Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Онҳо интизори Масеҳ буданд

Онҳо интизори Масеҳ буданд

Онҳо интизори Масеҳ буданд

«Мардум интизор меистоданд ва ҳама дар дили худ дар бораи Яҳё андеша мекарданд, ки оё вай Масеҳ аст ё не» (ЛУҚ. 3:15).

1. Кадом хабари ҳаяҷоноварро фаришта ба чӯпонон мегӯяд?

ҲОЛО шаб аст. Чӯпонон барои рамаҳои худро нигаҳбонӣ кардан, дар ҳавои кушод, дар саҳро мебошанд. Ногаҳон, фариштаи Худованд дар пеши онҳо зоҳир мегардад ва ҷалоли Худованд дар гирду пешашон медурахшад! Онҳо метарсанд, лекин хабари хаяҷоновареро, ки фаришта ба онҳо мегӯяд гӯш мекунанд: «Натарсед; зеро ки муждаи бузурге ба шумо мерасонам, ки он барои тамоми қавм хоҳад буд: Имрӯз барои шумо... Наҷотдиҳанда таваллуд шуд, ки Ӯ Масеҳи Худованд аст». Ин кӯдак, ки фаришта дар борааш гуфт, маҳз он касест, ки Масеҳ хоҳад шуд. Фаришта ба чӯпонон мегӯяд, ки онҳо ин кӯдакро, дар шаҳри наздик дар даруни охуре ёфта метавонанд. Баъд, ногаҳон бисёр фариштагони дигар пайдо мешаванд. Онҳо Яҳуваро ҳамду сано хонда мегӯянд: «Худоро ҷалол дар арши аъло ва осоиштагӣ бар замин ва ҳусни таваҷҷӯҳ дар миёни мардум бод» (Луқ. 2:8–14).

2. «Масеҳ» чӣ маъно дорад ва ӯро одамон чӣ тавр шинохта метавонистанд?

2 Албатта, чӯпонони яҳудӣ медонанд, ки «Масеҳ» ё «Христос» маънои «Тадҳиншуда»–и Худоро дорад, яъне ин шахсро Худо барои мақсади махсусе интихоб кардааст (Хур. 29:5–7). Аммо чӣ тавр он чӯпонон метавонистанд зиёдтар фаҳманд ва одамони дигарро бовар кунонанд, ки кӯдаке, ки фаришта дар борааш гуфт, Масеҳи аз тарафи Яҳува таъиншуда хоҳад буд? — Бо он ки пешгӯиҳои оиди Масеҳ гуфтаи Навиштаҳои Иброниро дида бароянд ва иҷрошавии онҳоро дар ҳаёт ва фаъолияти ин кӯдак мушоҳида кунанд.

Чаро одамон омадани Масеҳро интизор буданд?

3, 4. Чӣ тавр пешгӯии дар Дониёл 9:24, 25 навишташуда иҷро гашт?

3 Баъди солҳои зиёд, Яҳёи Таъмиддиҳанда кори мавъизаи худро сар кард. Аз суханону корҳои ӯ баъзеҳо фикр карданд, ки эҳтимол вай Масеҳ аст. (Луқо 3:15–ро бихонед.) Лекин дар Китоби Муқаддас пешгӯие буд, ки дар он оиди «ҳафтод ҳафтсола» гуфта мешуд ва он ба одамон барои донистани вақти омадани Масеҳ кӯмак мекард. Он пешгӯӣ чунин буд: «Ҳафтод ҳафтсола барои қавми ту ва барои шаҳри муқаддаси ту муқаррар карда шудааст... Аз вақти баромадани калом дар бораи аз нав барқарор ва бино кардани Ерусалим то вақти Масеҳи Раис ҳафт ҳафтсола хоҳад гузашт; ва шасту ду ҳафтсола» (Дон. 9:24, 25).

4 Имрӯз халқи Яҳува мефаҳмад, ки он 69 ҳафтсолае, ки дар Дониёл 9:25 гуфта шудаанд, ба 483 сол баробар буда, соли 455 то эраи мо сар шуданд. Он сол шоҳи Форс Артаҳшасто ба Наҳамё гуфт, ки Ерусалимро таъмир карда аз нав барқарор кунад (Наҳ. 2:1–8). Он 483 сол соли 29–уми эраи мо, вақте ки Исо таъмид гирифт, ба охир расид. Он вақт Яҳува ӯро бо рӯҳулқудс тадҳин кард ва ӯ Масеҳ гашт (Мат. 3:13–17) *.

