Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Каломи Худоро далерона мавъиза кунед

Каломи Худоро далерона мавъиза кунед

Каломи Худоро далерона мавъиза кунед

«Ҳама аз Рӯҳулқудс пур шуданд ва каломи Худоро далерона мегуфтанд» (АЪМ. 4:31).

1, 2. Чаро мо бояд кӯшиш намоем, ки самаранок хидмат кунем?

СЕ РӮЗ пеш аз маргаш Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ин Инҷили Малакут дар тамоми олам мавъиза хоҳад шуд, то ки барои ҳамаи халқҳо шаҳодате шавад; ва он гоҳ интиҳо фаро хоҳад расид». Пеш аз ба осмон сууд карданаш Исои эҳёшуда ба пайравонаш супориш дод, ки аз ҳамаи халқҳо шогирд созанд ва ба онҳо риоя кардани ҳар он чиро ки ӯ фармуда буд, таълим диҳанд. Исо ба шогирдонаш ваъда дод, ки «ҳаррӯза то охирзамон» бо онҳо хоҳад буд (Мат. 24:14; 26:1, 2; 28:19, 20).

2 Чун Шоҳидони Яҳува мо фаъолона дар коре иштирок мекунем, ки он дар асри як оғоз шуда буд. Кори мавъизаи Салтанат ва шогирдсозӣ ҳаёти одамонро наҷот медиҳад ва аз ин рӯ, он кори муҳимтарин аст. Пас, то чӣ андоза мо бояд дар хизмат самаранок бошем! Дар ин мақола мо муҳокима менамоем, ки чӣ тавр ҳидояти рӯҳулқудс ба мо барои далерона мавъиза кардан кӯмак мекунад. Дар ду мақолаи навбатӣ бошад, мо мебинем, ки чӣ тавр ба туфайли ҳидояти рӯҳулқудси Яҳува мо метавонем бомаҳорат таълим диҳем ва мавъиза карданро давом диҳем.

Ба мо далер будан лозим аст

3. Чаро барои иштирок дар кори мавъизаи Салтанат ба мо далерӣ лозим аст?

3 Мавъиза кардани хушхабари Салтанат, ки супориши Худост, имтиёзи бузург мебошад. Лекин он душвориҳои худро дорад. Ҳарчанд баъзеҳо бо омодагӣ хушхабари Салтанатро қабул мекунанд, бисёриҳо мисли ҳамзамонони Нӯҳ амал менамоянд. Онҳо, мувофиқи суханони Исо, «чизе намефаҳмиданд, то даме ки тӯфон омада, ҳамаро несту нобуд кард» (Мат. 24:38, 39). Имрӯз низ касоне ҳастанд, ки моро тамасхур мекунанд ва ба кори мавъизаи мо мухолифат менамоянд (2 Пет. 3:3). Шояд мо бо мухолифати ҳокимиятдорон, ҳамкорон ё ҳамсинфон ва ё ҳатто аъзоёни оила дучор шавем. Бар замми ин, мо бояд бо заифиҳои шахсӣ, ба мисли шармгинӣ ва тарс аз муомилаи бади одамон мубориза барем. Омилҳои зиёде ба мо барои «боҷуръат» ва «далерона» мавъиза кардани Каломи Худо халал расонида метавонанд (Эфс. 6:19, 20). Аз ин рӯ, барои суботкорона мавъиза кардани Каломи Худо ба мо далерӣ лозим аст. Чӣ кор кунем, ки далер шавем?

4. а) Далерӣ чиро дар бар мегирад? б) Чӣ тавр Павлус далер гашт, то дар Таслӯникия мавъиза кунад?

4 Калимаи юноние, ки «далерӣ» тарҷума шудааст, маънои «самимият, кушодадилӣ ва рӯирост будан»-ро дорад. Он калима ҷасорат, эътимод ва нотарсиро ифода мекунад. Далерӣ маънои дурушту дағал буданро надорад (Қӯл. 4:6). Ғайр аз далер будан, мо ҳамчунин бояд бо ҳамаи одамон муросо кунем (Рум. 12:18). Беш аз ин, ҳангоми мавъизаи хушхабари Салтанати Худо мо бояд дар муносибат бо одамон ҳалим бошем, то касеро нохост наранҷонем. Дар ҳақиқат, ба замми далерӣ ба мо хусусиятҳои дигар низ лозиманд, ки инкишоф додани онҳо саъю кӯшиши зиёдро металабад. Чунин далерӣ худ аз худ пайдо намешавад ё мо онро танҳо бо қуввату қобилиятҳои худ ба даст оварда наметавонем. Баъд аз он ки Павлуси расул ва ҳамроҳони ӯ дар Филиппӣ бо муносибати таҳқирона дучор шуданд, чӣ ба онҳо далерӣ бахшид, то дар Таслӯникия мавъиза кунанд? «Дар Худои худ қавӣ гардидем»,— навиштааст Павлус. (1 Таслӯникиён 2:2–ро бихонед.) Мисли ин, Яҳува метавонад тарсҳои моро низ аз мо дур кунад ва ба мо чунин далерӣ бахшад.

