Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Кай мо бояд бедору ҳушёр монем

Кай мо бояд бедору ҳушёр монем

Фарзандони худро таълим диҳед

Кай мо бояд бедору ҳушёр монем

ШОЯД ту розӣ шавӣ, ки дар мактаб бедору ҳушёр будан муҳим аст. Бисёриҳо дар давоми дарс хоболуд мешаванд, лекин барои дарс хондан ту бояд бедор бошӣ. Эҳтимол ту инчунин ба вохӯриҳои ҷамъомад меравӣ, ки дар он ҷо Китоби Муқаддасро омӯзиш мекунӣ.

Ба фикри ту барои бедору ҳушёр мондан ба ту чӣ кӯмак карда метавонад? ~ * Яке аз роҳҳо шаб барвақт хоб рафтан аст. Шояд рӯзона каме хоб рафтан низ ёрдам кунад. Биё намунаи ҷавонеро, ки ҳангоми суханронии Павлус дар ними шаб хобаш бурд, дида мебароем ва муҳокима мекунем, ки аз он чӣ омӯхта метавонем. Ба Китоби Муқаддас, Аъмол боби 20 оятҳои 7 то 12 нигоҳ кун ва бин, ки чӣ рӯй дод.

Павлус ба ҷамъомади шаҳри Трӯос, ки назди баҳр воқеъ буд, омад. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Павлус бо қаиқ «фардояш аз он ҷо рафтанӣ буд». Барои ҳамин, «суханаш то нисфи шаб давом кард». Мо мехонем: «Офтихӯс ном ҷавоне ки бар остонаи тиреза нишаста буд, ба пинак рафт, ва ҳангоме ки мусоҳибаи Павлус тӯл мекашид, хоби сахташ бурд». Баъд чӣ рӯй дод? ~

Офтихӯс аз тиреза, «аз ошёнаи сеюм» афтид. Павлус ва дигарон тез давида ба поён фаромаданд. Лекин Офтихӯс аллакай мурда буд! Оё ту тасаввур карда метавонӣ, ки онҳо чӣ қадар зиқ шуданд? ~ Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Павлус Офтихӯсро ба дасташ гирифта, ӯро ба оғӯш гирифт. Сипас Павлус бо хурсандӣ нидо карда гуфт, ки хавотир нашаванд, чунки ӯ зинда аст. Худо Офтихӯсро ба ҳаёт баргардонд!

Аз воқеаи Офтихӯс мо дар бораи Худо чиро омӯхта метавонем? ~ Масалан, Яҳува, Падари осмонии мо, метавонад мурдагонро ба ҳаёт баргардонад, аз ҷумла ҷавононро низ. Яҳува туро мефаҳмад ва дӯст медорад, ҳа, Ӯ ҳатто назар ба волидонат туро бештар дӯст медорад. Вақте ки Исо дар замин буд, ӯ кӯдаконро сила мекард ва баракат медод ва бо ин нишон медод, ки Падараш чӣ гуна аст. Исо инчунин ҷавононро зинда кард, ки дар байни онҳо духтарчаи 12 сола низ буд.

Аз донистани он ки Падари осмониат туро дӯст медорад, ту чиро ҳис мекунӣ? ~ Ҳа, мо дар ҷавоб Яҳуваро дӯст медорем ва ба гуфтаҳои Ӯ гӯш кардан мехоҳем. Оё ту медонӣ, ки чӣ тавр мо муҳаббатамонро ба Ӯ нишон дода метавонем? ~ Яке аз роҳҳо — гуфтани он ки мо Худоро дӯст медорем. Исо гуфт: «Ман Падарро дӯст медорам». Лекин Исо на танҳо дар сухан, ҳамчунин дар амал низ нишон медод, ки Худоро дӯст медорад.

Исо Худоро гӯш мекард. «Ман ҳамеша аъмоли писандидаи Ӯро ба ҷо меоварам»,— гуфт Исо. Мисли Исо амал карда, мо аз таҳти дил кӯшиш мекунем, ки ҳам дар мактаб ва ҳам дар вохӯриҳои ҷамъомад бедору ҳушёр монем. Хамин тавр амал карда, мо ба Яҳува ва Писараш, Исо, маъқул мешавем.

[Эзоҳ]

^ сарх. 4 Агар шумо инро бо кӯдаке хонда истода бошед, аломати тилда (~) хотиррасон мекунад, ки дар ин ҷо каме истода кӯдакро ба ҷавобдиҳӣ барангезед.

Ин оятҳоро хон:

Аъмол 20:7–12

Луқо 8:49–56

Юҳанно 8:29; 14:31