Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо ҳушёру бедор ҳастед?

Оё шумо ҳушёру бедор ҳастед?

«Бедор бошед, зеро намедонед, ки Писари Одам дар кадом рӯз ва кадом соат меояд» (МАТ. 25:13).

1, 2. а) Исо дар бораи рӯзҳои охир чиро ошкор кард? б) Мо кадом саволҳоро дида мебароем?

ТАСАВВУР кунед, ки Исо ҳамроҳи шогирдонаш — Петрус, Андриёс, Яъқуб ва Юҳанно дар кӯҳи Зайтун нишаста маъбади Ерусалимро назорат мекунад. Исо ба шогирдонаш дар бораи воқеаҳои оянда нақл карда истодааст, онҳо бошанд, бодиққат ӯро гӯш мекунанд. Исо дар бораи он нақл мекунад, ки дар замонҳои охир, вақте ӯ Подшоҳи Салтанати Худо мешавад, чӣ рӯй хоҳад дод. Исо ба онҳо гуфт, ки дар он замон ӯ «ғуломи мӯътамад ва доно»-ро таъин мекунад, то ки дар замин намояндаи ӯ бошад ва саривақт ба пайравони ӯ хӯроки лозима диҳад (Мат. 24:45–47).

2 Баъд, ҳангоми гуфтани ин пешгӯӣ, Исо масал дар бораи даҳ бокираро нақл мекунад. (Матто 25:1–13-ро бихонед.) Биёед ин масалро ба воситаи се савол дида бароем: 1) Маънои асосии ин масал чист? 2) Тадҳиншудагон аз ин масал чӣ дарс гирифтанд ва бакорбарии он ба онҳо чӣ фоида овард? 3) Чӣ тавр ҳар яки мо аз масали Исо манфиат гирифта метавонем?

ИН МАСАЛ ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

3. Солҳои пешин дар адабиёти мо масали даҳ бокира чӣ тавр маънидод мешуд ва ин дар худ чӣ хатар дошт?

3 Чи хеле ки дар мақолаи гузашта қайд кардем, ғуломи мӯътамад ва доно, бо гузашти вақт диққатро бештар на ба маънои рамзиву тимсолҳои воқеаҳо, балки ба дарсе ки масеҳиён аз он гирифта метавонанд, равона мекунад. Вақте дар адабиёти мо гап дар бораи даҳ бокира мерафт, диққати аз ҳад зиёд ба ҷузъҳои ночиз равона карда мешуд, аз қабили равған, чароғдон, шиша ва ғайра. Дар он ҷо гуфта мешуд, ки ҳар яки ин ашёҳо чизеро тасвир мекунанд. Лекин вақте ба ин чизҳо диққати зиёдатӣ медиҳем, оё мавзӯи асосӣ аз назар дур намешавад? Ёфтани ҷавоб ба ин савол барои ҳамаи мо муҳим аст.

4. Мо аз куҷо медонем, ки: а) домод кист? б) бокираҳо кистанд?

4 Биёед дида бароем, ки ин масали Исо чӣ маъно дорад. Якум, нақшҳои асосии ин масалро мебинем. Дар ин масал домод киро тасвир мекунад? Исоро. Худи ӯ дар чанд мавриди дигар домод гуфта ба худаш ишора карда буд (Луқ. 5:34, 35). Дар бораи бокираҳо чӣ гуфтан мумкин аст? Дар ин масал гуфта мешавад, ки вазифаи бокираҳо аз он иборат аст, ки чароғҳои худро гирифта барои омадани домод омода бошанд. Ин ба дастуроте ки Исо ба тадҳиншудагон дода буд, монанд аст: «Камарҳотон баста ва чароғҳотон фурӯзон бошад; ва худатон монанди касоне бошед, ки ба оғои худ интизорӣ доранд, то ки ҳангоми аз тӯи арӯсӣ омада дарро кӯфтанаш дарҳол барояш воз кунанд» (Луқ. 12:32, 35, 36). Ҳамчунин ҳаввории Павлус ва Юҳанно низ зери илҳоми илоҳӣ масеҳиёни тадҳиншударо ба бокираҳои покдоман монанд карда буданд (2 Қӯр. 11:2; Ваҳй 14:4). Пас, маълум мешавад, ки масали Исо дар бораи даҳ бокира, ки дар Матто 25:1–13 навишта шудааст, чун маслиҳат ва огоҳӣ ба тадҳиншудагон равона шудааст.

