Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё виҷдони шумо роҳнамои хуб аст?

Оё виҷдони шумо роҳнамои хуб аст?

«Мақсади ин насиҳат муҳаббат аст, ки аз дили соф ва виҷдони нек... падид меояд» (1 ТИМ. 1:5).

СУРУДҲО: 22, 48

1, 2. Кӣ ба мо виҷдонро ато кард ва чаро мо бояд барои он миннатдор бошем?

ЯҲУВА ХУДО инсонро озод офаридааст ва ӯ дар ҳама корҳояш соҳиби ихтиёр аст. Худо ба мо виҷдон ато кардааст. Он гӯё садои дарунии инсон аст, ки ба вай кӯмак мерасонад, ки некро аз бад фарқ кунад. Агар онро дуруст ба кор барем ва ба овози он гӯш диҳем, аз бадӣ дур шуда бо роҳи рост меравем. Оне ки мо дорои виҷдон ҳастем, нишон медиҳад, ки Яҳува моро дӯст медорад ва мехоҳад, ки дар зиндагӣ комёб бошем.

2 Баъзе одамон нигоҳ накарда ба он ки бо меъёрҳои Китоби Муқаддас шинос нестанд, корҳои нек мекунанд ва аз бадӣ нафрат доранд. (Румиён 2:14, 15-ро бихонед.) Чаро? Зеро онҳо виҷдон доранд. Виҷдонашон онҳоро аз кардани корҳои бад бозмедорад. Танҳо тасаввур кунед, ки чӣ қадар дунё аз бадӣ пур мешуд, агар ҳеҷ кас виҷдон намедошт! Он гоҳ назар ба ҳозир чизҳои бад боз бештар рӯй медоданд. Мо хеле миннатдорем, ки Худо ба мо виҷдонро ато кардааст.

3. Виҷдонамон ба мо чӣ тавр кӯмак карда метавонад?

3 Аксари одамони ин ҷаҳон намехоҳанд, ки виҷдонашонро таълим диҳанд. Шоҳидони Яҳува бошанд, мехоҳанд, ки садои виҷдонашон ба гуфтаҳои Китоби Муқаддас мувофиқат кунад. Виҷдоне ки хуб таълим ёфтааст, ба ҷамъомади масеҳӣ фоидаи зиёд оварда метавонад. Лекин танҳо машқ додани виҷдон кам аст. Барои дуруст таълим додани он инкишоф додани имон ва муҳаббат дар талаб аст. Павлуси ҳавворӣ мегӯяд: «Мақсади ин насиҳат муҳаббат аст, ки аз дили соф ва виҷдони нек ва имони бериё падид меояд» (1 Тим. 1:5). Агар мо виҷдонамонро таълим диҳем ва ба овози он гӯш диҳем, муҳаббат ва имонамон ба Яҳува пурзӯртар мешавад. Аз тарзи ба кор бурдани виҷдонамон фаҳмидан мумкин аст, ки то чӣ андоза мо шахси рӯҳан баркамол ҳастем ва то чӣ андоза мехоҳем ба Яҳува писанд оем. Ин ҳамчунин ҳолати диламонро маълум месозад. Бале, виҷдонамон чӣ гуна шахс буданамонро нишон медиҳад.

4. Чӣ тавр мо виҷдонамонро таълим дода метавонем?

4 Чӣ тавр мо виҷдонамонро таълим дода метавонем? Агар мунтазам Китоби Муқаддасро омӯзем, дар бораи чизҳои хондаамон мулоҳиза ронем ва барои бакорбарии он аз Яҳува кӯмак пурсем. Аз ин ҷо бармеояд, ки танҳо хондан ва дар ёд гирифтани қонуну қоида ва дигар маълумот кам аст. Дар вақти омӯзиши Китоби Муқаддас мақсади мо бояд беҳтар фаҳмидани шахсият, хислатҳо ва хости Яҳува бошад. Ҳамин тавр мо виҷдони худро таълим медиҳем. Дар бораи Яҳува бештар фаҳмида, дар дили мо хоҳиш пайдо мешавад, ки фикрҳоямон ба Ӯ писанд бошанд.

5. Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

5 Шояд мо ба худ чунин саволҳоро диҳем: «Чӣ тавр виҷдони хубтаълимёфта ба мо кӯмак мекунад, ки қарори дуруст қабул кунем? Чӣ тавр мо виҷдони дигар масеҳиёнро ҳурмат карда метавонем? Чӣ тавр виҷдонамон моро барангехта метавонад, ки дар кори нек боғайрат бошем?» Биёед бинем, ки чӣ тавр дар мавридҳои зерин виҷдонамон ба мо кӯмак расонда метавонад: 1) ғамхорӣ нисбати саломатӣ, 2) вақтхушиву дамгирӣ ва 3) хизмат.

БОМУЛОҲИЗА БОШЕД

6. Баъзан ба мо чӣ гуна қарор қабул кардан лозим меояд?

6 Китоби Муқаддас ба мо насиҳат медиҳад, ки ҳеҷ гоҳ аз ҳад нагузарем. Дар он гуфта мешавад, ки мо аз пурхӯрӣ ва айшу нӯш канорагирӣ кунем (Мас. 23:20; 2 Қӯр. 7:1). Ба ин насиҳат гӯш дода мо саломатии худро нигоҳ медорем. Аммо бо гузашти вақт саломатиамон бадтар мешавад. Барои ҳамин баъзан ба мо оиди муолиҷа қарор қабул кардан лозим меояд. Дар баъзе мамлакатҳо ба одамон якчанд хел муолиҷа дастрас мебошад. Масалан, онҳо метавонанд назди духтур ё табиби халқӣ раванд. Бисёре аз бародару хоҳарон ба филиалҳо мактуб навишта оиди ин ё он намуди муолиҷа савол медиҳанд. Онҳо мепурсанд: «Оё ин намуди табобат ба Шоҳиди Яҳува равост ё не?»

7. Дар мавриди муолиҷаи тиббӣ мо бояд чӣ гуна қарор қабул кунем?

7 Ҳақиқати ҳол ин аст, ки на филиал ва на пирони ҷамъомад дар мавриди интихоби ин ё он намуди табобат ба ҷои дигар масеҳӣ қарор қабул намекунанд, ҳатто агар инро худи шахс пурсад (Ғал. 6:5). Пирон метавонанд, ба он гуфтаҳои Китоби Муқаддас ишора кунанд, ки ба шахс барои қарори дуруст қабул кардан кӯмак мерасонанд. Масалан, масеҳӣ бояд принсипи Китоби Муқаддасро дар хотир дошта «аз хун... парҳез кунад» (Аъм. 15:29). Аз ин амр масеҳӣ мефаҳмад, ки ӯ наметавонад худи хун ва ё яке аз чор қисми асосии онро истеъмол кунад. Ҳамчунин дар асоси ин маълумот ӯ хулоса бароварда метавонад, ки ин ё он фраксияи хурдро, ки аз як қисми асосии хун гирифта шудааст, истеъмол кунад ё не *. Аммо ба ғайр аз ин боз кадом маслиҳати Каломи Худо ба мо кӯмак расонда метавонад, ки дар мавриди табобат қарори оқилона қабул кунем?

8. Чӣ тавр Филиппиён 4:5 ба мо кӯмак мекунад, ки оиди табобат ва саломатӣ қарорҳои дуруст қабул кунем?

