Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Яҳува моро дӯст медорад!

Яҳува моро дӯст медорад!

«Падар ба мо чӣ гуна муҳаббате ато намудааст» (1 ЮҲ. 3:1).

СУРУДҲО: 51, 13

1. Юҳаннои ҳавворӣ масеҳиёнро ба чӣ ташвиқ кард ва чаро?

ЮҲАННОИ ҳавворӣ моро ташвиқ кард, ки дар бораи муҳаббати бепоёни Яҳува биандешем: «Бубинед, ки Падар ба мо чӣ гуна муҳаббате ато намудааст» (1 Юҳ. 3:1). Вақте мо дар бораи он фикр мекунем, ки Яҳува то чӣ андоза моро дӯст медорад ва бо кадом роҳҳо муҳаббаташро нишон медиҳад, мо ба Ӯ наздиктар мешавем ва муҳаббатамон нисбати Ӯ зиёдтар мегардад.

2. Барои чӣ ба баъзеҳо дарк кардани он ки Яҳува моро дӯст медорад, душвор аст?

2 Барои баъзеҳо он ки Худо одамонро дӯст медорад, як чизи аз ақл берун аст. Ба гуфти онҳо Худо танҳо қонуну қоида мебарораду одамонро ҷазо медиҳад. Чунин одамон фикр мекунанд, ки Худо парвои бандагонашро надорад. Дигарон бошанд, гумон мекунанд, ки Худованд бечунучаро ҳамаро дӯст медорад: хоҳ одамон рафтори нек дошта бошанд, хоҳ бад. Лекин Китоби Муқаддасро омӯхта шумо бо ҳақиқат дар бораи Худо шинос шудед ва дарк кардед, ки ҳар дуи ин ақида хато аст. Муҳаббат хислати бузургтарини Яҳува мебошад ва маҳз аз муҳаббат Ӯ Писарашро чун қурбонии фидия ба мо дод (Юҳ. 3:16; 1 Юҳ. 4:8). Лекин, шояд аз сабаби он ки мо дар кадом муҳит тарбия ёфтаем, бароямон дарк кардан душвор аст, ки Яҳува моро то чӣ андоза дӯст медорад.

3. Донистани чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки муҳаббати Яҳуваро дарк кунем?

3 Яҳува муҳаббаташро нисбати мо бо кадом роҳҳо нишон медиҳад? Барои фаҳмидани ин ба хотир овардан даркор аст, ки Яҳува Офаридгори тамоми одамизод аст. (Забур 99:3–5-ро бихонед.) Ана барои ҳамин Китоби Муқаддас Одамро писари Худо меномад ва маҳз аз ҳамин сабаб Исо пайравонашро барангехт, ки Худоро Падари осмонии худ хонанд (Мат. 6:9; Луқ. 3:38). Яҳува Падари мост ва мо фарзандони Ӯ ҳастем, чунки зиндагии мо аз Ӯ сарчашма гирифтааст. Яҳува моро падарвор дӯст медорад.

4. а) Яҳува аз падарони инсонӣ чӣ фарқ дорад? б) Мо дар ин мақола ва мақолаи навбатӣ чиро дида мебароем?

4 Чун одамони нокомил падарон ҳар қадаре ки накӯшанд, ба муҳаббати Яҳува пурра пайравӣ карда наметавонанд. Баъзеҳо дар хурдиашон падари меҳрубону ғамхор надоштаанд. Онҳо дар оилае калон шудаанд, ки падарашон шахси золиму бераҳм будааст. Он одамон то ҳол бо хотираҳои талхи кӯдакиашон зиндагӣ мекунанд. Аммо бешакку шубҳа Яҳува чунин падар нест (Заб. 26:10). Аз меҳру муҳаббати Яҳува огоҳ шуда мо ба Ӯ наздиктар мешавем (Яъқ. 4:8). Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чӣ тавр Яҳува бо чор роҳ муҳаббаташро ба мо нишон медиҳад. Дар мақолаи навбатӣ бошад, мо мебинем, ки бо кадом чор роҳ мо ба Ӯ муҳаббати худро зоҳир карда метавонем.