5. Масали Исо дар бораи бокираҳо ба кадом замон ишора мекунад?

5 Суханони Исо оиди бедор мондан ба кадом вақт дахл доранд? Ҷавоби ин саволро аз суханони зерини Исо ёфтан мумкин аст: «Домод омад» (Мат. 25:10). Дар маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми июли 2013 гуфта шуда буд, ки бобҳои 24 ва 25 китоби Матто ҳашт бор ба омадани Исо ишора мекунанд. Вақте Исо дар бораи омаданаш гап мезад, ӯ ба замони мусибати бузург ишора мекард. Ҳангоми мусибати бузург Исо барои доварӣ ва нест кардани ин дунёи шарир меояд. Барои ҳамин хулоса баровардан мумкин аст, ки масали Исо ба замони охир дахл дорад ва омадани ӯ дар вақти мусибати бузург сурат мегирад.

6. Агар контексти масалро ба назар гирем, маънои асосии ин масалро чӣ тавр фаҳмидан мумкин аст?

6 Маънои асосии ин масал дар чист? Контекстро ба хотир оред. Дар он ҷо сухан дар бораи «ғуломи мӯътамад ва доно» меравад. Ин ғулом гурӯҳи хурди масеҳиёни тадҳиншударо тасвир мекунад, ки бояд дар рӯзҳои охир пайдо мешуд ва дигар пайравони Исоро роҳнамоӣ мекард. Исо онҳоро огоҳ карда буд, ки содиқ бимонанд. Дар боби оянда бошад, ӯ ҳамаи тадҳиншудагонро даъват мекунад, ки бедор бошанд, то аз мукофоти худ маҳрум нашаванд (Мат. 25:13). Биёед акнун худи масалро муҳокима карда бинем, ки чӣ тавр тадҳиншудагон маслиҳати Исоро ба кор бурданд.

ЧӢ ТАВР ТАДҲИНШУДАГОН МАСЛИҲАТИ МАСАЛИ ИСОРО БА КОР БУРДАНД?

7, 8. а) Аз кадом сабаб бокираҳои доно ба омадани домод тайёр буданд? б) Чӣ тавр тадҳиншудагон тайёр буданашонро нишон доданд?

7 Дар масали Исо қайд шудааст, ки бокираҳои доно баръакси бокираҳои нодон ба омадани домод омода буданд. Чаро? Зеро онҳо худро тайёр карда буданд ва бедор монданд. Ҳамаи бокираҳо бояд тамоми шаб чароғҳояшонро фурӯзон нигоҳ дошта то омадани домод ҳушёру бедор мемонданд. Баръакси бокираҳои нодон бокираҳои доно дар чароғдонҳои худ равғани иловагӣ гирифта буданд. Оё масеҳиёни ҳақиқӣ низ мисли бокираҳои доно худро тайёр карданд?

8 Бешубҳа, онҳо тайёр буданд. Тадҳиншудагон дар давоми рӯзҳои охир ҳушёру бедор буданд ва содиқона хизмати худро ба ҷо меоварданд. Онҳо таъиноти худро қадр мекунанд ва барои ин тайёранд, ки аз баҳри чизҳои моддӣ бароянд. Онҳо азми қавӣ доранд, ки ба Яҳува хизмат кунанд ва инро на барои он мекунанд, ки охирзамон наздик аст, балки барои он ки Яҳува ва Писарашро дӯст медоранд. Масеҳиёни тадҳиншуда беайбии худро нигоҳ медоранд ва аз рӯҳияи ин ҷаҳон, ки дар онҳо чизпарастӣ, бадахлоқӣ ва худхоҳиро ривоҷ дода метавонад, канорагирӣ мекунанд. Ҳамин тавр онҳо тайёр ва ҳушёру бедор мемонанд, ҳатто агар ба назарашон чунин тобад, ки Домод дер карда истодааст (Флп. 2:15).

