Шумо метавонед ба васвасаҳо муқобилият кунед!
«Ман нияти тамошо кардани порнографияро надоштам. Вале вақте ба Интернет пайваст шудам, ногаҳон рекламае оиди он пайдо шуд. Ва худам нафаҳмида мондам, ки чӣ тавр онро кушодам» —КОДИ *
«Дар ҷои кор духтари зебое ба ман нигоҳу имоҳои ишваомез мекард. Рӯзе ӯ таклиф намуд, ки ҳамроҳ ба меҳмонхонае рафта, бо ҳам дилхушӣ кунем. Ман аниқ медонистам, ки ӯ чӣ мехоҳад» —ДИЛАН
«МАН ба ҳар чиз муқобилият карда метавонам, ғайр аз васваса». Ин суханони шӯхиомези машҳур ба таври хуб тасвир мекунанд, ки баъзе одамон ба васваса чӣ назаре доранд — дар ботин онҳо аз он сахт ҳаловат бурдан мехоҳанд. Вале дигарон бошанд, васвасаро душмани доимии худ меҳисобанд ва сахт мехоҳанд бар он ғолиб оянд. Шумо чӣ фикр доред? Ҳангоми дучор шудан бо васваса шумо бояд чӣ кор кунед: ба он дода шавед ё муқобилият кунед?
Албатта, на ҳамаи васвасаҳо ба проблемаҳои калон оварда мерасонанд. Масалан, пинҳонӣ зиёдтар хӯрдани торт шояд ба ҳаёти шумо таъсири бад нарасонад. Вале дода шудан ба дигар васвасаҳо, хусусан ба васвасаҳое, ки ба бадахлоқии ҷинсӣ бурда мерасонанд, оқибати фалокатовар дошта метавонанд. Китоби Муқаддас огоҳ мекунад: «Касе ки... зино кунад, беақл аст: нобудкунандаи ҷони худ чунин амал мекунад» (Мас. 6:32, 33).
Дар вақти ногаҳон дучор шудан бо васвасаи бадахлоқии ҷинсӣ чӣ тавр бояд амал кард? Китоби Муқаддас ба ин савол ҷавоб медиҳад: «Иродаи Худост, ки шумо пок бошед ва аз зино парҳез кунед; ва ҳар яке аз шумо битавонад бадани худро дар покӣ ва шараф нигоҳ дорад» (1 Тасл. 4:3, 4). Чӣ тавр шумо барои покиро нигоҳ доштан иродаи худро қавӣ гардонда метавонед? Ҳоло се қадамеро, ки ба ин ёрӣ дода метавонанд, дида мебароем.
Қадами 1: Нигоҳатонро ба дигар сӯ равона кунед
Ба расму тасвирҳои шаҳватомез нигоҳ карда истодан хоҳишҳои нодурустро танҳо зиёд мегардонанд. Нигоҳ ва хоҳиш бо ҳам алоқаманданд. Исо инро тасдиқ намуда, моро огоҳ кард: «Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба зане бо чашми шаҳватомез нигоҳ кунад, дар дили худ бо вай зино карда бошад. Пас агар чашми ростат туро ба васваса андозад, онро канда, аз худ дур кун» (Мат. 5:28, 29). Бо ин Исо дар асл чиро ба мо таълим додан мехост? Барои ба васваса муқобилат кардан, мо бояд ба таври қатъӣ амал намуда, чашмонамонро зуд аз тасвирҳои шаҳватангез ба дигар сӯ равона кунем.
Инчунин дар бораи марди содиқ Айюб фикр кунед. Ӯ гуфта буд: «Бо чашмони худ аҳд бастаам, ки ба дӯшиза назар наандозам» (Айюб 31:1). Хуб мебуд, ки мо ҳам дар дили худ чунин аҳд бандем.
Маслиҳат: Агар чашматон нохост ба тасвири шаҳватангез афтад, даррав ба дигар тараф нигоҳ кунед. Ба нависандаи Китоби Муқаддас, ки чунин дуо гуфта буд, пайравӣ кунед: «Чашмонамро аз дидани чизҳои ҳеҷу пуч пешгирӣ намо» (Заб. 118:37).
Қадами 2: Фикрҳоятонро пок нигоҳ доред
Азбаски ҳамаи мо нокомилем, баъзан шояд бо хоҳишҳои нодуруст мубориза барем. Китоби Муқаддас қайд мекунад: «Ҳар кас саргарм ва фирефтаи ҳаваси худ гардида, ба озмоиш дучор мешавад. Баъд ҳавас, ҳомила шуда, гуноҳро ба дунё меоварад» (Яъқ. 1:14, 15). Чӣ тавр шумо аз ин доми торафт печ дар печ шаванда худро дур кашида метавонед?
