Ба Худо наздик шавед
Оё номи шумо дар «китоби ёддошт»-и Худо навишта шудааст?
Оё вақте ки хизматгорони Яҳува барои шод кардани дили Ӯ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, Ӯ инро пай мебарад? Албатта. Аз назари Яҳува рафтори дурусти ходимонаш ва суханоне, ки онҳо барои ҳамду санои Ӯ мегӯянд, пӯшида нест. Ӯ ҳатто мебинад, ки чӣ тавр онҳо Ӯро дар фикрҳояшон азиз медоранд. Беш аз ин, Яҳува ҳеҷ гоҳ ходимони худ ва корҳои онҳоро фаромӯш намесозад. Чаро бо дилпурӣ чунин гуфтан мумкин аст? Ҷавоби ин саволро мо аз суханони пайғамбар Малокӣ дида метавонем. (Малокӣ 3:16-ро бихонед.)
Дар асри панҷуми то эраи мо, вақте ки Малокӣ чун пайғамбар хизмат мекард, исроилиён аз ҷиҳати ахлоқиву рӯҳонӣ дар вазъияти ғамангез қарор доштанд. Коҳинон нисбати вазифаҳои худ бепарвоӣ мекарданд ва халқ дар кулли худ бо корҳое, ки Худоро бадном мекарданд, масалан бо сеҳру ҷоду, зинокорӣ ва фиребгарӣ машғул буд (Мал. 2:8; 3:5). Нигоҳ накарда ба ин, шахсоне ёфт мешуданд, ки ба Худо садоқатмандиашонро нигоҳ медоштанд. Бо кадом корҳояшон?
«Тарсгорони Худованд бо якдигар сухан меронданд»,— мегӯяд Малокӣ. Дар ин ҷо Малокӣ оиди исроилиёне сухан меронад, ки ба Худо эҳтироми чуқур доштанд ва аз ранҷонидани Ӯ метарсиданд. Аҳамият диҳед, ки ин шахсони худотарс «бо якдигар сухан меронданд». Аз афташ онҳо ҷамъ омада дар бораи корҳои Яҳува мулоҳиза меронданд ва якдигарро рӯҳбаланд мекарданд, то муҳити гирду атрофашон онҳоро рӯҳафтода ё нопок насозад.
Исроилиёни содиқ эҳтиромашонро ба Яҳува ҳамчунин бо он зоҳир мекарданд, ки онҳо «азиздорандагони исми Ӯ» буданд. Ин шахсони худотарс ҳатто дар фикрҳои худ Яҳуваро эҳтиром мекарданд. Онҳо дар ақлу дили худ Яҳува ва номи бузурги Ӯро азиз медонистанд. Оё Яҳува аз ин бохабар буд?
Малокӣ мегӯяд: «Худованд гӯш андохта, инро мешунид». Аз осмон, аз маскани худ истода Яҳува ба ҳар як сухани ходимонаш, ки барои ҳамду сано хондани Ӯ ба якдигар мегуфтанд, гӯш меандохт. Ӯ инчунин ба тамоми фикру мулоҳизаҳои онҳо диққат медод (Заб. 93:11). Ҳамзамон, Яҳува кори дигаре мекард. Ин чӣ кор буд?
Мувофиқи суханони Малокӣ дар ҳузури Яҳува «китоби ёддошт... навишта мешуд». Дар ин китоб номҳои тамоми шахсоне навишта шудаанд, ки ба Яҳува дар беайбӣ хизмат мекарданд. Аҳамият диҳед, ки ин китоб «китоби ёддошт» номида шудааст *. Ин нишон медиҳад, ки Яҳува ҳеҷ гоҳ ходимони содиқи худ ва ҳамаи он чизеро, ки онҳо барои ҷалол додани Ӯ мекунанд, яъне ҳар кор, сухан ва фикри неки онҳоро аз ёд намебарорад. Лекин бо кадом мақсад Худо онҳоро дар хотир нигоҳ медорад? Ӯ ваъда медиҳад, ки ба ҳамаи онҳое, ки номашон дар китоби ёддошт навишта шудааст, ҳаёти ҷовидониро мукофот медиҳад (Заб. 36:29) *.
То чӣ андоза тасаллибахш аст, ки Яҳува ҳамаи он кореро, ки мо барои дуруст ибодат кардани Ӯ мекунем, қадр мекунад! Суханони дар Малокӣ 3:16 навишташуда моро бармеангезанд, ки дар бораи муносибати бо Яҳува доштаамон ҷиддан фикр кунем. Мо бояд аз худ бипурсем: «Оё номи ман дар “китоби ёддошт”-и Худо навишта шудааст?» Ҷавоби ин савол мусбӣ хоҳад буд, агар тарзи рафтор, гуфтор ва фикрронии ҳаррӯзаи мо тавре бошад, ки Яҳува онро дар хотир доштан хоҳад.
^ сарх. 8 Калимаи иброние, ки чун «ёддошт» тарҷума шудааст, на фақат маънои дар хотир доштани чизеро дорад. Он ҳамчунин метавонад маънои онро дошта бошад, ки чизи дар хотир доштаи шахс ӯро ба ягон амал бармеангезад.
^ сарх. 8 Барои гирифтани маълумоти бештар оиди ҳаёти ҷовидона, ки Худо ваъда медиҳад, ба боби сеюми китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас» нигаред.