5. Кадом пешгӯиҳоро мо ҳоло дида мебароем?

5 Дар Китоби Муқаддас дар бораи Масеҳ бисёр пешгӯиҳои дигаре низ ҳастанд. Биёед ҳоло баъзеи он пешгӯиҳоро, ки ҳангоми таваллуду аввали ҳаёти Исо ва хизматаш иҷро шуданд, дида бароем. Ин муҳокима бешубҳа имони моро ба суханони пешгӯикардаи Худо қавитар месозад ва аниқ исбот мекунад, ки Исо дар ҳақиқат Масеҳи интизоршудаи одамон буд.

Пешгӯӣ дар бораи аввали ҳаёти ӯ

6. Фаҳмонед, ки пешгӯии Ҳастӣ 49:10 чӣ тавр иҷро шуд.

6 Масеҳ дар сибти Яҳудои Исроил таваллуд мешавад. Пеш аз марги худ писаронашро баракат дода Яъқуб–пайғамбар пешгӯӣ кард: «Чӯбдасти салтанат аз Яҳудо дур нашавад ва қонунгузор аз камараш, то даме ки Шилӯ биёяд, ва ба Ӯ қавмҳо итоат намоянд» (Ҳас. 49:10). Бисёр олимони гузаштаи яҳудӣ он суханони Яъқубро бо Масеҳ алоқаманд мекарданд. Аз подшоҳи аввалини яҳудӣ — шоҳ Довуд сар карда чӯбдасти салтанат (ҳокимияти подшоҳӣ) ва қонунгузор аз сибти Яҳудо дур нашуд. Маънои «Шилӯ» — «Касе, ки [подшоҳӣ] аз они ӯст» мебошад. Насли подшоҳии сибти Яҳудо бояд дар «Шилӯ» — Вориси абадии тахти подшоҳӣ тамом мешуд, зеро Худо ба подшоҳи охирини яҳудӣ, Сидқиёҳу, гуфт, ки ҳокимият бояд ба дасти касе, ки ба ин ҳуқуқи қонунӣ дорад, дода шавад (Ҳиз. 21:26, 27). Баъди Сидқиёҳу, Исо ягона шахс аз насли Довуд буд, ки подшоҳӣ ба ӯ ваъда шуд. Пеш аз таваллуди Исо, фаришта Ҷабраил ба Марям гуфт: «Худованд Худо тахти падараш Довудро ба Ӯ хоҳад дод; ва ӯ бар хонадони Яъқуб то абад салтанат хоҳад ронд ва салтанати Ӯ интиҳо нахоҳад дошт» (Луқ. 1:32, 33). Пас, Шилӯ бояд Исои Масеҳ — насли Яҳудо ва Довуд мебуд (Мат. 1:1–3, 6; Луқ. 3:23, 31–34).

7. Пешгӯӣ оиди таваллуди Масеҳ чӣ тавр иҷро шуд?

7 Масеҳ дар ҷое, ки Байт–Лаҳм ном дорад, таваллуд меёбад. Пайғамбар Мико навишт: «Ту, эй Байт–Лаҳми Эфрот, ки дар миёни хонаводаҳои Яҳудо аз ҳама ҷавонтарӣ! Аз ту барои Ман Ҳокиме дар Исроил хоҳад баромад, ва баромади Ӯ аз қадим, аз айёми азал аст» (Мик. 5:2). Масеҳ дар шаҳри Байт–Лаҳми Яҳудо, ки аз афташ як вақтҳо Эфрот ном дошт, таваллуд ёфт. Ҳарчанд модари Исо — Марям ва падархондаш — Юсуф дар Носира мезистанд, онҳо ба амри подшоҳи Рум итоат карда барои аз қайд гузаштан ба Байт–Лаҳм, зодгоҳи падаронашон, баргаштанд ва соли 2–юми то эраи мо он ҷо Исо таваллуд шуд (Мат. 2:1, 5, 6). То чӣ андоза аниқ иҷро шуд он пешгӯӣ!