9. а) Исо дар бораи хоболудӣ чӣ гуфт? б) Вақте тадҳиншудагон дар бораи омадани Исо фаҳмиданд, онҳо чӣ тавр амал карданд? (Ба эзоҳ нигаред.)

9 Ба ғайр аз худро омода кардан ба бокираҳои доно ҳамчунин бедор монданашон кӯмак кард. Оё мумкин аст, ки масеҳии тадҳиншуда ҳангоми интизор будани Масеҳ ба хоби рӯҳонӣ равад? Албатта. Аҳамият диҳед, ки Исо дар бораи даҳ бокира гуфт: «Чун домод дер монд, ҳама пинак рафта, хуфтанд». Исо медонист, ки ҳатто агар шахс бедору омода бошад ҳам, ҷисми нотавонаш метавонад ба ӯ халал расонад. Аз ин рӯ масеҳиёни тадҳиншуда бо ҷидду ҷаҳди бештар мекӯшиданд, ки ҳушёру бедор бимонанд. Чӣ тавр? Дар масал ба гӯши ҳамаи бокираҳо нидои зерин расид: «Инак, домод меояд». Лекин танҳо бокираҳои доно ҳушёру бедор монданд (Мат. 25:5, 6; 26:41). Дар бораи тадҳиншудагон чӣ гуфтан мумкин аст? Дар давоми рӯзҳои охир нидои «Инак, домод меояд» гӯё садо медиҳад. Вақте тадҳиншудагон ин садоро шуниданд, дарҳол амал карданд. Онҳо ба душвориҳо тоб оварда кӯшиш мекунанд, ки то омадани Домод ҳушёру бедор бошанд *. Биёед қисми охири ин масали Исоро, ки ба муддати муайяни вақт ишора мекунад, дида бароем.

МУКОФОТ БАРОИ ДОНОЁН ВА ҶАЗО БАРОИ НОДОНОН

10. Аз гуфтугӯи байни бокираҳои донову нодон кадом савол ба миён меояд?

10 Дар охири ин масал бокираҳои нодон аз бокираҳои доно барои чароғҳояшон равған мепурсанд, лекин бокираҳои доно розӣ намешаванд. (Матто 25:8, 9-ро бихонед.) Чунин савол ба миён меояд: «Оё дар таърихи ходимони Яҳува чунин шудааст, ки тадҳиншудагони содиқ ба каси мӯҳтоҷ ёрдам кардан нахоҳанд?» Агар мо ба кадом вақт ишора кардани масали Исоро ба назар гирем, ҷавоби ин савол равшан мегардад. Домод, яъне Исо ба қарибӣ, дар охири мусибати бузург меояд, то одамонро доварӣ кунад. Ин қисми масал нишон медиҳад, ки пеш аз мусибати бузург чӣ рӯй хоҳад дод. Чаро мо ин хел гуфта метавонем? Барои он ки он замон тадҳиншудагон мӯҳри охирини худро хоҳанд гирифт.

11. а) Пеш аз сар задани мусибати бузург чӣ рӯй хоҳад дод? б) Он ки бокираҳои доно ба нодон гуфтанд, ки барои равған ба назди равғанфурӯшон раванд, барои бокираҳои нодон чӣ маъно дошт?

