Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Фарзандони худро таълим диҳед

Ютом ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда ба Яҳува содиқ монд

Ютом ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда ба Яҳува содиқ монд

ВАҚТЕ КИ падар ё модар аз Яҳува Худо рӯй мегардонад, ин метавонад ҳаёти кӯдакро душвор гардонад. Биё ҳозир дар бораи Ютом мефаҳмем. Мо мебинем, ки ӯ ҳангоми калон шуданаш дар оила бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ шуда буд.

Падари Ютом — Узиё дар Яҳудо подшоҳӣ мекард. Ӯ дар мамлакаташ аз ҳама шахси пурқудрат буд. Узиё дар давоми солҳои зиёд, ҳатто пеш аз таваллуди Ютом, подшоҳи хуб буд. Лекин баъдтар, ҳангоми хурдсол будани Ютом, падараш ҳавобаланд шуд ва Қонуни Худоро шикаст. Худо барои ин ӯро ҷазо дода гирифтори касалии хеле вазнин кард, ки он махав ном дорад. Оё ту медонӣ, ки Ютом баъди ин чӣ кор кард?~ *

Ютом ба Яҳува хизмат карданро бас накард. Мумкин дар ин ба ӯ модараш Ерушо ёрдам мекард. Ба ҳар ҳол, ба Ютом баъди аз маъбад пеш карда шудани падараш ба Яҳува содиқ мондан шояд осон набуд.

Чӣ мешуд, агар падар ё модари ту ба Яҳува хизмат карданро бас мекарданд? Ин албатта барои ту хеле душвор мебуд, ҳамин тавр–не?~ Оё дар бораи ин фикр кардан нодуруст аст? Не, зеро чӣ хеле ки Китоби Муқаддас нишон медиҳад, Довуд ҳам дар ин бора фикр мекард.

Падари Довуд — Йисой одами хуб буд. Ӯ ба Яҳува хизмат мекард ва мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки Довуд падарашро нағз медид. Лекин ӯ Яҳуваро аз падараш ҳам бештар дӯст медошт. Барои чӣ мо ин хел гуфта метавонем?

Биё ба ин суханони Довуд диққат медиҳем: «Ҳатто агар падар ва модарам маро аз худ биронанд, Худованд маро назди худ хоҳад пазируфт» (Забур 27:10, ТТФ [26:10]). Ин оят нишон медиҳад, ки ҳатто агар падари Довуд — Йисой ё модараш ба Яҳува хизмат карданро бас мекарданд, Довуд ин хел намекард.

Дар бораи ту чӣ гуфтан мумкин аст? Агар падару модарат ба Яҳува хизмат карданро бас кунанд, ту ба Яҳува содиқ мемонӣ?~ Хуб мебуд, ки ту ин саволро ба худат диҳӣ. Сабаб барои содиқона ба Яҳува хизмат кардан дар ин гуфтаҳои Китоби Муқаддас асос меёбад: «Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор».

Ин фармон маънои онро дорад, ки мо бояд ба Яҳува содиқ монем, ҳатто агар ин бароямон душвор бошад ҳам. Ба фикри ту, кӣ мехоҳад, ки мо ба Яҳува хизмат карданро бас кунем?~ Душмани Худо — Шайтон. Исо вайро «мир [ҳоким]-и ин ҷаҳон» номид. Китоби Муқаддас Шайтонро «худои ин дунё» меномад. Оё мо бояд аз Шайтон тарсем?~

Не. Ба ҷои ин мо бояд дар ёд дошта бошем, ки Яҳува аз Шайтон пурзӯртар аст. Худо моро муҳофизат мекунад, агар мо ба Ӯ такя кунем. Аз Китоби Муқаддас бихон, ки чӣ тавр Яҳува Довудро аз дасти паҳлавони бузургҷусса — Ҷолёт муҳофизат кард. Агар ту ба Яҳува содиқ монӣ, Ӯ туро низ муҳофизат карда метавонад.

^ сарх. 4 Агар шумо инро бо кӯдаке хонда истода бошед, аломати тилда (~) хотиррасон мекунад, ки дар ин ҷо каме истода кӯдакро ба ҷавобдиҳӣ барангезед.