8 Дар Масалҳо 14:15 гуфта шудааст: «Содадил ба ҳар сухан имон меоварад, вале бофаросат ба ҳар қадами худ диққат медиҳад». Давои баъзе бемориҳо маълум нест. Барои ҳамин вақте ягон намуди табобатро таърифу тавсиф мекунанд, мо зуд бовар намекунем. Павлус гуфта буд: «Бигзор фурӯтанӣ [«бомулоҳизагӣ», ТДН]-и шумо ба ҳамаи одамон машҳур гардад» (Флп. 4:5). Баъзан чунин мешавад, ки шахс пурра аз паи саломатиаш шуда, вақти аз ҳад зиёдро ба он сарф мекунад ва дар натиҷа саломатии рӯҳониаш зарар мебинад. Агар мо бомулоҳиза набошему саломатӣ бароямон аз ҳама чизи асосӣ бошад, мо шахси худпараст шуда метавонем (Флп. 2:4). Мо медонем, ки дар ин дунё комилан сиҳату саломат буда наметавонем. Барои ҳамин мо набояд пайваста дар ғами саломатӣ бошем. Биёед кӯшиш кунем, ки хизмат ба Яҳува дар ҷои аввали ҳаётамон бошад. (Филиппиён 1:10-ро бихонед.)

Оё шумо ақидаи худро ба дигарон бор мекунед? (Ба сархати 9 нигаред.)

9. Чӣ тавр гуфтаҳои Румиён 14:13, 19 ба қарорҳои мо оиди саломатӣ таъсир расонда метавонанд ва чӣ ягонагии ҷамъомадро зери хатар гузошта метавонад?

9 Масеҳии бомулоҳиза ақидаи худро ба дигарон бор намекунад. Дар яке аз мамлакатҳои Аврупо ҷуфти ҳамсарон як намуди парҳез ва баъзе доруҳоро бо ҷидду ҷаҳд тарғиб мекарданд. Баъзе бародару хоҳарон ба тарғиби онҳо дода шуданд, дигарон бошанд, не. Вақте парҳез ва доруҳо натиҷаи нағз наоварданд, бародару хоҳарони зиёд зиқ шуданд. Он ҷуфт метавонист барои худ муайян кунад, ки кадом намуди доруҳо ва парҳезро интихоб кунад. Лекин магар аз рӯи хирад буд, ки онҳо аз барои масъалаи табобат ягонагии ҷамъомадро зери хатар гузоранд? Масеҳиён дар Руми қадим оиди хӯрдани баъзе хӯрокҳо ва ҷашн гирифтани баъзе идҳо ақидаҳои гуногун доштанд. Павлуси ҳавворӣ ба онҳо чунин маслиҳат дод: «Як кас як рӯзро аз рӯзи дигар авло медонад; лекин каси дигар рӯзҳоро баробар медонад. Бигзор ҳар яке дар эътиқоди худ устувор бошад». Пас, биёед кӯшиш кунем, ки пеши пои дигарон санги монеа нагузорем. (Румиён 14:5, 13, 15, 19, 20-ро бихонед.)

10. Чаро мо бояд қарорҳои шахсии дигаронро ҳурмат кунем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

10 Баъзан мо шояд намефаҳмем, ки чаро ҳамимони мо дар масъалаи шахсӣ ин ё он қарорро қабул кард. Дар ин маврид мо набояд ӯро дарҳол ҳукм кунем ва ё маҷбур созем, ки қарорашро дигар кунад. Эҳтимол, виҷдони ӯ то ҳол «нотавон» аст ва ба таълимдиҳӣ ниёз дорад ва ё шояд виҷдонаш аз ҳад зиёд ҳассос аст (1 Қӯр. 8:11, 12). Ё мумкин виҷдони худи мо нағз таълим нагирифтааст. Дар чунин масъалаҳои шахсӣ ба монанди ғамхорӣ нисбати саломатӣ ҳар яки мо бояд худамон қарор қабул кунем ва тайёр бошем, ки бо оқибатҳои қарорамон зиндагӣ кунем.

ВАҚТХУШӢ ВА ДАМГИРӢ

11, 12. Чӣ тавр Китоби Муқаддас дар интихоби вақтхушиву дамгирӣ ба мо кӯмак мекунад?