5. Чӣ тавр Яҳува ба Петрус, Юҳанно ва шогирдони дигар далерӣ бахшид?

5 Вақте ки «сардорон ва пирон ва китобдонон» Петрус ва Юҳанноро пурсуҷӯ карданд, расулон ҷавоб доданд: «Худатон ҳукм кунед, оё дар назари Худо дуруст аст, ки итоати шуморо аз итоати Худо авло донем? Мо наметавонем аз гуфтани он чи дидаем ва шунидаем, даст кашем». Расулон ва ҳамимонони дигар ба ҷои он ки оиди тамом шудани таъқибот дуо гӯянд, онҳо аз Яҳува илтиҷо карданд: «Эй Худованд, ба таҳдидҳои онҳо назар андоз ва ба бандагони Худ ато фармо, то ки бо камоли ҷасорат каломи Туро баён кунанд» (Аъм. 4:5, 19, 20, 29). Яҳува ба дуои онҳо чӣ гуна ҷавоб дод? (Аъмол 4:31–ро бихонед.) Ӯ тавассути рӯҳулқудсаш ба онҳо далерӣ бахшид. Рӯҳулқудс ба мо низ ҳамин тавр кӯмак карда метавонад. Пас, чӣ кор кунем, ки Худо ба мо низ рӯҳулқудс диҳад ва тавассути он моро дар хидмат роҳнамоӣ кунад?

Барои далер шудан чӣ кӯмак мекунад

6, 7. Як роҳи амалии гирифтани рӯҳулқудси Худо кадом аст? Мисолҳо оред.

6 Чӣ кор кунем, ки Худо ба мо рӯҳулқудс диҳад? Яке аз роҳҳои асосӣ — бевосита пурсидани он аст. Исо ба шунавандагонаш гуфт: «Агар шумо, ки шарир ҳастед, ба фарзандони худ додани инъомҳои некро медониста бошед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, чанд маротиба зиёдтар ба онҳое ки аз ӯ металабанд, Рӯҳулқудсро хоҳад дод» (Луқ. 11:13). Аз ин рӯ, мо бояд дар дуо пайваста рӯҳулқудс пурсем. Агар мо аз баъзе намудҳои хидмат, масалан аз мавъиза дар кӯча, шаҳодати ғайрирасмӣ ё мавъиза дар маҳаллҳои корӣ тарсем, мо метавонем аз Яҳува рӯҳулқудс пурсем ва хоҳиш кунем, ки моро ба таври кофӣ далер гардонад (1 Тас. 5:17).

7 Хоҳари масеҳие бо номи Роза маҳз ҳамин тавр кард *. Рӯзе дар ҷои кор ӯ шунид, ки муаллимаи ҳамкораш дар бораи он ки чӣ тавр дар мактаби дигар бо кӯдакон бад муносибат мекунанд, маълумоте мехонад. Он муаллима аз хондани ин оҳи сарде кашида, хитоб кард: «Намедонам, ин дунё ба куҷо рафта истодааст?!». Роза ин имконияти шаҳодатдиҳиро аз даст додан намехост. Вай чӣ кор кард, то далер гашта, сӯҳбатро оғоз кунад? «Ман ба Яҳува дуо гуфтам ва хоҳиш кардам, ки бо рӯҳулқудсаш ба ман кӯмак кунад»,— мегӯяд Роза. Ӯ шаҳодати хуб дода тавонист ва барои сӯҳбати минбаъда замина гузошт. Инчунин, намунаи Милани, духтарчаи панҷсолаеро, ки дар шаҳри Ню–Йорк зиндагӣ мекунад, дида мебароем. Милани мегӯяд: «Пеш аз ба мактаб рафтанам ману модарам ҳамеша ба Яҳува дуо мегӯем». Онҳо дар бораи чӣ дуо мегӯянд? — Дар бораи он ки Милани дар мактаб оиди эътиқоди худ ва Худои худ далерона нақл карда тавонад. «Ин ба Милани кӯмак кард, ки ба дигарон муносибати худро оиди ҷашни зодрӯз ва идҳо баён намояд ва дар он ҷашнҳо иштирок накунад»,— мегӯяд модари ӯ. Оё ин намунаҳо нишон намедиҳанд, ки дуо барои далер шудан кӯмак карда метавонад?

