Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАВЗӮИ МУҚОВА | ДУРӮҒҲОЕ, КИ ХУДОРО БАДНОМ МЕКУНАНД

Дурӯғе, ки номи Худоро аз одамон пинҳон кард

Дурӯғе, ки номи Худоро аз одамон пинҳон кард

БИСЁРИҲО АҚИДА ДОРАНД:

«Мо ба хулосаи аниқ омада натавонистем, ки оё ба Худо ном доштан хос аст ё не. Агар хос бошад, пас номи ӯ чист?» (Профессор Дейвид Каннингем, маҷаллаи «Theological Studies»).

ҲАҚИҚАТИ КИТОБИ МУҚАДДАС:

«Ман Яҳуваам, ин номи ман аст» — мегӯяд Худо (Ишаъё 42:8). Яҳува номи ибронӣ буда, маънояш чунин аст: «Ӯ сабаби шудан мегардад» (1 Мӯсо 2:4, поварақ).

Яҳува мехоҳад, ки бандагонаш номи ӯро ба забон гиранд. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «номашро бихонед, корҳои ӯро дар байни халқҳо маълум созед! Эълон намоед, ки номи ӯ волост» (Ишаъё 12:4).

Ҳазрати Исо номи Худоро ба забон мегирифт. Боре ӯ дар дуо ба Яҳува чунин гуфт: «Ман номи туро ба онҳо шиносондам ва боз мешиносонам». Чаро Исо номи Худоро ба шогирдонаш шиносонид? Ӯ суханашро давом дода мегӯяд: «То муҳаббате, ки ту [Худо] ба ман дорӣ, дар онҳо бошад ва онҳо бо ман якдил бошанд» (Юҳанно 17:26).

ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ?

Уолтер Лоури ном диншиносе чунин навиштааст: «Одаме, ки номи Худоро намедонад, дар асл ӯро намешиносад. Агар Худо барои ӯ чун қувваи ноаёне бошад, пас ӯро дӯст доштан мушкил мегардад».

Номи Худоро пинҳон кардан ё иваз намудан баробари онро аз Китоби Муқаддас гирифта партофтан аст.

Марде бо номи Виктор ҳар ҳафта ба калисо мерафт, лекин ҳис мекард, ки Худоро дар асл намешиносад. Ӯ чунин гуфт: «Баъдтар, вақте фаҳмидам, ки номи Худо Яҳува аст, тасаввур кардам, ки гӯё маро расман бо ӯ шинос карданд. Ниҳоят ман бо Оне, ки дар борааш бисёр шунида будам, шинос шудам. Ҳамин тавр Худо бароям воқеӣ гашт ва ман дарк кардам, ки бо ӯ дӯст шуда метавонам».

Бояд гуфт, ки Яҳува ба онҳое, ки номи ӯро ба забон мегиранд, наздик мешавад ва ба шахсоне, ки «дар бораи номи ӯ андеша мекунанд» чунин ваъда медиҳад: «Ман ба онҳо раҳм мекунам, чуноне ки падар ба писаре, ки хизмати ӯро ба ҷо меорад, раҳм мекунад» (Малокӣ 3:16, 17). Ҳамчунин Худо касонеро, ки номашро мехонанд, баракат медиҳад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Ҳар кӣ номи Яҳуваро бихонад, наҷот меёбад» (Румиён 10:13).