Гузаштан ба маводи асосӣ

СУҲБАТ ДАР АСОСИ МАВЗУЪҲОИ КИТОБИ МУҚАДДАС

Подшоҳии Худо кай ҳукмрониро сар кард? (Қисми 2)

Подшоҳии Худо кай ҳукмрониро сар кард? (Қисми 2)

Дар поён суҳбати Шоҳиди Яҳува бо ҳамсояаш оварда шудааст. Тасаввур мекунем, ки Шоҳиди Яҳува бо номи Комрон боз ба хонаи марде бо номи Ҷамшед омадааст.

ХОБИ ШОҲ НАБУКАДНЕСАР. ШАРҲИ МУХТАСАР

Комрон: Салом, Ҷамшед, аз дидоратон шодам. Чи хел зӯр, ки ману шумо ҳар ҳафта дар бораи Китоби Муқаддас суҳбат мекунем *. Хайр, кору боратон чӣ хел?

Ҷамшед: Нағз, раҳмат.

Комрон: Зӯр, ман хурсанд. Дафъаи гузашта мо дар бораи он гап задем, ки барои чӣ Шоҳидони Яҳува мегӯянд, ки Подшоҳии Худо соли 1914 ҳукмрониро сар кард *. Мо фикрҳои асосиро аз пешгӯйии боби чоруми китоби Дониёл дида баромадем. Дар ёд доред, он ҷо чӣ навишта шудааст?

Ҷамшед: Шоҳ Набукаднесар дарахти калонеро хоб дид.

Комрон: Рост. Дар хоб Набукаднесар мебинад, ки дарахт калон шуда то ба осмон қад мекашад. Сипас ӯ овози фариштаеро мешунавад, ки амр медиҳад, то дарахтро буранду кундаашро бо решаҳояш дар замин монанд. Баъди гузаштани «ҳафт замон» он бояд аз нав мерӯид *. Мо боз фаҳмидем, ки ин пешгӯйӣ ду иҷрошавӣ дорад. Дар хотир доред, ки бори якум ин пешгӯйӣ чӣ тавр иҷро шуд?

Ҷамшед: Дар шоҳ Набукаднесар иҷро шуд-а? Ӯ ҳафт сол аз ақл бегона шуд.

Комрон: Дуруст. Набукаднесар муваққатан ақлашро гум кард, барои ҳамин ҳукмрониаш қатъ шуд. Аммо, вақте дар замин ҳукмронии подшоҳоне, ки Худоро намояндагӣ мекарданд, муддати ҳафт замон қатъ гардид, ин пешгӯйӣ пурратар иҷро шуд. Чи хеле ки фаҳмидем, ҳафт замон соли 607-и то милод, вақти валангор шудани Ерусалим, сар шуд. Аз он вақт сар карда халқи Худо дигар дар замин подшоҳе надошт, ки Яҳува Худоро намояндагӣ кунад. Лекин бо гузашти ҳафт замон Худо бояд бар халқаш Ҳокими навро таъйин мекард, вале ин дафъа дар осмон. Дигар хел карда гӯем, дар охири ҳафт замон бояд Подшоҳии Худо ҳукмрониашро дар осмон сар мекард. Мо аллакай медонем, ки «ҳафт замон» кай сар шуд. Агар аниқ кунем, ки ин замонҳо чӣ қадар давом карданд, кай сар шудани ҳукмронии Подшоҳии Худоро фаҳмида метавонем. Ҳамин хел не?

Ҷамшед: Ҳа. Нағз, ки такрор кардем, ба ёдам бисёр чиз омад.

Комрон: Зӯр. Биёед ин мавзуъро чуқуртар дида бароему чӣ қадар давом кардани ҳафт замонро фаҳмем. Ман дар бораи ин мавзуъ камтар хондам, то баъзе фикрҳои асосиро ба ёд орам. Акнун ҳаракат мекунам, ки онҳоро ба шумо фаҳмонам.

Ҷамшед: Майлаш.

ОХИРИ ҲАФТ ЗАМОН ВА САРШАВИИ РӮЗҲОИ ОХИР

Комрон: Вақте ки ин пешгӯйӣ якум бор дар Набукаднесар иҷро шуд, ҳафт замон ҳафт соли аслӣ буд. Аммо бори дуюм, вақте ин пешгӯйӣ ба Подшоҳии Худо дахл дошт, ҳафт замон бояд аз ҳафт соли аслӣ зиёдтар давом мекард.

Ҷамшед: Шумо инро аз куҷо медонед?

Комрон: Дар боло гуфтем, ки ҳафт замон соли 607-и то милод, вақти валангор шудани Ерусалим, сар шуд. Агар аз ҳамин сол ҳисоб карданро сар кунем, ҳафт соли аслӣ, моро ба соли 600-и то милод меорад. Аммо дар ин сол ягон чизи махсусе, ки бо ҳукмронии Худо алоқаманд бошад, рӯй надод. Ғайр аз ин, чи хеле ки он дафъа гуфтем, баъди садсолаҳо, вақте ки Исо дар замин буд, нишон дод, ки ҳафт замон ҳоло ба охир нарасидааст.

Ҷамшед: Ҳа, ба ёдам омад.

Комрон: Барои ҳамин хулоса кардан мумкин аст, ки ҳафт замон, на ба ҳафт соли аслӣ, балки ба муддати дарозтар ишора мекунад.

Ҷамшед: Чӣ қадар бошад?

Комрон: Китоби Ошкорсозӣ, ки бо китоби Дониёл зич алоқаманд аст, ба мо ёрдам мекунад, ки чӣ қадар давом кардани ҳафт замонро фаҳмем. Он ҷо сею ним замон ба 1260 рӯз баробар карда шудааст *. Пас, ҳафт замон, ки аз сею ним замон ду маротиба зиёд аст, 2520 рӯз мешавад. Ҳамин хел не?