ЯҲУВА ҒАМХОРИ МОСТ

5. Павлуси ҳавворӣ ба сокинони Атино дар бораи Худо чӣ гуфт?

Вақте Павлуси ҳавворӣ дар Атинои Юнон буд, ӯ дид, ки шаҳр пур аз бути худоҳост ва одамон бовар мекарданд, ки худоҳояшон ба онҳо ҳаёт бахшиданд. Аз ин рӯ Павлус ба онҳо гуфт: «Худое ки олам ва тамоми мавҷудоти онро офаридааст... ҳаёт ва нафас ва ҳар чизро ба ҳама мебахшад... мо дар Ӯ зиндагӣ ва ҳаракат мекунем ва вуҷуд дорем» (Аъм. 17:24, 25, 28). Бале, маҳз Яҳува «ҳар чизро» аз рӯи муҳаббат ба мо ато мекунад, то мо аз ҳаёт лаззат барем. Биёед баъзе аз атоҳои Ӯро дида бароем.

6. Яҳува ба мо чӣ гуна хонае ато кардааст? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

6 Масалан, Яҳува ба мо хонаи зебое — Заминро тайёр кардааст (Заб. 113:23, 24). Олимон маблағи хеле зиёдро сарф карданд, то сайёраҳои дигареро ба монанди Замин пайдо кунанд. Гарчанд садҳо сайёра кашф карда шуд, олимон диданд, ки дар байни онҳо сайёрае ки барои вуҷуд доштани ҳаёт шароити қулай дошта бошад, нест. Замин дар ҳақиқат сайёраи беҳамтост. Танҳо тасаввур кунед, ки дар тамоми галактикаи Каҳкашон танҳо дар сайёраи мо ҳаёт вуҷуд дошта метавонад. Яҳува заминро на фақат барои он офаридааст, ки мо дар он зиндагӣ кунем, балки аз зебогии он лаззат барем (Иш. 45:18). Вақте мо дар бораи ин атои Яҳува фикр мекунем, мо дарк менамоем, ки Ӯ моро дар ҳақиқат дӯст медорад. (Айюб 38:4, 7 ва Забур 8:4–6-ро бихонед.)

7. Чӣ тавр тарзи офарида шуданамон муҳаббати Яҳуваро нисбат ба мо нишон медиҳад?

7 Яҳува медонад, ки барои хушбахту қаноатманд буданамон мо на танҳо ба хӯроку пӯшок ниёз дорем. Вақте волидон ба фарзандашон муҳаббату ғамхорӣ зоҳир мекунанд, ӯ худро хушбахт ҳис мекунад. Яҳува одамонро ба сурати худ офаридааст. Ӯ моро тавре офаридааст, ки дигаронро дӯст дорем ва дигарон моро дӯст доранд (Ҳас. 1:27). Беш аз ин Исо гуфта буд: «Хушбахтанд касоне, ки мӯҳтоҷи Худо буданашонро медонанд» (Мат. 5:3, Хушхабар). Чун Падари меҳрубон Яҳува ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам рӯҳонӣ «ҳама чизро барои маишати мо ба фаровонӣ ато мекунад» (1 Тим. 6:17; Заб. 144:16).

ЯҲУВА ОМӮЗГОРИ МОСТ

8. Чаро мо мехоҳем, ки Яҳува моро таълиму тарбия диҳад?

