Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Алиса

Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд. Туркия

Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд. Туркия

МАСЕҲИЁНИ асри як барои паҳн кардани «Инҷили Малакут» сахт кӯшиш мекарданд (Мат. 24:14). Барои ин баъзеашон ҳатто ба дигар мамлакатҳо мерафтанд. Масалан, Павлуси ҳавворӣ ба минтақаҳое рафт, ки дар тарафҳои Туркияи ҳозира ҷойгир буданд, ва дар сафарҳои миссионериаш дар он ҷойҳо боғайратона мавъиза кард *. Тахминан баъди 2000 сол, соли 2014, дар Туркия бори дигар маъракаи махсус барои паҳн кардани хушхабар гузашт. Чаро дар ин давлат чунин маърака гузаронида шуд? Киҳо дар он иштирок карданд?

«ЧӢ ГАП ШУД?»

Дар Туркия зиёда аз 2800 нафар воизон ҳастанд, лекин аҳолии он қариб 80 миллион мебошад. Ин маънои онро дорад, ки дар Туркия як Шоҳиди Яҳува ба 28 000 кас рост меояд. Аз ин рӯ воизони он ҷо имконияти ба ҳама одамон расонидани хушхабарро надоранд. Барои ҳамин мақсади асосии ин маъракаи махсус он буд, ки дар муддати кӯтоҳ ба шумораи ҳар чи бештари одамон хушхабар расонида шавад. Қариб 550 нафар бародарону хоҳарони туркзабон аз дигар давлатҳо ба Туркия омаданд ва якҷоя бо воизони маҳаллӣ дар ин маърака иштирок намуданд. Ин чӣ натиҷа овард?

Шаҳодати бузург дода шуд. Воизони яке аз ҷамъомадҳои шаҳри Истамбул чунин навиштанд: «Одамон моро дида мегуфтанд: “Мо дар ҳама ҷо Шоҳидони Яҳуваро мебинем, оё дар ин ҷо ягон анҷумани махсус мегузарад?”» Аз ҷамъомади шаҳри Измир чунин навиштанд: «Марде, ки дар истгоҳи такси кор мекард, ба назди пири ҷамъомад омада пурсид: “Мебинам, ки аз пештара фаъолтар шудед. Чӣ гап шуд?”» Бале, ин маърака аз назар пӯшида намонд.

Стеффен

Воизоне, ки аз дигар ҷойҳо омада буданд, аз кори мавъиза хурсандӣ гирифтанд. Стеффен, ки аз Дания буд, гуфт: «Ман ҳар рӯз ба одамоне мавъиза мекардам, ки ягон бор дар бораи Яҳува нашунида буданд. Ман, дар ҳақиқат, номи Яҳуваро ба одамон шиносонидам». Жан-Давид ном бародаре аз Фаронса гуфт: «Мо дар як кӯча чор соат мавъиза кардем. Ин хеле аҷоиб буд! Бисёр одамон бо Шоҳидони Яҳува шинос набуданд. Қариб дар назди ҳар як дар мо бо соҳибхона нағз сӯҳбат кардем, видеонавор нишон додем ва адабиёт мондем».

Жан-Давид (дар байн)

Бародарону хоҳароне, ки аз дигар давлатҳо омада буданд, танҳо дар муддати ду ҳафта қариб 60 000 нусха адабиётро паҳн карданд. Дар ҳақиқат, ба воситаи ин маърака дар Туркия шаҳодати бузург дода шуд.

Воизон дар хизмат боғайраттар шуданд. Ин маъракаи махсус ба воизони маҳаллӣ бетаъсир намонд. Бисёриҳо пешрав шудан хостанд. Баъди ин маърака дар муддати як сол дар Туркия 82 кас пешрави доимӣ шуд.

