Сари хамро шамшер намебурад
Антония ном хоҳаре, ки беморонро нигоҳубин мекард, боре ба назди бемораш рафт. Вақте ки дари он зани беморро тақ-тақ кард, духтари он зан баромад. Вай дер омадӣ гуфта ба Антония гапҳои пасту баланд зад ва ӯро ҷанг кард. Лекин дар асл Антония дер наомада буд. Ба ин нигоҳ накарда хоҳар Антония оромона бахшиш пурсид.
ДАФЪАИ ДИГАР духтари он зан боз доду вой кард. Ин дафъа Антония ба ин чӣ хел муносибат кард? Ӯ мегӯяд: «Ин вазъият хеле душвор буд, чунки вай гапҳои ноҳақ зад». Вале ба ин нигоҳ накарда Антония боз бахшиш пурсид ва гуфт, ки азоби вайро мефаҳмад.
Агар шумо ба ҷои Антония мебудед, чӣ кор мекардед? Оё шумо кӯшиш мекардед, ки ҳалим бошед? Магар худдорӣ карда метавонистед? Бешубҳа дар ин гуна вазъиятҳо ором будан душвор аст. Вақте ки ба сари мо дод мезананд ё фишор меоранд, дар ҳақиқат ҳалим мондан душвор мегардад.
Лекин Китоби Муқаддас масеҳиёнро бармеангезад, ки ҳалим бошанд. Каломи Худо ҳалимиро бо хирадмандӣ алоқаманд мекунад. Яъқуб пурсид: «Оё касе аз шумо ҳаким ва бохирад аст? Бигзор инро дар рафтори неки худ бо фурӯтании хирадмандона дар амал нишон диҳад» (Яъқ. 3:13). Чаро одами ҳалиму фурӯтанро хирадманд номидан мумкин аст? Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки ин хислатро дар худ инкишоф диҳем?
ОДАМИ ҲАЛИМ ХИРАДМАНД АСТ
Ҳалимӣ вазъиятро ором мекунад. «Ҷавоби нарм ғазабро фурӯ менишонад, вале сухани сахт хашмро бармеангезад» (Мас. 15:1).
Қаҳру ғазаб вазъиятро бадтар карда метавонад, гӯё ки ба алов бензин мерезад (Мас. 26:21). Баръакси ин ҳалимона ҷавоб додан одатан натиҷаи хуб меорад. Он ҳатто шахси ғазаболудро мулоим карда метавонад.
Антония инро дар худ ҳис кард. Он зан муносибати ӯро дида дилаш мулоим шуд ва зор-зор гирист. Вай фаҳмонд, ки аз душвориҳои шахсӣ ва оилавиаш монда шудааст. Антония шаҳодати нағз дод ва бо вай омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Ҳамаи ин натиҷаи рафтори оромонаву ҳалимонаи ӯ буд.
Ҳалимӣ ба мо хушбахтӣ меорад. «Хушо ҳалимон, зеро ки онҳо вориси замин хоҳанд шуд» (Мат. 5:5).
Чаро ҳалимӣ одамро хушбахт мекунад? Касоне ки пештар бадҷаҳл буданд дар худ ҳалимиро инкишоф доданд ва ҳоло хушбахтанд. Онҳо медонанд, ки ояндаи олиҷаноб доранд (Қӯл. 3:12). Адолфо, ки ҳоло дар Испания чун нозири ноҳиявӣ хизмат мекунад, ҳаёташро пеш аз фаҳмидани ҳақиқат нақл кард.
Ӯ мегӯяд: «Ҳаётам маъно надошт. Ман тез ба қаҳр меомадам ва ҳатто дӯстонам аз феъли тези ман метарсиданд. Як рӯз ин феълам ба сарам бало овард. Дар яке аз ҷангу хархашаҳо маро шаш бор корд заданд, ки аз хунравӣ қариб мурда будам».
Ҳоло Адолфо бо сухан ва рафтораш ба дигарон ҳалимиро ёд медиҳад. Ба бисёриҳо бо чунин шахси меҳрубону ҳалим дӯст шудан маъқул аст. Адолфо аз ин дигаргуние, ки дар худ дароварда тавонист хеле хурсанд аст. Ва ӯ аз Яҳува миннатдор аст, ки барои инкишоф додани ҳалимӣ ба ӯ кӯмак расонд.
Ҳалимӣ дили Яҳуваро хурсанд мекунад. «Эй писарам! Бохирад бош, ва дили маро шод гардон, то ки ман ба бадгӯи худ тавонам ҷавоб диҳам» (Мас. 27:11).
Яҳува барои ба ғазаб омадан нисбати душмани ашаддиаш Шайтон асос дорад, вале дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Ӯ «собир» аст, яъне тез ба ғазаб намеояд (Хур. 34:6). Агар мо ба Яҳува пайравӣ карда, тез ба ғазаб дода нашавем ва оромиро нигоҳ дорем, мо хирадмандона амал карда дили Худоро шод мекунем (Эфс. 5:1).
Дунёи имрӯза пур аз ҷангу адоват аст. Мо бо одамони «пурғурур, ва ҳавобаланд, ва бадзабон... номуросо, ва тӯҳматчӣ, ва бепарҳез» рӯ ба рӯ шуда метавонем (2 Тим. 3:2, 3). Аммо ин набояд ба масеҳиён дар ҳалим будан монеа шавад. Каломи Худо ба мо ёдрас мекунад, ки «ҳикмате ки аз болост... осоишта, боилтифот» аст (Яъқ. 3:17). Орому меҳрубон буда мо нишон медиҳем, ки хирадманд ҳастем. Вақте ягон кас қаҳри моро меорад, хирад ба мо ёрдам мекунад, ки оромона ҷавоб диҳем. Дар натиҷа мо ба Атокунандаи ин хирад, Яҳува, наздиктар мешавем.