Дар хотир доред: Агар дар шумо хоҳишҳои нодуруст пайдо шаванд, чӣ тавр амал кардан дар ихтиёри худи шумост. Бо чунин хоҳишҳо мубориза баред. Онҳоро аз майнаатон дур созед. Нагузоред, ки хаёлоти нопок ва бадахлоқона дар дилатон хона монанд. Марде бо номи Трой, ки пеш тавассути Интернет ба тамошои порнография одат пайдо карда буд, мегӯяд: «Ман мубориза мебурдам, то майнаамро аз фикрҳои нодуруст пок созам ва ба ҷои онҳо диққатамро ба чизҳои мусбӣ равона кунам. Ин осон набуд. Чанд бор одати пештараам ғолиб баромад. Вале оқибат ман идора кардани фикрҳоямро ёд гирифтам». Зане бо номи Элза, ки дар наврасиаш бо
васвасаи содир кардани бадахлоқии ҷинсӣ мубориза мебурд, ба ёд меорад: «Доимо бо коре худро банд кардан ва пайваста ба Яҳува дуо гуфтан ба ман кӯмак мекард, ки ба фикру хоҳишҳои нодуруст ғолиб оям».Маслиҳат: Вақте ки шуморо фикрҳои бадахлоқона азоб медиҳанд, даррав истед ва дуо гӯед. Барои мубориза бурдан бо хаёлоти нопок майнаи худро бо «ҳар он чи рост аст, ва ҳалол аст, ва боинсоф аст, ва пок аст, ва хушоянд аст, ва шоёни таҳсин аст», пур кунед (Фил. 4:8).
Қадами 3: Аз вазъиятҳои хатарнок дурӣ ҷӯед
Агар хоҳишу имконият бо ҳам мувофиқ оянд ва дар он маврид васваса рӯй диҳад, шахс ба осонӣ ба он дода шуданаш мумкин аст (Мас.7:6–23). Чӣ тавр шумо аз ин дом худро муҳофизат карда метавонед?
Китоби Муқаддас маслиҳати оқилона медиҳад: «Шахси бофаросат мусибатро мебинад, ва пинҳон мешавад: вале соддадилон гузашта мераванд, ва ҷазо меёбанд» (Мас. 22:3). Барои ҳамин, аз вазъиятҳои хатарнок дурӣ ҷӯед. Он ҳолатҳоеро, ки ба проблема оварда мерасонанд, пешакӣ муайян кунед ва аз онҳо канорагирӣ намоед (Мас. 7:25). Марде бо номи Филипп, ки одати тамошои порнографияро дар худ мағлуб кард, қайд мекунад: «Ман компютери оилавиро дар ҷое гузоштам, ки ҳама онро дида метавонистанд ва барномаеро гузоштам, ки он ба ворид шудани маълумоти бадахлоқона монеъ мешуд. Ва ман ба Интернет танҳо ҳамон вақт медароям, ки дар атрофам дигарон ҳастанд». Ба ин монанд, Трой, ки пештар дар борааш қайд кардем, мегӯяд: «Ман аз дидани филмҳои шаҳватангез худдорӣ мекунам ва бо шахсоне, ки бешармона дар мавзӯи алоқаи ҷинсӣ гап мезананд, муошират намекунам. Ман худро дар вазъияти хатарнок қарор додан намехоҳам».
Маслиҳат: Ба сустиҳои худ ростқавлона баҳо диҳед ва пешакӣ қарор диҳед, ки аз вазъиятҳое, ки ба васваса тела медиҳанд, дурӣ меҷӯед (Мат. 6:13).
КӮШИШАТОНРО СУСТ НАКУНЕД!
Чӣ бояд кард, агар ба кӯшишҳои самимиатон нигоҳ накарда, сустиҳоятон ғолиб бароянд ва шумо ба васваса дода шавед? Рӯҳафтода нашавед ва кӯшишатонро бас накунед. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Одил ҳафт маротиба афтад ҳам, мехезад» (Мас. 24:16). Бале, Падари осмониамон моро бармеангезад, ки «бархезем». Оё шумо кӯмаки меҳрубононаи Ӯро қабул мекунед? Пас ҳеҷ гоҳ аҳамияти дуоро кам наҳисобед! Имони худро бо омӯзиши Каломи Ӯ мустаҳкам кунед. Иродаи худро бо ташрифорӣ ба вохӯриҳои ҷамъомад устувор гардонед. Аз ваъдаи зерини Ӯ тасаллӣ ёбед: «Ман туро тавқият хоҳам намуд, ва туро ёварӣ хоҳам дод» (Иш. 41:10).
Коди, ки дар борааш дар сарсухан гуфта шуда буд, қайд мекунад: «Ман кӯшишҳои хеле зиёд сарф кардам, то ки бар одати тамошои порнография ғолиб оям. Маротибаҳои зиёд одати ман зӯр баромад, вале бо кӯмаки Худо ман оқибат ғалаба кардам». Дилан, ки оиди ӯ низ дар боло қайд шуд, мегӯяд: «Ман ба осонӣ метавонистам ба таклифи бешармонаи ҳамкорам розӣ шавам, вале ман дар иродаи худ устувор будам ва ба ӯ “Не!” гуфтам. Виҷдонамро пок нигоҳ дошта ман хурсандии калон ҳис мекунам. Ва муҳимтар аз ин, ман медонам, ки Яҳува аз ман фахр мекунад».
Вақте ки шумо устуворона ба васвасаҳо муқобилат мекунед, шумо дилпур буда метавонед, ки Худо аз шумо низ фахр мекунад! (Мас. 27:11).
^ сарх. 2 Номҳо дар ин мақола дигар шудаанд.