11 Пас, пеш аз сар шудани мусибати бузург бояд ҳамаи тадҳиншудагоне ки дар рӯи заминанд, мӯҳри охирини худро гиранд (Ваҳй 7:1–4). Аз ҳамон лаҳза бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки онҳо ба осмон мераванд. Лекин дар бораи оғози мусибати бузург фикр кунед. Бо тадҳиншудагоне ки бедор намемонанд ва беайбии худро нигоҳ намедоранд, чӣ рӯй медиҳад? Онҳо аз мукофоти осмонии худ маҳрум мешаванд ва мӯҳри охирини худро намегиранд. Ба ҷои онҳо дигар масеҳиёни содиқ тадҳин карда мешаванд. Саршавии мусибати бузург, яъне нестшавии Бобили бузург, барои онҳо ногаҳон хоҳад буд. Ва ба омадани Исо тайёр набудани худро онҳо танҳо он замон дарк хоҳанд кард, ки аллакай дер шудааст. Дар он лаҳза, агар онҳо кӯмак пурсанд, чӣ рӯй хоҳад дод? Ҷавобро аз масал ёфтан мумкин аст. Вақте бокираҳои нодон аз доно равған пурсиданд, онҳо надоданд. Бокираҳои доно ба нодон гуфтанд, ки барои равған ба назди равғанфурӯшон раванд. Азбаски аллакай ними шаб буд, аз имкон берун буд, ки онҳо касеро ёбанд. Акнун хеле дер шуда буд!

12. а) Дар давоми мусибати бузург оё тадҳиншудагони содиқ ба касоне ки мӯҳри охиринашонро намегиранд, кӯмак карда метавонанд? б) Бо онҳое ки мисли бокираҳои нодонанд, чӣ мешавад?

12 Дар давоми мусибати бузург тадҳиншудагони содиқ ба шахсоне ки беайбиашонро аз даст медиҳанд, кӯмак карда наметавонанд. Дар он вақт ягон кӯмак дастрас нахоҳад буд. Он гоҳ хеле дер хоҳад шуд. Пас, оқибати чунин шахсон чӣ гуна аст? Исо мефаҳмонад, ки вақте бокираҳои нодон барои харидани равған рафтанд, чӣ рӯй дод: «Домод омад, ва онҳое ки тайёр буданд, бо вай ба тӯи арӯсӣ даромаданд, ва дар баста шуд». Вақте Исо дар охири мусибати бузург дар ҷалоли худ меояд, ӯ тадҳиншудагони содиқро дар осмон ҷамъ меорад (Мат. 24:31; 25:10; Юҳ. 14:1–3; 1 Тас. 4:17). Барои тадҳиншудагоне ки беайбиашонро аз даст доданд, дар баста хоҳад шуд. Ба монанди бокираҳои нодон онҳо мегӯянд: «“Эй оғо! Эй оғо! Ба мо воз кун”». Лекин Исо ба онҳо чӣ ҷавоб медиҳад? Ӯ ба онҳо суханонеро мегӯяд, ки ба шахсоне ки ба бузҳо монанд карда шудаанд, гуфта буд: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: шуморо намешиносам» (Мат. 7:21–23; 25:11, 12). То чӣ андоза ин барояшон ғамангез хоҳад буд!

13. а) Чаро хулоса баровардан нодуруст мебуд, ки бисёре аз тадҳиншудагон садоқатмандии худро нигоҳ нахоҳанд дошт? б) Барои чӣ мо гуфта метавонем, ки Исо аз масеҳиёни тадҳиншуда дилпур аст? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

13 Оё Исо гуфтанӣ буд, ки бисёре аз тадҳиншудагон содиқ намемонанд ва бояд ба ҷои онҳо дигарон интихоб шаванд? Не. Ба хотир оред, ки дар боби 24-и китоби Матто ӯ «ғуломи мӯътамад ва доно»-ро огоҳ кард, ки ӯ ҳеҷ гоҳ ғуломи бадкирдор нашавад. Ин маънои онро надорад, ки Исо интизор буд, ки ғулом ҳатман бадкирдор мешавад. Масал дар бораи даҳ бокира ҳам огоҳӣ мебошад. Ҳар як тадҳиншуда ҳуқуқи интихоб дорад, ки мисли панҷ бокираи нодон бошад ё мисли панҷ бокираи доно ҳушёру бедор монад. Зери илҳоми илоҳӣ Павлуси расул низ фикри ба ин монандро гуфт. (Ибриён 6:4–9-ро бихонед; бо Такрори Шариат 30:19 муқоиса кунед.) Огоҳии ӯ чун дастурот буд, лекин ҳамчунин ҳамимононашро боварӣ мебахшид, ки онҳо мукофоташонро ҳатман мегиранд. Мисли ин огоҳии Исо аз масал дар бораи даҳ бокира нишон медиҳад, ки ӯ аз тадҳиншудагон дилпур аст. Ӯ медонист, ки ҳар як пайрави тадҳиншудааш метавонад садоқатмандии худро нигоҳ дорад ва соҳиби мукофоти олиҷаноб шавад!