8 Ҳар як падар фарзандашро дӯст медорад ва намехоҳад, ки вай дар зиндагӣ фиреб хӯрад. Лекин аксари падарон наметавонанд ба фарзандони худ тарбияи дуруст диҳанд, чунки худи онҳо аз рӯи гуфтаҳои Худо зиндагӣ намекунанд. Дар натиҷа оилаҳо хушбахтиву қаноатмандӣ ҳис намекунанд (Мас. 14:12). Лекин Яҳува ба фарзандонаш таълиму роҳнамоии беҳтаринро медиҳад, чунки Ӯ «Худои ростӣ» аст (Заб. 30:6). Яҳува мехоҳад, то мо ҳақиқатро дар бораи Ӯ бифаҳмем ва Ӯро ба таври барояш писанд ибодат кунем. Ӯ ба мо тарзи беҳтарини ҳаётро нишон медиҳад. (Забур 42:3-ро бихонед.) Биёед баъзе аз чунин нишонаҳои муҳаббати Яҳуваро дида бароем.

Ба Яҳува пайравӣ карда падарон ҳақиқатро ба фарзандонашон таълим медиҳанд ва кӯмак мекунанд, ки ба Падари осмониашон наздик шаванд (Ба сархатҳои 8–10 нигаред.)

9, 10. а) Яҳува дар бораи худаш ба мо чиро ошкор кард? б) Худо дар бораи мо чиро ошкор кардааст?

9 Пеш аз ҳама Яҳува ҳақиқатро дар бораи худаш ба мо ошкор кард. Ӯ номашро ба мо кушод, номеро ки назар ба дигар номҳо дар Китоби Муқаддас бештар вомехӯрад. Яҳува ба мо имконият медиҳад, ки бо Ӯ шинос шавем ва ҳамин тавр ба мо наздик мешавад (Яъқ. 4:8). Ҳамчунин Яҳува ба мо шахсияташро маълум сохт. Вақте мо ба чизҳои офаридаи Ӯ менигарем, мо мефаҳмем, ки то чӣ андоза Ӯ пурқудрату хирадманд аст (Рум. 1:20). Аз Китоби Муқаддас бошад, мо дар бораи адолат ва муҳаббати бепоёни Ӯ мефаҳмем. Яҳува Падаре мебошад, ки на танҳо пурқудрату хирадманд, балки ҳамчунин адолатдӯсту пурмуҳаббат аст. Ба туфайли чунин хислатҳо фарзандон метавонанд бо Ӯ муносибати наздик инкишоф диҳанд.

10 Ҳамчунин Яҳува ба мо ҳақиқатро дар бораи одамизод ошкор кардааст. Яҳува мегӯяд, ки мо қисми оилаи Ӯ мебошем ва мефаҳмонад, ки барои нигоҳ доштани сулҳу ягонагӣ бо аъзоёни дигари оилааш мо бояд чӣ кор кунем. Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки Ӯ моро тавре наофаридааст, то худамон муайян кунем, ки чӣ нек асту чӣ бад (Ирм. 10:23). Фақат Яҳува медонад, ки чӣ барои мо хуб асту чӣ бад. Ва мо танҳо он вақт ҳаёти тинҷу ором ва пурмаъно дошта метавонем, агар мавқеи Ӯро эътироф намоему ба Ӯ итоат кунем. Яҳува ин ҳақиқати муҳимро ошкор кард, зеро Ӯ моро дӯст медорад.

11. Кадом ваъдаи Яҳува нишон медиҳад, ки Ӯ нисбати мо ғамхору меҳрубон аст?

11 Падари меҳрубону ғамхор дар фикри ояндаи фарзандонаш аст. Ӯ мехоҳад, ки онҳо ҳаёти пурмазмун дошта бошанд. Сад афсӯс, ки имрӯзҳо аксари одамон ба оянда бо боварӣ наменигаранд ва ё аз пайи чизҳои ҳеҷу пуч шуда ҳаёташонро барбод медиҳанд (Заб. 89:10). Чун фарзандони Худо мо муҳаббати Ӯро дар худ ҳис мекунем, зеро Яҳува ояндаи олиҷаноберо ба мо ваъда додааст. Донистани ин ҳаёти моро дар ҳақиқат пурмаъно мегардонад.

