Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

4. Бемеҳрӣ

4. Бемеҳрӣ

4. Бемеҳрӣ

Одамон «бемеҳр» хоҳанд шуд (2 ТИМОТИЮС 3:1–3).

● Дар шимоли Уэлс Крис ном корманди хадамоти кумак ба ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ чунин мегӯяд: «Дар ёдам ҳаст, боре ба назди ман як зан омад, ки ӯро бераҳмона латукӯб карда буданд. Ман ӯро аз ин пеш дида будам, лекин ин дафъа ӯ чунон маҷрӯҳ буд, ки ӯро нашинохтам. Баъзе занонро аз ҷиҳати равонӣ чунон азоб медиҳанд, ки онҳо ба рӯйи одамон нигоҳ карда наметавонанд».

ДАЛЕЛ: Дар яке аз давлатҳои Африқо тахминан аз се як нафари занонро дар кӯдакиашон таҷовуз кардаанд. Ҳамчунин дар ин давлат мувофиқи як санҷиш маълум гардид, ки зиёда аз се як нафари мардон латукӯб кардани зани худро раво меҳисобанд. Лекин на танҳо занон дар оила аз зӯроварӣ зарар мебинанд. Масалан, дар Канада қариб 30 фоизи мардон аз муносибати бераҳмонаи зани худ ҷабр дидаанд.

НОРОЗИГӢ: Зӯроварӣ дар оила ҳама вақт вуҷуд дошт. Гап бар сари он ки имрӯз ба ин масъала аз пештара дида бисёртар диққат медиҳанд.

ОЁ ИН НОРОЗИГӢ АСОС ДОРАД? Дар ҳақиқат даҳсолаҳои охир масъалаи зӯроварии хонаводагӣ доғи рӯз шудааст. Лекин, оё ин ба беҳбудии вазъияти оилаҳо мусоидат кард? Не, ягон зарра. Имрӯз бемеҳрӣ бештар ба чашм мерасад.

ШУМО ЧӢ ФИКР МЕКУНЕД? Оё пешгӯйии 2 Тимотиюс 3:1–3 иҷро шуда истодааст? Оё шумо аҳамият додед, ки дар бисёр оилаҳо меҳру муҳаббат аз байн рафтааст?

Пешгӯйии панҷум, ки дар бораи замин аст, ҳоло иҷро шуда истодааст. Бинед, ки дар ин бора Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд.

[Тасвир дар саҳифаи 7]

«Бояд гуфт, ки оиди зӯроварии хонаводагӣ, ки дар ҷомеа солҳои зиёд вуҷуд дораду дар асл ҷиноят ба ҳисоб меравад, бисёр маълумот дода намешавад. Ба ҳисоби миёна занони ҷабрдида танҳо баъди 35-ум бори латукӯб шуданашон ба полис муроҷиат мекунанд» (РАИСИ ХАДАМОТИ КУМАК БА ҶАБРДИДАГОНИ ЗӮРОВАРИИ ХОНАВОДАГӢ ДАР УЭЛС).