8. Ба Ирмиё барои далер шудан чӣ кӯмак мекард ва мо аз ин чӣ омӯхта метавонем?

8 Ҳамчунин биёед фаҳмем, ки ба пайғамбар Ирмиё барои далер шудан чӣ кӯмак карда буд. Вақте ки Яҳува ӯро барои халқҳо пайғамбар таъин кард, Ирмиё гуфт: «Ман, охир, наметавонам сухан ронам, зеро ки амраде ҳастам» (Ирм. 1:4–6). Аммо бо гузашти вақт Ирмиё чунон исроркорона ва бо иродаи қавӣ мавъиза мекард, ки хабари мусибатҳои оянда ба гӯши бисёриҳо расид, ҳарчанд онҳо ба ин хабарҳо ҷиддӣ муносибат накарданд (Ирм. 38:4). Зиёда аз 65 сол Ирмиё далерона хабари довариҳои Яҳуваро ба дигарон мерасонд. Ҳамин тавр ӯ дар Исроил бо нотарсиву ҷасуриаш чунон машҳур гашт, ки тақрибан 600 сол пас, вақте ки Исо далерона мавъиза мекард, баъзеҳо гумон карданд, ки Ирмиё ба ҳаёт баргаштааст (Мат. 16:13, 14). Чӣ тавр Ирмиё–пайғамбар, ки дар аввал беҷуръат буд, ба шармгинии худ ғолиб омад? Ӯ гуфт: «[Каломи Худо] дар дили ман мисли оташи фурӯзон буд, ки дар устухонҳоям ҷойгир шудааст, ва ман онро боздошта, хаста гардидаам» (Ирм. 20:9). Бале, каломи Яҳува ба Ирмиё сахт таъсир менамуд ва ӯро ба мавъиза кардан бармеангехт.

9. Чаро каломи Худо ба мо низ чун ба Ирмиё таъсир карда метавонад?

9 Дар номааш ба ибриён Павлуси расул навишт: «Каломи Худо зинда ва таъсирбахш ва аз ҳар шамшери дудама тезтар аст, ва то ба ҳадди ҷудо кардани ҷон ва рӯҳ, буғумҳо ва иликҳо рафта мерасад, ва андеша ва ниятҳои дилро месанҷад» (Ибр. 4:12). Паём ё каломи Худо ба мо ҳам чун ба Ирмиё таъсир карда метавонад. Дар хотир доред, ки ҳарчанд Китоби Муқаддасро одамон навиштаанд, он ганҷинаи хиради инсонӣ нест, чунки зери илҳоми Худо навишта шудааст. Дар 2 Петрус 1:21 мо мехонем: «Ҳаргиз нубувват ба ҳасби иродаи одамизод ба забон ронда нашудааст, балки муқаддасони Худо, бо таҳрики Рӯҳулқудс, онро ба забон рондаанд». Вақте ки мо барои омӯзиши пурсамари шахсии Китоби Муқаддас вақт ҷудо мекунем, мо ақли худро бо суханони зери таъсири рӯҳулқудс навишташуда пур мекунем. (1 Қӯринтиён 2:10–ро бихонед.) Он суханон метавонанд дар дили мо «мисли оташи фурӯзон» гарданд, ки мо дигар онҳоро дар худ нигоҳ дошта наметавонем.

10, 11. а) Агар далерона мавъиза кардан хоҳем, мо бояд омӯзиши шахсиамонро чӣ тавр гузаронем? б) Ақаллан як кореро, ки шумо барои беҳтар гардондани сифати омӯзиши шахсиатон карданиед, номбар кунед.

10 Агар хоҳем, ки омӯзиши шахсӣ ба мо сахт таъсир кунад, онро бояд тавре гузаронем, ки суханони Китоби Муқаддас дар дили мо ҷойгир шаванду ба ботини мо таъсир расонанд. Масалан, ба Ҳизқиёл–пайғамбар рӯъёе дода шуд, ки дар он ӯ бояд дастнависеро мехӯрд; он дастнавис барои халқи якрав хабарҳои мудҳиш дошт. Ҳизқиёл бояд ин хабарро пурра аз худ мекард, то ки он қисми ӯ гардаду ба эҳсосоташ таъсир намояд. Он гоҳ мавъиза кардани ин хабар ба ӯ ҳаловат мебахшид, ҳамон тавре ки хӯрдани асал ба кас ҳаловат мебахшад. (Ҳизқиёл 2:8–3:4, 7–9-ро бихонед.)