Ширин

Онҳое ки дар ин маърака аз дигар давлатҳо омада иштирок карданд, гуфтанд, ки ин маъракаи махсус, ҳатто баъди ба хона баргаштанашон, ба хизмати онҳо сахт таъсир расонд. Ширин, хоҳаре аз Олмон, навишт: «Бародарону хоҳарон дар Туркия бемалол ғайрирасмӣ шаҳодат медиҳанд. Барои ман ин кор хеле душвор буд. Вале ба шарофати маъракаи махсус, намунаи воизони Туркия ва бисёр дуо гуфтанам ман аз ӯҳдаи он коре, ки пештар карда наметавонистам, баромадам. Ҳоло ман мисли пештара тарсу ҳаяҷон надорам ва ҳатто дар метро мавъиза карда рисолаҳо додам».

Ёҳаннес

Бародар Ёҳаннес, ки аз Олмон мебошад, гуфт: «Ман аз хизмат дар Туркия барои худам якчанд дарс гирифтам. Бародарону хоҳарони он ҷо сахт кӯшиш мекунанд, ки хушхабарро ба шумораи бештари одамон расонанд. Онҳо ҳар як имкониятро истифода бурда мавъиза мекунанд. Ман қарор кардам, ки, вақте ба Олмон бармегардам, айнан ҳамин хел мекунам. Ҳоло ман аз пештара дида бисёртар мавъиза карда истодаам».

Зейнеб

Зейнеб, ки аз Фаронса мебошад, гуфт: «Ин маърака ба хизмати ман сахт таъсир кард. Он ба ман ёрдам дод, ки далертар бошам ва бисёртар ба Яҳува такя кунам».

Воизон ба ҳам наздиктар шуданд. Муҳаббат ва ягонагии бародарону хоҳарони давлатҳои гуногун низ хотирмон буд. Жан-Давид, ки дар борааш аллакай гуфта будем, қайд кард: «Мо аз меҳмоннавозии бародарону хоҳарон баҳра бурдем». Ва илова кард: «Онҳо моро чун дӯст ва аъзои оилаи худ қабул карданд. Ман медонистам, ки мо бародарияти умумиҷаҳонӣ ҳастем ва дар ин бора аз адабиётамон бисёр хонда будам. Лекин дар он маърака ман ҳис кардам, ки мо бародарияти умумиҷаҳонием ва фахр кардам, ки Шоҳиди Яҳува ҳастам. Ман барои ин имтиёзи бузург аз Яҳува миннатдорам».

Клэр (дар байн)

Клэр, ки аз Фаронса мебошад, гуфт: «Мо аз давлатҳои гуногун, аз Дания, Фаронса, Олмон ва Туркия, бошем ҳам, чун як оила будем. Ин ба он монанд буд, ки Яҳува гӯё бо як хаткӯркунаки калон сарҳадҳоро тоза карда бошад».

Стефани (дар байн)

Стефани, хоҳаре аз Фаронса, илова кард: «Ин маъракаи махсус нишон дод, ки моро на маданият ё забон, балки муҳаббат ба Яҳува муттаҳид месозад».

ҶАМЪОМАДҲО БАҲРА МЕБАРАНД

Бисёр воизони давлатҳои дигар хостанд, ки ба Туркия кӯчанд ва дар паҳн кардани хушхабар дар ин минтақа ёрдам кунанд. Якчанд воизон аллакай ба он ҷо кӯчиданд. Бародарону хоҳарони маҳаллӣ ин воизонро хеле қадр мекунанд.

Масалан, дар як ҷойи дурдаст гурӯҳи хурде буд, ки 25 воиз дошт. Солҳои зиёд дар он ҷо фақат як пири ҷамъомад буд. Соли 2015 бошад, шаш воиз аз Олмон ва Нидерландия барои хизмат ба он ҷойи дурдаст кӯчиданд. Воизони маҳаллӣ аз ин хеле хурсанд шуданд.

ХИЗМАТ ДАР ҶОЕ, КИ ВОИЗОН ДАРКОРАНД

Албатта, хизмат дар дигар давлат душвориҳои худро дорад, вале он баракатҳои зиёд меорад. Воизоне, ки аз дигар давлат омада, дар Туркия муддати кӯтоҳе хизмат карданд, дар бораи зиндагиашон дар он ҷо чӣ мегӯянд? Биёед гуфтаҳои баъзеашонро дида бароем.

