Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чаро дар бораи боғи Адан ҳақиқатро донистан муҳим аст?

Чаро дар бораи боғи Адан ҳақиқатро донистан муҳим аст?

Чаро дар бораи боғи Адан ҳақиқатро донистан муҳим аст?

БАЪЗЕ олимон норозигӣ баён карда мегӯянд, ки дар дигар порчаҳои Китоби Муқаддас дар бораи боғи Адан чизе гуфта нашудааст. Масалан, Пол Моррис ном диншинос мегӯяд: «Дар ягон ҷойи дигари Китоби Муқаддас дар бораи рӯйдоди боғи Адан рӯирост гуфта нашудааст». Ҳарчанд ин ақида ба дигар олимон, эҳтимол, маъқул аст, он ба далелҳо муқобил мебошад.

Ҳақиқати ҳол ин аст, ки дар Китоби Муқаддас дар бораи боғи Адан, Одаму Ҳавво ва мор маротибаҳои зиёд гуфта шудааст *. Бояд гуфт, ки норозигие, ки дар боло зикр шуду танҳо фикри шахсии якчанд олим аст, дар пеши фикри хатои пешвоёни дин ва мунаққидони Китоби Муқаддас ҳеҷ аст. Ин пешвоён ва мунаққидон гуфтаҳои китоби якуми Мӯсоро дар бораи боғи Адан инкор карда, боварии мардумро ба тамоми Навиштаҳои илҳомбахшида коста мегардонанд. Чӣ тавр?

Барои фаҳмидани дигар китобҳои Навиштаҳо дар бораи рӯйдодҳои боғи Адан донистан хеле муҳим аст. Масалан, Худо ба мо Китоби Муқаддасро барои он додааст, ки мо ба саволҳои хеле муҳим ҷавоб ёбем. Ҷавоби Китоби Муқаддас ба чунин саволҳо бо воқеаҳое, ки дар боғи Адан рӯй дода буданд, алоқаманд аст. Биёед баъзеи ин саволҳоро дида бароем.

Чаро мо пир мешавему мемирем? Одаму Ҳавво бояд дар итоати Яҳува мебуданд ва то абад зиндагӣ мекарданд. Танҳо беитоатӣ онҳоро аз ҳаёт маҳрум карда метавонист. Бинобар ин, баъди он ки онҳо зидди Худо исён бардоштанд, пир шуда, мурданд (1 Мӯсо 2:16, 17; 3:19). Онҳо комилиятро аз даст доданд, ба наслашон бошад, танҳо гуноҳ ва нокомилиро мерос монда тавонистанд. Аз ин рӯ дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон даромад ва ба воситаи гуноҳ марг омад. Ҳамин тавр марг ба тамоми одамон гузашт, зеро ҳама гуноҳ карданд» (Румиён 5:12).

Чаро Худо пеши роҳи бадиро намегирад? Дар боғи Адан Шайтон Худоро дурӯғгӯй номида, гуфт, ки ӯ аз офаридаҳояш чизи хуберо пинҳон медорад (1 Мӯсо 3:3–5). Ҳамин тавр Шайтон ҳақ будани ҳукмронии Яҳуваро зери шубҳа гузошт. Одам ва Ҳавво ба Шайтон ҳамроҳ шуда, ҳокимияти Яҳуваро рад намуданд. Бо ин амалашон онҳо гӯё гуфтанд, ки одам худаш метавонад чӣ будани неку бадро муайян созад. Яҳува, ки Худои боадолат ва хирадманд аст, нағз медонист, ки чӣ хел ба таври беҳтарин ба туҳмати исёнгарон ҷавоб диҳад. Ӯ ба одамон вақт дод, то худашон, чи хеле хоҳанд, ҳукмронӣ кунанд. Аз ин рӯ бадие, ки дар ҷаҳон ҳукмфармосту қисман бо айби Шайтон аст, исбот кард, ки инсон бе Худо ҳукмронӣ карда наметавонад (Ирмиё 10:23).

Худо нисбати замин чӣ ният дорад? Боғи Аданро бунёд карда, Яҳува нишон дод, ки замин бояд то чӣ андоза зебо бошад. Ӯ ба Одаму Ҳавво амр фармуд, ки заминро аз наслашон пур кунанд ва онро «соҳибӣ» намуда, тамоми рӯйи заминро мисли боғи Адан зебову обод гардонанд (1 Мӯсо 1:28). Аз ин рӯ хулоса кардан мумкин аст, ки Худо мехоҳад замин ба биҳишт табдил ёбад ва насли Одаму Ҳавво комил гашта, чун оилаи тифоқ дар он зиндагӣ кунанд. Бояд гуфт, ки қисми зиёди Китоби Муқаддас дар бораи он аст, ки чӣ тавр Худо ин нияташро иҷро мекунад.