11 Ба маъное вазъияти мо ба вазъияти Ҳизқиёл монанд аст. Имрӯз бисёриҳо дар бораи он чизе ки Китоби Муқаддас мегӯяд, шунидан намехоҳанд. Барои дар ин вазъият боисрор мавъиза кардани Каломи Худо мо бояд ба тарзи омӯзиши шахсиамон аҳамият диҳем. Мо бояд Навиштаҳоро тавре омӯзем, ки маълумоти дар он бударо пурра аз худ намоем. Омӯзиши мо бояд мунтазам бошад. Мо набояд онро «кай фурсат шавад, ҳамон вақт мекунам» гӯён ба қафо партоем. Хоҳиши мо бояд мисли хоҳиши забурнавис бошад. Ӯ месуруд: «Бигзор суханони даҳонам ва андешаи дилам писандидаи Ту бошад, эй Худованд, ки кӯҳпораи ман ва раҳокунандаи ман ҳастӣ!» (Заб. 18:15). Чӣ қадар муҳим аст, ки барои андешаю мулоҳиза оиди маълумоти хондаамон вақт ҷудо кунем, то ин ки ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас ба дилу ҷони мо ҷо шаванд! Дар ҳақиқат, мо бояд кӯшиш кунем, ки сифати омӯзиши шахсиамонро беҳтар кунем *.

12. Чаро гуфтан мумкин аст, ки вохӯриҳои масеҳӣ барои гирифтани ҳидояти рӯҳулқудс кӯмак мекунанд?

12 Боз як роҳи дигаре, ки тавассуташ Яҳува ба мо рӯҳулқудс медиҳад, дар Ибриён 10:24, 25 навишта шудааст. Он ҷо мо мехонем: «Диққат кунем, ки якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем, ва ҷамъомади худро тарк накунем». Ташрифи мунтазам ба вохӯриҳои масеҳӣ, бодиққат гӯш кардани барнома ва ба кор бурдани он чизе ки меомӯзем — роҳҳои хуби гирифтани ҳидояту роҳнамоии рӯҳулқудс мебошанд. Ҳақиқатан ҳам, оё рӯҳулқудси Яҳува моро тавассути ҷамъомад роҳнамоӣ намекунад? (Ваҳй 3:6).

Чаро далерӣ муфид аст

13. Муваффақиятҳое, ки масеҳиёни асри як дар кори мавъиза ба даст оварданд, аз чӣ шаҳодат медиҳад?

13 Рӯҳулқудс тавонотарин қувва дар даҳр аст ва он метавонад инсонро барои иҷро кардани иродаи Яҳува қудрат бахшад. Зери таъсири рӯҳулқудс масеҳиёни асри як кори бузургро иҷро карданд: онҳо хушхабарро «ба тамоми махлуқоти зери осмон мавъиза» намуданд (Қӯл. 1:23). Маълум аст, ки бисёри онҳо «одамони нохонда ва оддӣ» буданд; ин нишон медиҳад, ки онҳо ин корро фақат ба туфайли қуввае, ки аз қудрату тавоноии онҳо барзиёд буд, иҷро карданд (Аъм. 4:13).

14. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки «рӯҳи пурҳарорат» дошта бошем?

14 Агар мо мувофиқи ҳидояти рӯҳулқудс зиндагӣ кунем, ин низ моро бармеангезад, ки далерона хизмат намоем. Мо бояд ҳамеша дар дуо аз Худо рӯҳуқудс пурсем, бодиққат омӯзиши шахсӣ гузаронем, дар бораи чизҳои хондаамон бо дуо мулоҳиза намоем ва мунтазам ба вохӯриҳои масеҳӣ ташриф орем, зеро ҳамаи ин ба мо кӯмак мекунад, ки «рӯҳи пурҳарорат» дошта бошем (Рум. 12:11). Дар бораи «Апӯллӯс ном яҳудие аз аҳли Искандария, ки шахси суханвар» буд, Китоби Муқаддас мегӯяд: «[Ӯ] бо ҷӯшу хурӯши Рӯҳ сухан ронда, дар бораи Исо ба хубӣ таълим медод» (Аъм. 18:24, 25). «Рӯҳи пурҳарорат» ба мо низ кӯмак мекунад, ки дар мавъизаи хона ба хона ва ғайрирасмӣ далертар шавем.