Ҷамшед: Ҳа, ҳамин хелу ман ҳоло ҳам алоқамандии онро бо соли 1914 намебинам.

Комрон: Хуб, набошад биёед кӯшиш кунем, ки алоқамандиашро бинем. Баъзан дар пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас як рӯз ба як сол баробар карда шудааст *. Агар ҳамин чизро ба назар гирем, пас ҳафт замон 2520 сол мешавад. Аз соли 607-и то милод 2520 сол гузарад, соли 1914 мешавад *. Айнан дар ҳамин сол ҳафт замон ба охир расиду ҳукмронии Исо, шоҳи Подшоҳии Худо, сар шуд. Боз аз соли 1914 сар карда дар ҷаҳон воқеаҳое рӯй медиҳанд, ки мувофиқи Китоби Муқаддас нишонаҳои охирзамон мебошанд.

Ҷамшед: Кадом воқеаҳо?

Комрон: Ба Матто 24:7 аҳамият диҳед. Ин ҷо Исо дар бораи вақти саршавии ҳокимияти осмониаш чунин гуфта буд: «Як халқ бо халқи дигаре ва як давлат бо давлати дигаре ҷанг мекунад ва дар ҳама ҷо пайи ҳам гушнагиву заминҷунбӣ мешавад». Дидед, Исо гуфт, ки дар давоми он вақт гушнагиву заминҷунбиҳо мешаванд. Дар ҷаҳон тӯли садсолаи охир чунин офатҳо бисёр буданд, ҳамин хел не?

Ҷамшед: Ҳа, рост.

Комрон: Инчунин дар ин оят Исо пешгӯйӣ кард, ки вақте ӯ дар осмон ҳукмрониро сар мекунад, дар замин ҷангҳо низ ба амал меоянд. Дар китоби Ошкорсозӣ пешгӯйӣ шуда буд, ки ҷангҳо на фақат дар як давлат, балки дар тамоми ҷаҳон рӯй медиҳанд *. Дар ёд доред, ки Ҷанги Якуми Ҷаҳон кай сар шуд?

Ҷамшед: Соли 1914, яъне шумо гуфтанӣ, ки Исо айнан ҳамин сол подшоҳиро сар кард? Аҷоиб, ман пештар ин ду воқеаро ба якдигар алоқаманд намекардам.

Комрон: Вақте пешгӯйиҳои Китоби Муқаддасро дар бораи ҳафт замон ва рӯзҳои охир як ба як аз назар гузаронда, нағзакак фикр мекунем, бисёр чиз равшан мегардад. Шоҳидони Яҳува бовар доранд, ки Исо соли 1914 ҳукмрониашро сар кард ва аз ҳамон сол рӯзҳои охир сар шуданд *.

Ҷамшед: Ҳа, фаҳмо. Акнун вақт даркор, ки ман ҳамаи инро дар сарам ҷо ба ҷо кунам.

Комрон: Ман шуморо мефаҳмам. Чи хеле ки аллакай гуфтам, ба ман ҳам вақт даркор буд, ки то охир ба ҳамаи ин сарфаҳм равам. Лекин умед дорам, суҳбатамон ба шумо каме ҳам бошад, ёрдам дод, то бинед, ки ақидаи Шоҳидони Яҳува дар бораи соли 1914 бар Китоби Муқаддас асос меёбад, ҳарчанд дар он ин сол наомадааст.

Ҷамшед: Ба ман маъқул, ки шумо ягон чизро аз худатон неву аз Китоби Муқаддас мегӯед. Лекин медонед, як чизро намефаҳмам. Чаро ҳамааш ин қадар душвор? Барои чӣ Худо дар Каломаш рӯйирост нагуфт, ки Исо дар осмон соли 1914 ҳукмрониро сар мекунад?

Комрон: Саволи зӯр додед. Ҳақиқатан ҳам, дар Китоби Муқаддас бисёр чиз рӯйирост гуфта нашудааст. Чаро Китоби Муқаддас тавре навишта шудааст, ки барои фаҳмидани он кӯшишу ғайрат кардан лозим аст? Биёед ба ин савол дафъаи дигар ҷавоб меёбем.

Ҷамшед: Гап нест.

Оё шумо ба ягон саволе, ки бо Китоби Муқаддас алоқаманд аст, ҷавоб ёфтан мехоҳед? Оё дар бораи фаъолият ва эътиқоди Шоҳидони Яҳува фаҳмидан мехоҳед? Агар ҳа, пас шарм накарда ҷавоби ин саволҳоро аз Шоҳидони Яҳува пурсед. Онҳо бо камоли майл ба шумо кумак мекунанд, ки ба ҳама саволҳоятон ҷавоб ёбед.

^ сарх. 5 Шоҳидони Яҳува Китоби Муқаддасро бепул таълим медиҳанд ва бо одамон дар асоси мавзуъҳои Китоби Муқаддас суҳбат мекунанд.

^ сарх. 7 Ба мақолаи «Суҳбат дар асоси мавзуъҳои Китоби Муқаддас. Подшоҳии Худо кай ҳукмрониро сар кард? (қисми 1)», ки дар нашри оммавии «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1 октябри соли 2014 омадааст, нигаред.

^ сарх. 24 Ба ҷадвали «Хоби Набукаднесар дар бораи дарахт» (рус.) нигаред.

^ сарх. 30 Ба боби 9-уми китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас» (адабиёти Шоҳидони Яҳува) нигаред.