Федерико

Бародари оиладоре аз Испаниё бо номи Федерико, ки ҳоло синнаш аз 40 гузаштааст, мегӯяд: «Чизу чораи зиёд надоштан ба ман кӯмак кард, ки худро озодтар ҳис кунам ва ҳушу ёдамро ба чизҳои муҳимтар равона созам». Ӯ ба дигарон маслиҳат медиҳад, ки дар ин намуди хизмат иштирок кунанд. Федерико мегӯяд: «Вақте ту ба дигар давлат барои одамонро бо Яҳува шинос кардан меравӣ, ту худро ба дасти Худо месупорӣ ва ғамхории Яҳуваро аз пештара дида бисёртар ҳис мекунӣ».

Руди

Бародари оиладоре аз Нидерландия бо номи Руди, ки қариб 60-сола аст, мегӯяд: «Хизмат дар ҷое, ки воизон даркоранд, ва расонидани хушхабар ба касоне, ки пеш аз ин ягон бор онро нашунида буданд, ба мо қаноатмандӣ меорад. Вақте мебинӣ, ки одамон ҳақиқатро бо хурсандӣ қабул мекунанд, дилат аз шодӣ лабрез мегардад».

Саша

Бародари оиладоре аз Олмон бо номи Саша, ки ҳоло синнаш аз 40 гузаштааст, мегӯяд: «Ман дар хизмат ҳама вақт одамонеро вомехӯрам, ки ҳақиқатро бори аввал мешунаванд. Чунин одамонро бо Яҳува шинос кардан ба ман қаноатмандӣ меорад».

Атсуко

Хоҳари оиладоре аз Ҷопон бо номи Атсуко, ки ҳоло синнаш аз 30 гузаштааст, қайд мекунад: «Пеш ман ҳамеша мехостам, ки Ҳармиҷидӯн тезтар биёяд. Вале баъди ба Туркия кӯчидан ман аз Яҳува миннатдорам, ки то ҳол пурсабрӣ зоҳир мекунад. Вақте ман мебинам, ки чӣ гуна Яҳува кори мавъизаро идора мекунад, дар ман хоҳиши ба Ӯ наздиктар шудан зиёдтар мегардад».

Алиса ном хоҳаре аз Русия, ки ҳоло синнаш аз 30 гузаштааст, мегӯяд: «Дар дигар давлат хизмат кардан ба ман кӯмак кард, то некӯ будани Худоро чашам» (Заб. 33:9). Ӯ илова мекунад: «Яҳува бароям на фақат Падар, балки Дӯсти наздикест, ки ман Ӯро дар вазъиятҳои нав нағзтар шинохтам. Ҳоло ҳаёти ман аз лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда ва баракатҳо пур аст».

«КИШТЗОРРО БУБИНЕД»

Ба воситаи ин маъракаи махсус дар Туркия бисёр одамон ҳақиқатро шуниданд. Лекин то ҳол минтақаҳое ҳастанд, ки касе дар он ҷо мавъиза накардааст. Ҳар рӯз воизоне, ки аз дигар давлат барои мавъиза ба Туркия кӯчиданд, дар хизмат одамонеро вомехӯранд, ки дар бораи Яҳува чизеро нашунидаанд. Оё шумо дар ин хел минтақа хизмат кардан мехоҳед? Мо шуморо бармеангезем, ки «чашмони худро боло карда, киштзорро бубинед, ки барои дарав сафед шудааст» (Юҳ. 4:35). Оё шумо имконият доред, то дар ҷойҳое, ки киштзораш «барои дарав сафед шудааст», ёрӣ диҳед? Агар ҳа, пас, барои ба ин мақсад расидан аз худи ҳозир кӯшиш кунед. Бешубҳа, агар шумо барои «то ақсои дунё» паҳн кардани хушхабар саҳми худро гузоред, соҳиби баракатҳои зиёд мегардед (Аъм. 1:8).

^ сарх. 2 Ба брошураи «Ба “Замини некӯ” нигаред» (рус.), ба саҳ. 32, 33, нигаред.