15. Вақте ки мо дар хизмат далертар мешавем, ин ба мо чӣ гуна таъсир мекунад?

15 Вақте ки мо дар хизмат далертар мешавем, ин ба мо таъсири мусбат мерасонад. Муносибатамон ба хизмат беҳтар мегардад, зеро мо муҳиму пурарзиш будани кори мавъизаро хубтар мефаҳмем. Мо бо шавқу завқи зиёдтар мавъиза мекунем, чунки аз дидани самараи хизмати худ хурсандии бештар мегирем. Ҷидду ҷаҳди мо дар хизмат меафзояд, зеро мо таъхирнопазир будани кори мавъизаро хубтар дарк менамоем.

16. Чӣ бояд кард, агар ҷидду ҷаҳди мо дар хизмат кам шуда бошад?

16 Чӣ бояд кард, агар ҷидду ҷаҳди мо дар хидмат гум шудаву ё назар ба пештара суст гашта бошад? Мо бояд худро ростқавлона тафтиш намоем. Павлус навиштааст: «Худро тафтиш намоед, ки оё дар имон ҳастед? Худро имтиҳон кунед» (2 Қӯр. 13:5). Аз худ бипурсед: «Оё ман мисли пештара рӯҳи пурҳарорат дорам? Оё дар дуо аз Яҳува рӯҳулқудс мепурсам? Оё дуоҳоям нишон медиҳанд, ки ман дар иҷрои иродаи Худо ба Ӯ такя мекунам? Оё ман дар дуо барои хизмате, ки ба мо супорида шудааст, миннатдорӣ баён мекунам? Дар бораи омӯзиши шахсии ман чӣ гуфтан мумкин аст? Барои мулоҳиза дар бораи чизҳои хондаву шунидаам ман чӣ қадар вақт ҷудо мекунам? Дар вохӯриҳои ҷамъомад ман то чӣ андоза фаъолам?». Мулоҳиза оиди чунин саволҳо ба шумо кӯмак менамояд, ки камбудиву норасоиҳои худро ёфта, онҳоро ислоҳ кунед.

Бигзор рӯҳулқудс ба шумо далерӣ бахшад

17, 18. а) Кори мавъиза имрӯз ба кадом миқёс расидааст? б) Чӣ тавр мо «бо тамоми далерӣ» хушхабари Салтанатро мавъиза карда метавонем?

17 Исои эҳёшуда ба шогирдонаш гуфт: «Вақте ки Рӯҳулқудс бар шумо нозил шавад, қувват хоҳед ёфт ва дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳудо ва Сомария ва то ақсои дунё шоҳидони Ман хоҳед буд» (Аъм. 1:8). Коре, ки он вақт оғоз шуда буд, имрӯз дар миқёси бузург иҷро шуда истодааст. Зиёда аз ҳафт миллион Шоҳидони Яҳува, дар беш аз 230 минтақаву мамлакатҳо хушхабари Салтанатро мавъиза мекунанд ва ба ин ҳар сол тақрибан якуним миллиард соат вақт сарф менамоянд. Чӣ хурсандиовар аст, иштирок дар ин коре, ки дигар ҳеҷ гоҳ такрор нахоҳад шуд!

18 Имрӯз, чун дар асри як, кори умумиҷаҳонии мавъиза зери ҳидояти рӯҳулқудси Худо иҷро шуда истодааст. Агар мо мувофиқи ҳидояти рӯҳулқудс амал намоем, мо «бо тамоми далерӣ» хидмат хоҳем кард (Аъм. 28:31). Пас, бигзор дар мавъизаи хушхабари Салтанат моро рӯҳулқудси Худо ҳидоят намояд!

[Эзоҳҳо]

^ сарх. 7 Номҳо иваз карда шудаанд.

^ сарх. 11 Барои самараноктар гардондани хонишу омӯзиши шахсии Китоби Муқаддас ба китоби «Мактаби таълими маъвиза» (рус.), бобҳои «Ба хониш аҳамият диҳед» ва «Омӯзиши самараовар», саҳифаҳои 21–32 нигаред.

Шумо чӣ омӯхтед?

• Чаро барои мавъизаи Каломи Худо далер будан лозим аст?

• Ба шогирдони нахустин чӣ кӯмак мекард, ки далерона мавъиза кунанд?

• Чӣ ба мо барои далер шудан кӯмак карда метавонад?

• Чаро далерӣ муфид аст?

[Саволҳо барои омӯзиш]