Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо медонед?

Оё шумо медонед?

Магар рост аст, ки дар замонҳои қадим ягон кас дар замини дигар шахс мастак кошта метавонист?

Ин 1468-ум нусхаи «Дигест»-и императори Юстиниан яке аз навиштаҳои бисёре мебошад, ки дар он оиди масъалаҳои ҳуқуқии замонҳои қадим маълумот дода шудааст.

ДАР Матто 13:24–26 гуфта шудааст: «Малакути Осмон монанди касест, ки дар киштзори худ тухми некӯ коштааст; лекин вақте ки мардум дар хоб буданд, душмани вай омада, дар миёни гандум мастак пошид ва рафт; чун киштзор сабзид ва самараш ба назар намоён шуд, мастак ҳам пайдо шуд». Нависандагони гуногун гумон мекунанд, ки ин мисолро воқеӣ набояд ҳисобид, лекин ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии румӣ исбот мекунанд, ки чунин рӯйдодҳо воқеӣ буданд.

Дар луғате гуфта шудааст: «Бо мақсади қасдгирӣ коштани мастак дар замини дигар кас... аз тарафи қонуни Рум ҷиноят ҳисобида мешуд. Вуҷуд доштани чунин қонун исбот мекунад, ки чунин амалҳои ҷинояткорона кам набуданд». Олими илми ҳуқуқшиносӣ Элестейр Кэрр мефаҳмонад, ки соли 533-и э. мо императори Рум Юстиниан «Дигест»-и худро чоп кард. Дар он қонунҳои Рум ва гуфтаҳои ҳуқуқшиносони қадим (қариб 100–250 э. мо) мухтасар оварда шуда буданд. Мувофиқи ин («Дигест», 9.2.27.14), ҳуқуқшинос Улпиан ба воқеае, ки аз тарафи ҳукуматдори румии асри 2, Селс дида баромада шуд, ишора кард. Маълум буд, ки дар замини дигар кас мастак корида буданд ва дар натиҷа ҳосил нобуд шуд. Дар «Дигест» воситаҳое дида баромада мешуданд, ки ҳуқуқи соҳиби мулк ва иҷорагирандаро ҳимоя карда дар вақти зарар дидан аз ҷинояткор ҷарима ситонида мешуд.

Дар замонҳои қадим рӯй додани чунин ҳолатҳо дар империяи Рум нишон медиҳад, ки масали Исо аз ҳаёти ҳаррӯза гирифта шуда буд.

Дар асри як Рум то чӣ андоза ба ҳукумати Яҳудо озодӣ медод?

ДАР он вақт Рум ба воситаи ҳоким ва аскарони худ Яҳудоро дар зери назорати худ нигоҳ медошт. Вазифаи асосии онҳо ҷамъ кардани андоз барои Рум ва нигоҳ доштани сулҳу осоиштагӣ буд. Румиён кӯшиш мекарданд, ки пеши роҳи корҳои ғайриқонуниро гирифта шӯришгаронро ҷазо диҳанд. Дар мавридҳои дигар, Рум одатан роҳ медод, ки корҳои ҳаррӯзаи маҳаллӣ аз тарафи сардорони маҳал роҳбарӣ карда шаванд.

Шӯрои пирон дар вақти доварӣ

Шӯрои пирон чун суди олӣ ва назоратчӣ масъалаҳои бо Қонуни Яҳудиён алоқамандбударо дида мебаромаданд. Дар тамоми Яҳудо боз судҳои зинаи поён вуҷуд доштанд. Аз афташ бисёр парвандаи шаҳрвандӣ ва ҷиноятӣ аз тарафи чунин судҳо бе дахолати ҳокимони Рум ҳал мешуд. Қарори қатл кардани ҷинояткорон ин ягона ҳуқуқе буд, ки румиён бар ӯҳдаи худ гузошта буданд ва шӯрои пирон ба ин ҳақ надоштанд. Лекин чи хеле ки ба ҳама маълум аст, онҳо дар мавриди Истефанус ин ҳуқуқро ба назар нагирифта, ӯро азоб дода, сангсор карда куштанд (Аъм. 6:8–15; 7:54–60).

Лекин чуноне ки олим Эмил Шюрер қайд намуд: «Ин ҳокимияташон ҷиддӣ маҳдуд шуда буд, барои ҳамин ҳукуматдорони Рум дар вақти дилхоҳ масъаларо бевосита ва мустақилона дида баромада метавонистанд ва дар асл чунин карда буданд, вақте касе дар ҳуқуқвайронкунии сиёсӣ гумонбар дониста мешуд». Масалан, дар зери назорати сарлашкар Клавдиюс Лисиес, ҳаввории Павлусро, ки шаҳрванди Рум буд, ҳабс карданд (Аъм. 23:26–30).