ЧӢ ТАВР ЗАНҶИРИ НАФРАТРО КАНДАН МУМКИН?
2 | Қасд нагиред
Каломи Худо чӣ мегӯяд?
«Ба ҳеҷ кас дар ивази бадӣ бадӣ накунед... Ба қадри имкон, то ҷое ки аз дастатон меояд, бо ҳамаи одамон муросо кунед... қасд нагиред... чунки навишта шудааст: “Қасос аз ман аст, ман сазо медиҳам”,— мегӯяд Яҳува» (РУМИЁН 12:17–19).
Ин чӣ маъно дорад?
Албатта, вақте касе моро меранҷонад, ба ғазаб омадан як чизи табиӣ аст. Бо вуҷуди ин Яҳува мехоҳад, ки мо ба он шахс зарар нарасонем. Беҳтараш ҳамаашро ба дасти Яҳува супорем ва шубҳа накунем, ки як рӯз не, як рӯз ӯ адолатро барқарор мекунад (Забур 37:7, 10).
Шумо чӣ кор карда метавонед?
Вақте одами нокомил қасд мегирад, ба оташи нафрату кароҳаташ равған мерезад. Аз ин рӯ, агар ягон кас шуморо хафа карда бошад, дар ҷавоб ӯро хафа накунед. Баръакс, оромӣ ва худдориро нигоҳ доред. Дар баъзе мавридҳо оиди кори шудагӣ фаромӯш кардан беҳтар аст (Панднома 19:11). Аммо воқеаҳое мешаванд, ки дар бораашон ҳатман гуфтан лозим. Масалан, агар шуморо ғорат кунанд, шояд дар ин бора ба полис ё дигар кормандони дахлдор хабар диҳед.
Қасдгирӣ ба худи шахс зарар меорад
Вале агар ба назаратон мушкилиро оромона ҳал кардан номумкин тобад-чӣ? Ё фарз кардем барои оромона ҳал кардани мушкилие шумо ҳар кори аз дастатон меомадаро кардед. Чи хеле набошад, қасд нагиред, охир ин вазъиятро аз будаш бадтар мекунад. Ба ҷойи ин занҷири нафратро канед. Боварӣ дошта бошед, ки Яҳува мушкилиро ҳал мекунад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «ба ӯ такя кун ва ӯ амал хоҳад кард» (Забур 37:3–5).