Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Мо аз пайғамбарон дар бораи Худо чӣ мефаҳмем?

Мо аз пайғамбарон дар бораи Худо чӣ мефаҳмем?

Дар замони қадим Худо ба пайғамбаронаш паёмҳои муҳимеро мерасонд, ки ба инсоният дахл дошт. Мо аз онҳо дар бораи Худо чӣ мефаҳмем? Биёед, дар ин бобат мисоли се пайғамбари содиқро дида бароем.

ИБРОҲИМ-ПАЙҒАМБАР

Аз паёме, ки Худо ба ӯ расонд, мо мефаҳмем, ки Худо одамонро ҷудо намекунад ва мехоҳад, ки ҳамаро баракат диҳад.

Худо ба Иброҳим-пайғамбар ваъда дод, ки «ҳамаи қабилаҳои рӯи замин» ба воситаи ӯ баракат хоҳанд ёфт (Ҳастӣ 12:3).

Мо аз ин чӣ мефаҳмем? Худо моро бениҳоят дӯст медорад ва ҳама одамони ба Ӯ итоаткор — мардон, занон ва кӯдаконро баракат додан мехоҳад.

МӮСО-ПАЙҒАМБАР

Аз муносибати Худо бо ин марди содиқ, мо мефаҳмем, ки Худо меҳрубон аст ва касонеро, ки дар бораи Ӯ фаҳмидан мехоҳанд ва ба ин кӯшиш мекунанд, баракат медиҳад.

Худои Қодир ба ҳазрати Мӯсо қобилият дода буд, ки мӯъҷизаҳои бузург ба амал оварад. Вале Мӯсо боз ба Худо чунин дуо гуфт: «Роҳҳои Худро ба ман маълум намо, то ки Туро бишносам ва манзури назари ту гардам» (Хуруҷ 33:13). Худо аз ин хоҳиши Мӯсо хурсанд шуд ва ба вай кӯмак кард, ки роҳҳо ва хислатҳои Ӯро боз ҳам хубтар фаҳмад. Масалан, Мӯсо фаҳмид, ки Офаридгор «Худои раҳим ва карим» аст (Хуруҷ 34:6, 7).

Мо аз ин чӣ мефаҳмем? Худо мехоҳад, ки ҳамаи онҳоеро, ки барои хубтар шинохтани Ӯ саъю кӯшиш мекунанд, баракат диҳад. Ӯ ҳамаи моро — мардон, занон ва кӯдаконро дӯст медорад. Парвардигор дар Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки чӣ тавр Ӯро ибодат кунем ва Ӯ хоҳиши беандоза дорад, ки моро баракат диҳад.

ИСО-ПАЙҒАМБАР

Исо бо ҳамдардӣ ҳар гуна бемориҳоро шифо медод

Агар мо дар бораи ҳаёти Исо-пайғамбар ва таълимоти ӯ дониш гирем, оянда аз баракатҳои ҷовидона баҳраманд буда метавонем.

Дар Каломи Худо оиди ҳаёт ва таълимоти ҳазрати Исо бисёр нақл карда шудааст. Исо-пайғамбар бо қудрати илоҳӣ мӯъҷизаҳои зиёд ба амал меовард, масалан, одамони нобино, гунг ва лангро шифо медод. Ӯ ҳатто мурдагонро зинда мекард. Ин мӯъҷизаҳои Исо нишон медоданд, ки Худо дар оянда барои тамоми одамизод чӣ кор карданӣ аст. Ӯ ба ҳама саломатии комил мебахшад ва мурдагонро дар биҳишти рӯйи замин эҳё мекунад. Ҳазрати Исо фаҳмонд, ки барои он баракатҳоро соҳиб шудан ҳар яки мо бояд чӣ кор кунем: «Ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ, ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносанд» (Юҳанно 17:3).

Ҳазрати Исо мушфиқу ғамхор ва дилсӯз буд. Мардону занон ва пиру ҷавон аз ақиби ӯ мерафтанд, чунки ӯ бо меҳр одамонро даъват карда мегуфт: «Аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт» (Матто 11:29). Дар он замон баъзе одамон занҳоро паст меҳисобиданд. Лекин Исо бошад, бо занон хушмуомила буд ва онҳоро эҳтиром мекард.

Мо аз ин чӣ мефаҳмем? Исо одамонро бениҳоят дӯст медошт ва ба мо намунаи ибрат гузошт, ки якдигарро дӯст дорем ва меҳрубон бошем.

ИСО ХУДО НЕСТ

Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки «мо як Худо дорем», ки ин Офаридгори олам аст ва Исои Масеҳ бошад, пайғамбари фурӯтани Ӯ буд (1 Қӯринтиён 8:6). Исо равшан қайд кард, ки Худои Таоло аз ӯ боло ва бузург аст ва ӯ фиристодаи Худо мебошад (Юҳанно 11:41, 42; 14:28) *.

^ сарх. 17 Барои оиди Исои Масеҳ зиёдтар фаҳмидан ба қисмҳои 8 ва 9-уми брошураи «Имони ҳақиқӣ калиди ҳаёти хушбахтона аст» нигаред. Онро аз сайти www.ps8318.com ёфтан мумкин аст.