8, 9. Дар бораи таваллуди Масеҳ ва воқеаҳои баъди он чӣ пешгӯӣ шуда буд?

8 Масеҳ аз бокира таваллуд мешавад. (Ишаъё 7:14–ро бихонед.) Ин оят мегӯяд, ки бокирае писар таваллуд мекунад. Зери илҳоми рӯҳулқудси Худо Матто навишт, ки пешгӯии Ишаъё 7:14 дар вақти таваллуди Исо иҷро шуд. Нависандагони Инҷил, ҳам Матто ва ҳам Луқо мегӯянд, ки Марям бокира буд ва ӯ тавассути рӯҳулқудси Худо ҳомиладор шуд (Мат. 1:18–25; Луқ. 1:26–35).

9 Баъди таваллуди Масеҳ кӯдакони хурдсол кушта мешаванд. Воқеаи ба ин монанд садсолаҳо пеш аз таваллуди Масеҳ рӯй дода буд. Фиръавни Миср ба одамон амр дод, ки ҳамаи писарбачагони навзоди ибриро ба дарёи Нил партоянд (Хур. 1:22). Дар Ирмиё 31:15, 16 пешгӯӣ шуда буд, ки «Роҳел барои фарзандони худ гиря мекунад», зеро онҳо ба «замини душман» гирифта шудаанд. Одамон овози гиряи ӯро аз ҷои дур, аз Ромо, ки дар шимоли Ерусалим, дар замини Бинёмин, воқеъ буд, мешунаванд. Матто нишон медиҳад, ки пешгӯии Ирмиё вақте иҷро шуд, ки шоҳ Ҳиродус куштани ҳамаи писарчаҳои Байт–Лаҳмро амр дод. (Матто 2:16–18-ро бихонед.) Тасаввур кунед, ки он ҷо одамон ба чӣ ғаму андӯҳе афтода буданд!

10. Фаҳмонед, ки чӣ тавр пешгӯии Ҳушаъ 11:1 дар Исо иҷро шуд.

10 Монанди исроилиён Масеҳ аз Миср оварда мешавад (Ҳуш. 11:1). Барои Исоро аз дасти шоҳ Ҳиродус наҷот додан фариштае ба Юсуфу Марям гуфт, ки Исроилро тарк кунанд ва Исоро гирифта ба Миср раванд. Онҳо «то вафоти Ҳиродус дар он ҷо... [монданд], то ба амал ояд каломе ки Худованд бо забони набӣ [Ҳушаъ] гуфтааст: “Аз Миср Писари Худро хондам”» (Мат. 2:13–15). Албатта, худи Исо ба ҳеҷ кадом воқеаҳои пешгӯишуда, ки бо таваллуд ва аввали ҳаёти ӯ алоқаманд буданд, таъсир карда наметавонист.

Масеҳ хизмати худро сар мекунад!

11. Кӣ барои Масеҳ роҳ тайёр кард?

11 Пеш аз омадани Масеҳ хабаррасоне роҳ тайёр мекунад. Малокӣ–пайғамбар пешгӯӣ карда буд, ки «Илёси набӣ» пеш аз Масеҳ омада барои ӯ роҳ тайёр мекунад. Ӯ ба одамон ёрдам медиҳад, ки ба омадани Масеҳ тайёр бошанд. (Малокӣ 4:5, 6–ро бихонед.) Худи Исо гуфт, ки ин «Илёс» Яҳёи Таъмиддиҳанда аст (Мат. 11:12–14). Ва Марқӯс қайд кард, ки дар хизмати Яҳё суханони пешгӯикардаи Ишаъё иҷро шуданд (Иш. 40:3; Марқ. 1:1–4). Исо ба Яҳё нагуфта буд, ки кори ба хизмати Илёс монандро карда, барои ӯ роҳ тайёр кунад. Корҳои ин «Илёс»–и пешгӯишуда мувофиқи иродаи Худо буд, барои он ки одамон Масеҳро шинохта тавонанд.

12. Кадом корҳои махсусро Худо ба Масеҳ супориш дода буд?

