Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Кӣ меҳнати шуморо мебинад?

Кӣ меҳнати шуморо мебинад?

БАРОИ Басалъил ва Оҳолиоб кори сохтмон бегона набуд. Ҳангоми дар Миср ғулом буданашон, онҳо он қадар хишти зиёд рехта буданд ки, ҳисобаш гум. Онҳо мехостанд ин рӯзҳои вазнинро зудтар фаромӯш кунанд. Акнун бошад, онҳо бояд бо кори хеле нозуке машғул мешуданд, ки маҳорати зиёдро талаб мекард. Ба онҳо лозим буд, ки сохтани хаймаро роҳбарӣ кунанд (Хур. 31:1–11). Лекин меҳнати онҳо аз назари аксарият пинҳон монд. Оё онҳо аз ин рӯҳафтода мешуданд? Оё аҳамият дошт, ки кори онҳоро кӣ медид? Оё аҳамият дорад, ки касе кори шуморо мебинад ё не?

САНЪАТЕ КИ АЗ НАЗАРИ АКСАРИЯТ ПӮШИДА БУД

Хайма хеле зебо ва ба таври олиҷаноб ороиш дода шуда буд. Ду каррубии болои сандуқи аҳдро тасаввур кунед. Зебогии онҳоро тасвир карда Павлуси ҳавворӣ онҳоро «каррубиёни ҷалол» номид (Ибр. 9:5). Он ду каррубӣ аз тилло сохташуда, пурҳашамат ва назаррабо буданд (Хур. 37:7–9).

Агар чизҳои сохтаи Басалъил ва Оҳолиобро имрӯз меёфтанд, дар осорхонаҳои беҳтарин нигоҳ медоштанд, ки дар он ҷо тамошобинони зиёд санъату маҳорати онҳоро дида метавонистанд. Аммо дар замони онҳо кӣ имконият дошт, ки меҳнати ин ду касро мушоҳида кунад? Каррубиён дар Қудси қудсҳо ҷойгир буданд, ки ба он ҷо фақат саркоҳин ва он ҳам соле як бор, рӯзи кафорат медаромад (Ибр. 9:6, 7). Барои ҳамин гуфтан мумкин аст, ки меҳнати онҳо аз назари аксарият пӯшида буд.

БА МЕҲНАТИ ХУД АЗ РӮИ ФИКРИ ДИГАРОН БАҲО НАДИҲЕД

Агар шумо ба ҷои Басалъил ва Оҳолиоб мебудеду ин қадар заҳмат кашида кори зебоеро анҷом медодед, аз донистани он ки кори шуморо аксарият нахоҳад дид, чӣ ҳис мекардед? Имрӯз одамон танҳо он вақт хурсандӣ ва қаноатмандӣ ҳис мекунанд, агар дигарон кори онҳоро дида таърифу таҳсин кунанд. Онҳо ба меҳнати худ аз рӯи фикри одамон баҳо медиҳанд. Агар кори онҳо аз тарафи дигарон қадр карда шавад, он гоҳ худашон низ онро пурарзиш меҳисобанд. Аммо хизматгорони Яҳува ин хел фикр намекунанд. Монанди Басалъил ва Оҳолиоб ба мо иҷро кардани хости Яҳува ва доштани розигии Ӯ қаноатмандӣ меорад.

Дар рӯзҳои Исо сарварони динӣ тавре дуо мегуфтанд, ки ба дигарон писанд оянд. Лекин Исо чунин маслиҳат дод: бигзор дуоҳоят самимӣ бошанд ва кӯшиш накун, ки дигарон дуоҳоятро шунида туро таъриф кунанд. Агар чунин кунем, ин чӣ натиҷа меорад? Исо мегӯяд: «Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту ошкоро мукофот хоҳад дод» (Мат. 6:5, 6). Пас, муҳим он нест, ки дигарон дар бораи дуоҳои мо чӣ фикр мекунанд. Муҳим он аст, ки Яҳува дар бораи дуоҳоямон чӣ фикр дорад. Маҳз Ӯ муайян мекунад, ки дуоҳои мо пурарзишанд ё не. Ин на танҳо ба дуоҳоямон, балки ба ҳама корҳое ки мо дар хизмати муқаддасамон ба ҷо меорем, дахл дорад. Мо ба кори худ аз рӯи назари дигарон баҳо намедиҳем. Ба мо фикри Яҳува — Худои «ниҳонбин» муҳим аст.

Вақте хайма сохта шуд, «абр хаймаи ҷомеъро пӯшонид ва ҷалоли Худованд масканро пур кард» (Хур. 40:34). Ин баръало нишон медод, ки Яҳува аз ин кор розӣ буд. Ба фикри шумо, Басалъил ва Оҳолиоб он лаҳза чӣ ҳис карданд? Гарчанд номҳои онҳо дар чизҳои сохтаашон навишта нашуда буд, онҳо аз он ки Худо меҳнаташонро баракат дод ва аз корашон розӣ буд, хурсандӣ ҳис карданд (Мас. 10:22). Аз дидани он ки маҳсули меҳнаташонро тӯли солҳо дар хизмати Яҳува истифода мебаранд, дилашон аз шодӣ пур мешуд. Ҳангоми эҳёшавӣ ин ду ходими Яҳува мефаҳманд, ки хайма тӯли 500 сол дар ибодати пок истифода мешуд. Тасаввур кунед, ки аз фаҳмидани ин онҳо чӣ қадар хурсанд мешаванд!

Ҳатто агар касе кори шуморо набинад ҳам, Яҳува мебинад!

Имрӯз низ дар ташкилоти Яҳува аниматорон, рассомон, навозандагон, суратгирон, тарҷумонон ва нависандагони зиёде меҳнат мекунанд. Лекин ба мо маълум нест, ки ин ё он корро кадоме аз онҳо кардааст. Ҳамчунин дар бораи корҳои зиёде ки дар беш аз 110 000 ҷамъомади рӯи замин иҷро мешаванд, чунин гуфтан мумкин аст. Вақте ки воизон ҳисоботашонро дар охири моҳ месупоранд, оё касе онҳоро мебинад? Ва вақте котиби ҷамъомад ҳисоботи кори мавъизаро пур мекунад, кӣ кори ӯро мебинад? Вақте бародар ё хоҳаре ягон ҷои Толори Салтанатро таъмир мекунад, оё касе кори ӯро мебинад?

Басалъил ва Оҳолиоб дар охири умри худ мукофоту ҷоизаҳои зиёд надоштанд, ки ба дигарон нишон дода фахр кунанд. Лекин онҳо чизи беҳтаре доштанд –– розигии Яҳува. Мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува меҳнати онҳоро медид. Пас, биёед ба намунаи ин ходимони фурӯтану боғайрат пайравӣ кунем.