«ГӮСФАНДОНИ ДИГАР»-И МАСЕҲ ЧӢ ГУНА МАНФИАТ МЕГИРАНД?

14. Чӣ тавр гӯсфандони дигар аз масали Исо дарс гирифта метавонанд?

14 Исо масал оиди даҳ бокираро ба шогирдони тадҳиншудааш равона кард, лекин оё «гӯсфандони дигар» низ аз он манфиат гирифта метавонанд? (Юҳ. 10:16). Албатта! Дар хотир доред, ки дарсе ки аз ин масал бармеояд, душвор нест: «Бедор бошед». Магар ин танҳо ба тадҳиншудагон дахл дорад? Исо гуфт: «Он чӣ ба шумо мегӯям, ба ҳама мегӯям: “Бедор бошед”» (Марқ. 13:37). Исо аз пайравони худ талаб мекунад, ки дили худро барои хизмати содиқона тайёр кунанд ва ҳушёриву бедориро нигоҳ доранд. Ҳамин тавр, ҳамаи масеҳиён ба намунаи тадҳиншудагон пайравӣ карда, хизматро дар ҷои аввали ҳаёти худ мегузоранд. Он ки бокираҳои нодон аз доноён каме равған пурсиданд, ба мо дарси муҳимеро таълим медиҳад. Талаби бехирадонаи онҳо нишон медиҳад, ки каси дигар наметавонад ба ҷои мо ба Худо содиқ монад ё ба ҷои мо бедор бошад. Ҳар як шахс дар назди Довари Одиле ки Яҳува таъин кардааст, худаш ҷавобгар аст. Мо бояд тайёр бошем. Омадани ӯ наздик аст!

Он ки бокираҳои нодон равған пурсиданд, ба мо хотиррасон мекунад, ки ҳеҷ кас ба ҷои мо наметавонад бедор монад ва содиқ бошад

15. Чаро ҳамаи масеҳиён бесаброна интизори тӯи Масеҳ мебошанд?

15 Ҳамаи масеҳиён тӯеро ки дар масали Исо тасвир шудааст, бесаброна интизоранд. Баъд аз ҷанги Ҳармиҷидӯн масеҳиёни тадҳиншуда дар осмон арӯси Масеҳ хоҳанд буд (Ваҳй 19:7–9). Аз ин тӯи рӯҳонӣ ҳамаи ходимони заминии Худо хурсанд хоҳанд шуд, чунки он барои одамон ҳокимияти комилро кафолат медиҳад. Новобаста аз он ки мо чӣ гуна умед дорем, биёед худро тайёр кунем ва ҳушёру бедор бошем. Агар мо чунин кунем, мо аз баракатҳои бешуморе ки Яҳува бароямон тайёр карда аст, баҳра хоҳем бурд!

^ сарх. 9 Вақте ки «Инак домод меояд» (ояти 6) гуфтанд, ӯ дарҳол неву баъди гузаштани як муддати муайяни вақт омад (ояти 10). Дар давоми рӯзҳои охир тадҳиншудагон ҳушёру бедориро нигоҳ медоранд. Онҳо аломати ҳузур доштани Исоро пай бурданд. Онҳо то омадани Исо бояд ҳушёру бедор бимонанд.