11 Мо тавре офарида шудаем, ки ба дамгириву вақтхушӣ ниёз дорем. Сулаймон навишта буд, ки «вақте барои хандидан» ва «вақте барои рақсидан» аст (Воиз 3:4). Лекин на ҳар вақтхушӣ фоидаву тароват мебахшад. Мо бояд эҳтиёт шавем, ки вақти аз ҳад зиёдро ба вақтхушӣ сарф накунем. Чӣ тавр виҷдонамон ба мо кӯмак мекунад, то вақтхушиеро интихоб кунем, ки ҳам ба мо ҳаловат оварад ва ҳам писанди Яҳува бошад?

12 Китоби Муқаддас моро огоҳ мекунад, ки аз «корҳои ҷисм» даргурез бошем. Ба ин корҳо «фисқ, зино, нопокӣ, фуҷур, бутпарастӣ, ҷодугарӣ, адоват, хархаша, ҳасад, хашм, ҷидол, ихтилофот, бидъатҳо, нафрат, қатлҳо, бадмастӣ, бетартибӣ ва монанди ин» дохил мешаванд. Павлус гуфт, ки «кунандагони чунин корҳо Малакути Худоро мерос нахоҳанд гирифт» (Ғал. 5:19–21). Мо низ аз худ пурсида метавонем: «Оё виҷдонам маро водор месозад, ки аз он намудҳои варзиш, ки ба зӯроварӣ, рақобатпарастӣ, миллатчигӣ ва хашм тела медиҳанд, дурӣ ҷӯям? Оё овози даруниам маро бармеангезад, ки аз тамошои филмҳое ки бадахлоқӣ, бадмастӣ ва ё ҷодугариро чун як чизи безарар нишон медиҳанд, ҳазар кунам?»

13. Чӣ тавр маслиҳати дар 1 Тимотиюс 4:8 ва Масалҳо 13:20 додашуда ба мо дар мавриди дамгирӣ кӯмак расонда метавонад?

13 Принсипҳои Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мекунанд, ки виҷдони худро дар мавриди дамгирӣ таълим диҳем. Масалан, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки машқи ҷисмонӣ каме фоида меорад (1 Тим. 4:8). Машқи мунтазам тароватбахш аст ва ба саломатӣ фоида меоварад. Лекин оё аҳамият дорад, ки мо ҳамроҳи кӣ як гурӯҳ шуда машқ мекунем? Дар Масалҳо 13:20 гуфта шудааст: «Касе ки бо хирадмандон гардад, хирадманд мешавад; вале касе ки бо аблаҳон ҷӯра шавад, шикаст мехӯрад». Равшан аст, ки мо бояд ҳангоми интихоби дамгирӣ виҷдони аз рӯи Китоби Муқаддас таълимёфтаамонро ба кор барем.

14. Чӣ тавр як хоҳари наврас мувофиқи принсипҳои дар Румиён 14:2–4 навишташуда амал кард?

14 Кристиан ва завҷааш Даниэла соҳиби ду духтари наврас мебошанд. Кристиан мегӯяд: «Ҳангоми ибодати оилавиамон мо мавзӯи вақтхуширо муҳокима намудем. Мо ба хулосае омадем, ки баъзе намуди вақтхушӣ ба Худо маъқул асту баъзеяш не. Пас, савол ба миён омад, ки ёрони хуб кистанду ёрони бад кӣ. Яке аз духтаронамон гуфт, ки ҳангоми танаффус баъзе Шоҳидон тавре рафтор мекарданд, ки ба фикри вай нодуруст буд. Дар ӯ низ чунин хоҳиш пайдо мешуд, ки мисли онҳо рафтор кунад. Мо бо ӯ ин масъаларо дида баромадем ва фаҳмондем, ки ҳар як шахс бояд аз рӯи виҷдони худ амал карда, бодиққат бошад, ки бо чӣ кор машғул мешавад ва ҳамроҳи кӣ». (Румиён 14:2–4-ро бихонед.)