12 Худо ба Масеҳ иҷрои корҳои махсусро супориш медиҳад. Рӯзе, вақте ки Исо дар куништи шаҳри Носира, шаҳри ба воя расидааш буд, порчаеро аз китоби Ишаъё хонд: «Рӯҳи Худованд бар Ман аст; зеро ки Ӯ Маро тадҳин намудааст, то ки ба мискинон башорат диҳам ва Маро фиристодааст, то ки шикастадилонро шифо бахшам, озодиро ба асирон ва биноиро ба кӯрон мавъиза намоям, мазлумонро озод кунам ва соли таваҷҷӯҳи Худовандро мавъиза намоям”». Исо гуфт, ки ин пешгӯӣ дар бораи ӯст. Ӯ ҳақиқатан ҳам Масеҳ буд ва барои ҳамин ҳақ дошт, ки гӯяд: «Имрӯз ин навишта, ки шумо гӯш кардед, ба иҷро расидааст» (Луқ. 4:16–21).

13. Дар Ҷалил мавъиза кардани Исо чӣ тавр пешгӯӣ шуда буд?

13 Дар Ҷалил мавъиза кардани Масеҳ пешгӯӣ шуда буд. Дар бораи «замини Забулун ва замини Нафтолӣ... Ҷалили ҳалқҳо» Ишаъё навишта буд: «Қавме ки дар торикӣ мегаштанд, нури азиме диданд; бар онҳое ки дар кишвари сояи марг менишастанд, нуре дурахшид» (Иш. 9:1, 2). Исо хизмати мавъизаи худро дар Ҷалил, дар шаҳре ки Кафарнаҳум ном дошт, сар кард ва ҳамчунин дар мавзеъҳои Забулун ва Нафтолӣ таълим медод. Исо ба мардуми он ҷойҳо ҳақиқатҳоеро, ки аз нури азими рӯҳонӣ медурахшиданд, таълим медод ва ба онҳо кӯмак мекард (Мат. 4:12–16). Маҳз дар Ҷалил Исо Мавъизаи Болоикӯҳии худро гуфт, ҳаввориёнашро интихоб кард ва мӯъҷизаи аввалинашро нишон дод ва эҳтимол дар ин ҷо баъди эҳёшавиаш қариб ба 500 нафар шогирдон зоҳир шуд (Мат. 5:1–7:27; 28:16–20; Марқ. 3:13, 14; Юҳ. 2:8–11; 1 Қӯр. 15:6). Пас, вақте ки Исо дар «замини Забулун ва замини Нафтолӣ» мавъиза кард, пешгӯии Ишаъё иҷро шуд. Албатта, Исо хушхабари Салтанатро дар дигар ҷойҳои Исроил низ мавъиза мекард.

Дигар корҳои Масеҳ, ки пешгӯӣ шуда буданд

14. Чӣ тавр суханони Забур 77:2 дар Исо иҷро шуданд?

14 Масеҳ бо масалҳо ва мисолҳо сухан мегӯяд. Забурнавис Ософ месароид: «Даҳонамро ба масал мекушоям» (Заб. 77:2). Аз куҷо мо медонем, ки ин пешгӯиест, ки ба Исо дахл дорад? Матто инро мегӯяд. Баъди он ки Исо мисолҳо оварда Салтанатро ба тухми хардал ва хамиртуруш монанд кард, Матто қайд намуд: «Бе масал [Исо] ба онҳо сухан намегуфт, то ба амал ояд каломе ки бо забони набӣ гуфта шудааст: “Даҳони Худро ба масалҳо мекушоям; чизҳоеро, ки аз офариниши олам пинҳон мондааст, баён менамоям”» (Мат. 13:31–35). Масалҳо ва мисолҳое, ки Исо истифода мебурд, ба бисёр одамон ёрдам медоданд, ки ҳақиқатро дар бораи Яҳува фаҳманд.

15. Фаҳмонед, ки чӣ тавр пешгӯии дар Ишаъё 53:4 навишташуда иҷро шуд.

