қарор кардем, ки як ҳафта ба Янгон, шаҳри калонтарини Мянма, рафта шарту шароиташро мебинем. Ин сафари кӯтоҳ моро боварӣ бахшид, ки бояд ба он ҷой кӯчем».

ОЁ ШУМО ТАКЛИФРО ҚАБУЛ МЕКУНЕД?

Ҷейн, Даникэ, Родни ва Ҷордан

Ҳамсарон Родни ва Ҷейн аз Австралия, ки тахминан 50-солаанд, ҳамроҳи писарашон Ҷордан ва духтарашон Даникэ хизмати худро васеъ карда, соли 2010 ба Мянма кӯчиданд. Родни мегӯяд: «Мо аз ҷиҳати рӯҳонӣ ташна будани одамонро дида ба ҳайрат меоем. Ман ба дигар оилаҳо низ маслиҳат медиҳам, то ба ҷойҳои ба Мянма монанд рафта хизмат кунанд». Барои чӣ? Худи ӯ мефаҳмонад: «Оилаи ман аз ҷиҳати рӯҳонӣ хеле мустаҳкам шуд. Ҳушу ёди бисёр ҷавонони имрӯза ба телефон, мошин, кор ва дигар чизҳо банд аст. Фарзандони мо бошанд, вақташонро барои омӯхтани калимаҳои нав, ки барои хизмат даркоранд, сарф мекунанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, то бо шахсоне ки бо Китоби Муқаддас шинос нестанд, сӯҳбат кунанд, дар ҷамъомадҳо ба забони маҳаллӣ ҷавоб диҳанд ва бо дигар корҳои рӯҳонӣ машғул бошанд».

Оливер ва Анна

Оливер, бародари 37-сола аз Иёлоти Муттаҳида, мегӯяд, ки барои чӣ ӯ ин намуди хизматро ба дигарон низ тавсия медиҳад. «Хизмат дар ҷое ки муҳиту шароиташ бегона аст, ба ман бисёр фоида овард. Ба ҷойи дигар кӯчидан ёрдам дод, ки ман дар ҳолатҳои гуногун ба Яҳува таваккал карданро ёд гирам. Ман бо бародароне хизмат мекунам, ки пеш умуман онҳоро намешинохтам, вале имонамон моро муттаҳид кард. Инро танҳо Подшоҳии Худо карда метавонад». Имрӯз Оливер ва занаш Анна боғайратона дар ҷамъомади хитоизабон хизмат карданро давом медиҳанд.

Тразел

Тразел ном хоҳари 52-сола, аз Австралия аз соли 2004 то ин дам дар Мянма хизмат мекунад. Ӯ мегӯяд: «Ман маслиҳат медиҳам, ки агар шароит имконият диҳад, дигарон низ ба ҷойҳое, ки воизон намерасанд, рафта хизмат кунанд. Ман аз таҷрибаи худам гуфта метавонам, ки агар шумо иродаи Яҳуваро иҷро кардан хоҳед, Ӯ кӯшишҳои шуморо албатта баракат медиҳад. Ман чунин зиндагиро ҳатто тасаввур намекардам. Ҳоло ҳаётам чунон қаноатбахш ва пурмазмун аст, ки ин дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд».

Ин аст мисоли баъзе бародарону хоҳарон, ки барои васеъ кардани хизматашон ба Мянма кӯчиданд. Баъди хондани суханони самимии онҳо, хуб мебуд, то мо низ фикр кунем, ки оё ба ҷойҳое, ки кам мавъиза шудааст, рафта хизмат карда метавонем ё не. Бале, воизони Мянма гӯё мегӯянд: «Ба ин ҷо омада, ба мо ёрӣ диҳед!».