БУРҶИ ДИДБОНӢ (НАШРИ ОМӮЗИШӢ) Декабр 2016
Ин нашр мақолаҳои омӯзишӣ аз 30 январ то 26 феврали соли 2017-ро дар бар мегирад.
ТАРҶУМАИ ҲОЛ
«Барои ҳама кас ман ҳама чиз шудам»
Таъинотҳое, ки Дэнтон Хопкинсон аз ҷавонӣ дошт ба ӯ кӯмак карданд, ки муҳаббати Яҳуваро нисбати одамони ҳар халқу миллат бинад.
Шумо ба шарофати файзи Худо озод шудед
Дар бораи он ки чӣ тавр Яҳува шуморо аз гуноҳ озод кард, мулоҳиза ронда шумо манфиати бузург мегиред.
«Фикрҳои рӯҳонӣ — ҳаёт ва сулҳу осоиштагӣ» аст
Маслиҳати Румиён боби 8 ба мо барои гирифтани мукофоте, ки Яҳува барои тамоми одамизод пешкаш намудааст, ёрдам мекунад.
Оё шумо дар хотир доред?
Оё шумораҳои охирини «Бурҷи дидбонӣ»-ро бодиққат хонда будед? Пас, худро санҷед, ки ба саволҳои зерин ҷавоб дода метавонед ё не.
Бори дилатонро ба Яҳува партоед
Баъзан ходимони Худо ғам мехӯранд. Барои аз «осоиштагии Худо» баҳра бурдан ба мо чор қадам ёрдам мекунад.
Яҳува толибони Худро баракат медиҳад
Чӣ тавр умед бастан ба баракатҳои Худо ба мо манфиат меорад? Чӣ тавр Яҳува ходимонашро дар гузашта баракат медод ва чӣ тавр имрӯз баракат медиҳад?
Сари хамро шамшер намебурад
Вақте ки ягон кас бе сабаб ба сари мо дод мезанад, худдорӣ кардан осон нест, лекин Китоби Муқаддас моро бармеангезад, ки ҳалим бошем. Барои инкишоф додани ин хислат чӣ ба мо кӯмак карда метавонад?
Индекси мавзӯъҳо «Бурҷи дидбонӣ»-и соли 2016
Рӯйхати мавзӯъҳое, ки дар нашри омма ва омӯзишӣ чоп шудаанд.