Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАВЗӮИ АСОСИИ МАҶАЛЛА | ЧӢ ТАВР КИТОБИ МУҚАДДАС ТО ЗАМОНИ МО РАСИД?

Китоби Муқаддас новобаста ба фарсудашавӣ то замони мо расид

Китоби Муқаддас новобаста ба фарсудашавӣ то замони мо расид

ХАТАР: Нависандагон ва нусхабардорон матни Китоби Муқаддасро асосан дар папирус ё пӯсти ҳайвонот менавиштанд (2 Тимотиюс 4:13). Лекин ин хатарнок буд. Чаро?

Папирус тез медарад, рангашро гум мекунад ва ба осонӣ фарсуда мегардад. Мисршиносон Ричард Паркинсон ва Стивен Куирки мегӯянд: «Варақи папирус бо гузашти вақт фарсуда мешавад ва аз он як мушт хок боқӣ мемонаду халос. Папирус мағор мезанад ва агар онро зери хок нигоҳ доред, хояндаҳо ё ҳашарот, махсусан мӯрчаҳои сафед, онро хӯрда метавонанд». Баъзе папирусҳое, ки ёфт шуданд, аз сабаби дар равшании зиёд ё ҷойи намнок нигоҳ дошта шуданашон тезтар фарсуда гардиданд.

Пӯсти ҳайвонот назар ба папирус бақувваттар мебошад, вале агар онро низ дар ҳарорати баланд, ҷойи намнок ё равшанӣ нигоҳ дорем, вайрон мешавад *. Пӯсти ҳайвонот инчунин барои ҳашарот луқмаи муносиб аст. Дар як китоб гуфта мешавад, ки «дастнависҳои қадима одатан дер умр намебинанд» (Everyday Writing in the Graeco-Roman East). Хуб, агар дастнависҳои Китоби Муқаддас ба тезӣ фарсуда мешуданд, хабараш то замони мо намерасид.

ЧӢ ТАВР КИТОБИ МУҚАДДАС ТО ЗАМОНИ МО РАСИД? Мувофиқи қонуни яҳудиён ҳар як шоҳ бояд барои худ нусхаи Шариатро рӯбардор мекард (5 Мӯсо 17:18). Ғайр аз ин, нусхабардорони касбӣ то асри як чунон бисёр дастнавис омода карданд, ки Навиштаҳои Муқаддасро дар саросари Исроил ва Мақдуния дар ибодатгоҳҳо ёфтан мумкин буд (Луқо 4:16, 17; Корнома 17:11). Лекин чӣ тавр баъзе дастнависҳои қадима то замони мо расиданд?

Дастнависҳои баҳри Мурда дар дохили кӯзаҳои гилин, дар ғорҳои минтақаҳои хушк нигоҳ дошта шуда буданд.

Филип Комфорт ном донандаи «Аҳди Ҷадид» мегӯяд: «Яҳудиён аз афташ медонистанд, ки барои нигоҳ доштани дастнависҳо онҳоро бояд дар кӯза гузоранд». Эҳтимоли зиёд аст, ки масеҳиён ин анъанаро давом доданд. Бинобар ин баъзе дастнависҳои қадимаи Навиштаҳо дар дохили кӯзаҳои гилин, анҷомхонаҳои торик, ғорҳо ва минтақаҳои хушк ёфт шуданд.

НАТИҶА: Ҳазорҳо дастнависҳои Китоби Муқаддас, ки баъзеашон ду ҳазорсолаанд то замони мо расиданд. Ягон ҳуҷҷати қадима ин қадар дастнависи бисёр надорад, ки аз қаъри асрҳо то замони мо расида бошад.

^ сарх. 5 Ҷолиб аст, ки нусхаи тасдиқгардидаи Эъломияи Истиқлолияти Амрико дар пӯсти ҳайвон навишта шуда буд. Имрӯз, баъди 250 сол ранги ин нусха чунон паридааст, ки онро қариб, ки хонда намешавад.