Исои Масеҳ бо кадом мақсад ба замин омад? Аз сабаби исён дар боғи Адан Одаму Ҳавво ва наслашон ба марг маҳкум шуданд. Аммо Худо аз рӯйи меҳру вафояш ба одамизод умед бахшид. Ӯ писарашро ба замин фиристод, то, чи хеле дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, барои гуноҳи Одам товон диҳад (Матто 20:28). Ин чӣ маъно дорад? Дар Каломи Худо Ҳазрати Исо «Одами охирин» номида шудааст, ки баръакси Одами аввалин ба Яҳува итоаткор монда, ҳаёти комилашро нигоҳ дошт. Исо ҳамчунин бо омодагӣ ҳаёти худро қурбон кард, ё худ товон дод, то ки гуноҳҳои одамони вафодор бахшида шаванду онҳо ҳаёти ҷовидониеро, ки Одаму Ҳавво аз даст доданд, соҳиб гарданд (1 Қӯринтиён 15:22, 45; Юҳанно 3:16). Ҳамин тавр ба туфайли қурбонии Исо нияти аввалаи Яҳува дар бораи биҳишт гаштани замин имконпазир гашт *.

Нияти Худо нисбати замин танҳо як ақидаи норавшани динӣ нест. Чи хеле боғи Адан ҷойи воқеӣ буду ҳайвонот ва одамон дар он зиндагӣ мекарданд, ваъдаи Худо низ дар бораи оянда воқеист, зеро ба наздикӣ амалӣ мегардад. Оё шумо умед доред, ки дар биҳишти оянда зиндагӣ мекунед? Оё он бароятон воқеӣ аст? Ба ин ваъдаи Худо бовар кардан ба худи шумо вобаста аст. Худо мехоҳад шумораи ҳар чӣ бештари одамон, ҳатто гуноҳкорон, дар биҳишти рӯйи замин зиндагӣ кунанд (1 Тимотиюс 2:3, 4).

Вақте Исо дар сутун мехкӯб шуда буд, ӯ бо марди гунаҳкоре ҳамсуҳбат шуд. Он мард ҷинояткор буд ва медонист, ки аз рӯйи адолат ҷазо гирифтааст, вале аз Исо хоҳиш кард, ки ӯро умед ва тасалло бахшад. Дар ҷавоб Исо гуфт: «Ба ту мегӯям, ки бо ман дар биҳишт мешавӣ» (Луқо 23:43). Агар Исо хоста бошад, ки он марди ҷинояткор дар биҳишти рӯйи замин зиндагӣ кунад, магар ӯ барои шумо низ чунин ояндаро хоҳон нест? Бовар дошта бошед, ки ҳам Исо ва ҳам Худо мехоҳанд, ки шумо дар биҳишти рӯйи замин зиндагӣ кунед. Агар шумо дар биҳишт зиндагӣ кардан хоҳед, ҳар кори аз дастатон меомадаро карда, дар бораи Худо, Офарандаи боғи Адан, дониш гиред.

[Поварақҳо]

^ сарх. 8 Агар дар бораи товони Исо бештар маълумот гирифтан хоҳед, ба боби 5-уми китоби «Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад» нигаред, ки онро Шоҳидони Яҳува нашр кардаанд.

[Тасвир дар саҳифаи 10]

ПЕШГӮЙИИ АСОСИИ КИТОБИ МУҚАДДАС

«Ман дар байни ту [мор] ва зан, дар байни насли ту ва насли вай душманӣ меандозам. Вай сари туро хоҳад кӯфт ва ту пошнаи вайро хоҳӣ кӯфт» (1 Мӯсо 3:15).

Ин аввалин пешгӯйиест, ки Худо дар боғи Адан гуфта буд. Чор иштирокчии ин пешгӯйӣ, яъне зану наслаш ва мору наслаш, кистанд? Душмании байни онҳо дар чӣ аён мегардад?

МОР

Шайтон (Ошкорсозӣ 12:9).

ЗАН

Қисми осмонии ташкилоти Яҳува (Ғалотиён 4:26, 27). Пайғамбар Ишаъё пешгӯйӣ карда буд, ки дар оянда ин «зан» наслеро ба дунё меорад ва он халқи рӯҳонӣ мешавад (Ишаъё 54:1; 66:8).

НАСЛИ МОР

Онҳое, ки хости Шайтонро ба ҷо меоранд (Юҳанно 8:44).

НАСЛИ ЗАН

Ин насл асосан Исои Масеҳ аст, ки намояндаи қисми осмонии ташкилоти Яҳува мебошад. Ба он инчунин масеҳиёне дохил мешаванд, ки дар осмон бо Исо ҳукмронӣ мекунанд. Ин масеҳиёни тадҳиншуда халқи рӯҳониро ташкил медиҳанд, ки «Исроили Худо» номида шудааст (Ғалотиён 3:16, 29; 6:16; 1 Мӯсо 22:18).

ЗАХМИ ПОШНА

Зарбаи дардоваре, ки ба Масеҳ расонда шуд, вале зарараш муваққатӣ буд. Шайтон тавонист, ки Исоро дар замин ба қатл расонад, лекин ӯ зинда шуд.

ЗАХМИ САР

Зарбаи марговаре, ки Шайтон мехӯрад. Исо Шайтонро абадан нест хоҳад кард. Лекин пеш аз ин Исо ба бадиву бадкориҳои Шайтон, ки дар боғи Адан сар шуд, хотима мебахшад (1 Юҳанно 3:8; Ошкорсозӣ 20:10).

Барои дар ин мавзӯъ бештар маълумот гирифтан ба брошураи «Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он» нигаред, ки онро Шоҳидони Яҳува нашр кардаанд.

[Тасвир дар саҳифаи 11]

Одаму Ҳавво оқибати талхи гуноҳро чашиданд