ЯҲУВА ТАРБИЯТГАРИ МОСТ

12. Чӣ тавр Яҳува кӯшиш кард, ки ба Қобилу Борух кӯмак кунад?

12 Вақте Яҳува дид, ки Қобил ба кори хеле бад даст заданист, Ӯ кӯшиш кард, ки ба Қобил дасти ёрӣ дароз кунад. Яҳува аз ӯ пурсид: «Чаро ба хашм омадӣ? Ва чаро рӯят турш шуд? Агар некӣ мекардӣ, оё мақбул намешудӣ?» (Ҳас. 4:6, 7). Қобил кӯмаки Яҳуваро рад кард ва оқибати бади онро чашид (Ҳас. 4:11–13). Дар мавриди дигар, Яҳува дид, ки котиби пайғамбар Ирмиё — Борух рӯҳияи нодуруст зоҳир мекунад. Барои ҳамин Ӯ ба Борух маслиҳат дод, ки тарзи фикррониашро ислоҳ кунад. Баръакси Қобил Борух ба маслиҳати Яҳува гӯш дод ва ин ҳаёти ӯро наҷот дод (Ирм. 45:2–5).

13. Он ки Яҳува ба озмоишҳо роҳ медод, ба хизматгоронаш чӣ гуна кӯмак кард?

13 Аз муҳаббат Яҳува моро на танҳо ислоҳ, балки таълиму тарбия низ мекунад (Ибр. 12:6). Аз Китоби Муқаддас мо мехонем, ки баъзе аз ходимони содиқи Худо ба туфайли таълиму тарбияи Яҳува беҳтар шуданд. Масалан, Юсуф, Мусо ва Довуд рӯзҳои сахтро аз сар гузаронида буданд. Дар давоми озмоишҳояшон Яҳува бо онҳо буд. Ва чизе ки онҳо дар вақти озмоишҳо мефаҳмиданд, ба онҳо ҳангоми аз Яҳува гирифтани масъулиятҳои калон кӯмак карда буд. Вақте мо аз Китоби Муқаддас мехонем, ки чӣ тавр Яҳува халқашро дастгириву роҳнамоӣ мекард, мо дарк мекунем, ки Ӯ моро дар ҳақиқат дӯст медорад. (Масалҳо 3:11, 12-ро бихонед.)

14. Вақте мо ягон кори хато мекунем, чӣ тавр Яҳува муҳаббаташро ба мо зоҳир мекунад?

14 Таълиму тарбияи Яҳува боз як ҷониби муҳаббати Ӯро ошкор месозад. Вақте шахси гуноҳкарда ислоҳро қабул мекунад ва аз кардааш пушаймон мешавад, Яҳува ӯро мебахшад (Иш. 55:7). Суханони Довуд дар бораи бахшандагии Яҳува нишон медиҳад, ки Падари осмонии мо то чӣ андоза дилсӯзу раҳмдил аст: «Ӯ ҳамаи гуноҳҳоятро меомурзад; ҳамаи касалиҳоятро шифо мебахшад; ҳаётатро аз гӯр раҳо мекунад; туро бо эҳсон ва марҳамат фаро мегирад; ба андозае ки шарқ аз ғарб дур аст, ҷиноятҳои моро ба ҳамон андоза аз мо дур кардааст» (Заб. 102:3, 4, 12). Яҳува бо роҳҳои гуногун моро таълиму насиҳат медиҳад. Биёед ҳамеша ба маслиҳатҳои Ӯ бодиққат ва барои ба кор бурдани онҳо тайёр бошем. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозед, ки ҳар киро Яҳува дӯст дорад, ӯро таълиму тарбия мекунад (Заб. 29:6).

ЯҲУВА ПАНОҲГОҲИ МОСТ

15. Боз бо кадом роҳ Яҳува муҳаббаташро ба мо нишон медиҳад?

