Ӯ роҳро медонист
ГАЙ ҲОЛЛИС ПИРС яке аз аъзоёни Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува буд. Рӯзи сешанбе, санаи 18-уми марти соли 2014 дар синни 79-солагӣ хизмати заминии ӯ ба охир расид. Ӯ чун яке аз бародарони Масеҳ эҳё шуд ва мукофоти осмониашро соҳиб гашт (Ибр. 2:10–12; 1 Пет. 3:18).
Бародар Гай Пирс 6-уми ноябри с. 1934 дар шаҳри Оберни Калифорния (ИМА) ба дунё омад. Ӯ соли 1955 таъмид гирифт. Соли 1977 бародар Пирс ба Пенни ном хоҳаре хонадор шуд. Азбаски ӯ шахси оиладор буд, бо дигарон падарвор муносибат мекард. Соли 1982 ӯву ҳамсараш пешрав шуданд ва аз соли 1986 сар карда бародар дар давоми 11 сол дар Иёлоти Муттаҳида чун нозири сайёр хизмат кард.
Соли 1997 Гай ва Пенни Пирс аъзои оилаи Байт-Или Иёлоти Муттаҳида шуданд. Дар он ҷо бародар Пирс дар Шӯъбаи хизматӣ кор мекард, соли 1998 бошад, ӯро дар Шӯъбаи кадрҳои Ҳайати роҳбарикунанда чун ёрдамчӣ таъин карданд. Санаи 2-юми октябри соли 1999 дар вохӯрии солона эълон шуд, ки ӯ яке аз аъзоёни Ҳайати роҳбарикунанда гашт. Дар давоми солҳои минбаъда ӯ дар Кумитаи кадрҳо, Кумитаи нависандагӣ, Кумитаи нашри адабиёт ва Кумитаи координаторҳо хизмат кард.
Бародар Пирс одами хушмуомилаву чеҳракушод буд ва табиати шӯх дошт. Барои ҳамин, одамони ҳар гуна миллату маданият бо ӯ буданро дӯст медоштанд. Лекин чизе ки дар асл одамонро ба ӯ ҷалб мекард, ин муҳаббат, фурӯтанӣ, эҳтиром ба қонуну принсипҳои Худо ва имони қавии ӯ ба Яҳува буд. Бародар Пирс ба иҷрошавии ваъдаҳои Яҳува боварии комил дошт ва ӯ мехост, ки одамони тамоми ҷаҳон ҳақ будани инро дарк кунанд.
Бародар Пирс бо ҷидду ҷаҳд ба Яҳува хизмат мекард. Ӯ саҳарии барвақт аз хоб мехест ва бисёр вақт то бевақтии шаб кор мекард. Ӯ барои рӯҳбаланд кардани ҳамимонон ба мамлакатҳои зиёд сафар менамуд. Ӯ доимо ба ҳар як ходими Байт-Ил, ки ба маслиҳату дастгириаш мӯҳтоҷ буд, дасти ёрӣ дароз мекард. Ҳатто баъди гузаштани солҳо хоҳару бародарон меҳмоннавозӣ, муносибати дӯстона ва суханони рӯҳбаландкунандаи ӯро дар ёд доранд.
Ҷои бародар ва дӯсти азизи мо дар байни ҳамсар, шаш фарзанд ва набераю аберагонаш холӣ аст. Дар ҳаққи фарзандони рӯҳонии бародар Пирс ҳам чунин гуфтан мумкин аст. Санаи 22-юми марти соли 2014, рӯзи шанбе дар Байт-Или Бруклин аъзои Ҳайати роҳбарикунанда Марк Сандерсон бо нутқи дафн баромад кард. Ҳангоми баромадаш ӯ дар бораи умеди осмонии бародар Пирс сухан ронд ва гуфтаҳои зерини Исоро хонд: «Дар хонаи Падари Ман иқоматгоҳ бисёр аст... Меравам, то ки барои шумо ҷой тайёр кунам... Ва ҳангоме ки биравам ва барои шумо ҷой тайёр кунам, боз омада, шуморо бо Худ мебарам, то дар он ҷое ки Ман ҳастам, шумо низ бошед. Ҷое ки Ман меравам, шумо онро медонед, роҳро низ медонед» (Юҳ. 14:2–4).
Бешубҳа, ҷои бародар Пирс дар байни мо холӣ аст, лекин мо хурсандем, ки ӯ роҳи манзили доимии худро медонист.