Агар виҷдони шумо аз Китоби Муқаддас таълим ёфта бошад, он шуморо аз хатар нигоҳ медорад (Ба сархати 14 нигаред.)

15. Чӣ тавр маслиҳати Исо аз Матто 6:33 ба мо кӯмак мекунад, ки ҳангоми ба нақша гирифтани вақтхушӣ аз рӯи хирад рафтор кунем?

15 Мо ҳамчунин бояд ба он диққат диҳем, ки чӣ қадар вақтро барои вақтхушӣ сарф мекунем. Оё шумо вохӯриҳои ҷамъомад, хизмат ва омӯзиши Китоби Муқаддасро дар ҷои аввали ҳаётатон мегузоред? Ва ё шумо ба корҳои рӯҳонӣ танҳо дар вақти бекориатон машғул мешавед? Исо гуфта буд: «Аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед ва ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд» (Мат. 6:33). Оё ҳангоми ба нақша гирифтани вақтхушӣ виҷдонатон маслиҳати Исоро ба шумо хотиррасон мекунад?

МАВЪИЗА КУНЕД

16. Виҷдонамон моро ба чӣ бармеангезад?

16 Агар виҷдони мо хуб таълим ёфта бошад, он моро на танҳо аз корҳои бад огоҳ мекунад, балки ба кардани корҳои нек бармеангезад. Баъзе корҳои нек ин мавъизаи хона ба хона ва ғайрирасмӣ мебошад. Виҷдони Павлус ӯро ба ин кор водор мекард. Ӯ худро ба ин кор вазифадор ҳис мекард, барои ҳамин чунин гуфт: «Вой бар ҳоли ман, агар башорат надиҳам!» (1 Қӯр. 9:16). Ба Павлус дар ин кор пайравӣ карда, мо боварӣ ҳосил мекунем, ки виҷдони пок дорем ва кори дурустро карда истодаем. Ҳамчунин мо бо мавъизаи худ ба дили онҳо таъсир расонда метавонем. Павлус гуфта буд: «Ростиро ошкор карда, худро ба виҷдони ҳар кас ба ҳузури Худо вогузор менамоем» (2 Қӯр. 4:2).

17. Чӣ тавр як хоҳари ҷавон ба овози виҷдонаш гӯш дод?

17 Вақте Жаклин 16-сола буд, дар мактаб, дар дарси биология мавзӯи эволютсияро мегузаштанд. Хоҳарамон нақл мекунад: «Одатан ман дар дарс фаъолона иштирок мекунам. Аммо азбаски ман бо назарияи эволютсия розӣ набудам, виҷдонам намегузошт, ки ба пуррагӣ дар муҳокимаи ин мавзӯъ иштирок кунам. Ман назди муаллим омада, ақидаи худро фаҳмондам. Муаллим маро оромона гӯш кард. Беш аз ин ӯ имконият дод, ки ман дар бораи офариниш дар пеши тамоми синф баромад кунам. Ман чунин муносибатро интизор набудам». Жаклин ба овози виҷдонаш гӯш дода аз он ки мувофиқи Китоби Муқаддас амал кард, ором шуд. Оё виҷдони шумо низ шуморо ба кардани кори дуруст водор месозад?

18. Чаро мо мехоҳем, ки виҷдони худро таълим диҳем?

18 Мақсади мо ин аст, ки аз рӯи гуфтаҳои Яҳува рафтор кунем ва ин ба мо хурсандӣ меорад. Барои ин корро кардан мо бояд виҷдонамонро хуб таълим диҳем. Бо он ки Каломи Худоро меомӯзем, дар бораи чизҳои фаҳмидаамон мулоҳиза меронем ва онро ба кор мебарем, мо виҷдони худро таълим медиҳем. Ин тавр карда мо атои бебаҳои Яҳуваро ба таври беҳтарин истифода мебарем!