15 Яке аз вазифаҳои падар муҳофизату нигоҳубин кардани фарзандонаш мебошад. Азбаски Яҳува дар меҳрубонӣ ва ғамхорӣ ҳамто надорад, Ӯ ин корро ба таври беҳтарин мекунад. Дар бораи Ӯ забурнавис чунин мегӯяд: «Ӯ ҷонҳои порсоёни Худро нигоҳдорӣ мекунад, онҳоро аз дасти шарирон халосӣ медиҳад» (Заб. 96:10). Дар бораи чашмони худ фикр кунед. Шумо онҳоро сахт эҳтиёт мекунед, чунки чашмонатон бароятон азизанд. Яҳува низ ба халқи худ маҳз ҳамин тавр муносибат мекунад. (Закарё 2:8-ро бихонед.) Худо ходимони содиқашро дӯст медорад ва онҳо барояш азизанд.

16, 17. Фаҳмонед, ки Яҳува бо кадом роҳҳо халқи худро дар гузашта ҳимоя мекард ва чӣ тавр имрӯз мекунад.

16 Як роҳе ки Яҳува моро бо он муҳофизат мекунад, фариштагонанд (Заб. 90:11). Боре як фаришта дар як шаб 185 000 сарбози ашшуриёнро нобуд карда халқи Худоро наҷот дод (4 Подш. 19:35). Дар асри як бошад, фариштагон Петрус, Павлус ва дигар масеҳиёнро аз зиндон озод карда буданд (Аъм. 5:18–20; 12:6–11). Имрӯз низ дасти Яҳува кӯтоҳ нест. Ӯ ҳанӯз халқашро нигаҳбонӣ мекунад. Чанде пеш дар яке аз мамлакатҳои Африқо ҷанги хунин буд. Дар саросари мамлакат аз сабаби занозанӣ, дуздӣ, таҷовуз ва куштор бетартибӣ ҳукмфармо буд. Лекин ҳеҷ яке аз бародару хоҳаронамон нобуд нашуд, гарчанд бисёриҳо хонаву дари худро аз даст дода буданд. Вақте намояндаи идораи марказӣ ба мамлакати онҳо ташриф оварда аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон шуд, ҳамаашон бо табассуми самимӣ ҷавоб доданд: «Шукри Яҳува ҳамааш хуб!» Онҳо муҳаббату ғамхории Яҳуваро дар худ ҳис мекарданд.

17 Яҳува баъзан роҳ медиҳад, ки ходимони содиқаш ба монанди Истефанус кушта шаванд. Аммо Ӯ халқашро дар кулли худ аз чанголи марговари Шайтон нигоҳ медорад (Эфс. 6:10–12). Ба воситаи Каломи Худо ва адабиёти бар он асосёфта мо аз домҳои зерини Шайтон ба мисли бойгарии фиребанда, вақтхушиҳое ки дар худ бадахлоқӣ ё зӯроварӣ доранд, суиистифода аз Интернет ва ғайра огоҳ карда мешавем. Яҳува бешубҳа ғами бандагонашро мехӯрад ва мехоҳад, ки онҳо аз хатар эмин бошанд.

БАРАКАТИ БЕБАҲО

18. Оё шумо муҳаббати Яҳуваро дар худ ҳис мекунед?

18 Дар бораи ҳама солҳои дар хизмати Яҳува гузаронидааш фикр карда Мусо бо дилпурӣ дар бораи муҳаббати Яҳува навишт: «Саҳаргоҳон моро аз эҳсони Худ сер кун, то ки тамоми умри худ тараннум ва хурсандӣ кунем» (Заб. 89:14). Дарк кардан ва дар худ ҳис кардани муҳаббати Яҳува бароямон баракати бебаҳо аст. Мо низ бо суханони зерини Юҳаннои ҳавворӣ розием: «Бубинед, ки Падар ба мо чӣ гуна муҳаббате ато намудааст» (1 Юҳ. 3:1).