15 Масеҳ одамонро шифо мебахшад. Ишаъё пешгӯӣ кард: «Ӯ бемориҳои моро ба сар мебурд, ва ба дардҳои мо мубтало буд» (Иш. 53:4). Матто қайд кард, ки баъди он ки Исо модарарӯси Петрусро сиҳат кард, ӯ дигаронро шифо бахшид «то ба амал ояд каломе ки бо забони Ишаъёи набӣ гуфта шудааст: “Ӯ заъфҳои моро гирифт ва бемориҳои моро бардошт”» (Мат. 8:14–17). Ва ин танҳо яке аз воқеаҳои бисёрест, ки Исо беморонро шифо дода буд.

16. Чӣ тавр Юҳаннои ҳавворӣ нишон дод, ки суханони Ишаъё 53:1 дар Исо иҷро шуданд?

16 Нигоҳ накарда ба корҳои хуби Масеҳ бисёр одамон ба ӯ имон намеоранд. (Ишаъё 53:1–ро бихонед.) Иҷроиши пешгӯии ин оятро нишон дода Юҳаннои ҳавворӣ гуфт: «Бо вуҷуди мӯъҷизоти бисёре ки дар пеши назарашон нишон дод, онҳо ба Ӯ имон наоварданд, то сухани Ишаъёи набӣ ба амал ояд, ки гуфта буд: «Худовандо! Кӣ ба пайғоми мо бовар кард ва бозуи Худованд ба кӣ ошкор гардид?» (Юҳ. 12:37, 38). Ҳатто баъди гузашти солҳо, вақте ки Павлуси ҳавворӣ хушхабарро мавъиза мекард, одамони кам ба Масеҳ будани Исо имон меоварданд (Рум. 10:16, 17).

17. Пешгӯии Забур 68:5 чӣ тавр иҷро шуд?

17 Одамон бесабаб аз Масеҳ нафрат мекунанд (Заб. 68:5). Исо гуфт: «Агар дар миёни онҳо [халқи Исроил] аъмолеро намекардам, ки дигаре ҳаргиз накардааст, гуноҳе намедоштанд; лекин акнун он аъмолро дида, ҳам аз Ман ва ҳам аз Падари Ман нафрат кардаанд, то ба амал ояд каломе ки дар Тавроташон навишта шудааст: “Бесабаб аз Ман нафрат доранд”» (Юҳ. 15:24, 25). «Таврот» гуфта дар ин ҷо тамоми Навиштаҳое, ки дар он вақт буд, дар назар дошта шудааст (Юҳ. 10:34; 12:34). Хабарҳои чор Инҷил нишон медиҳанд, ки бисёриҳо ба Исо нафрат доштанд ва хусусан сарварони дини яҳудӣ. Беш аз ин, Масеҳ гуфт: «Ҷаҳон наметавонад ба шумо адоват дошта бошад, лекин ба Ман адоват дорад, чунки Ман бар он шаҳодат медиҳам, ки аъмолаш бад аст» (Юҳ. 7:7).

18. Дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?

18 Пайравони дар асри як будаи Исо боварии комил доштанд, ки Исо Масеҳ аст, зеро пешгӯиҳои дар Навиштаҳои Ибронӣ буда дар ҳақиқат дар ӯ иҷро шуданд (Мат. 16:16). Чӣ тавре ки дидем, баъзеи он пешгӯиҳо дар аввали ҳаёти Исои Носирӣ ва дар давоми хизмати ӯ иҷро гаштанд. Пешгӯиҳои дигари бо Масеҳ алоқамандро дар мақолаи навбатӣ дида мебароем. Оиди онҳо бо дуо мулоҳиза ронда мо бешубҳа боварии худро қавӣ мегардонем, ки Исо дар ҳақиқат он Масеҳест, ки Падари осмониамон Яҳува интихоб карда буд.

[Эзоҳ]

^ сарх. 4 Барои дар бораи «ҳафтод ҳафтсола» бештар фаҳмидан, ба Замимаи китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас», саҳ. 197–199 нигаред.

Шумо чӣ тавр ҷавоб медодед?

• Баъзе пешгӯиҳое, ки бо таваллуди Исо алоқаманд буданд, кадоманд?

• Кӣ барои омадани Масеҳ роҳ тайёр кард?

• Чӣ тавр пешгӯиҳои дар боби 53 навишташудаи китоби Ишаъё дар Исо иҷро шуданд?

[Саволҳо барои омӯзиш]