МАВЗӮИ АСОСИИ МАҶАЛЛА | ЧӢ ТАВР АЗ ХОНИШИ КИТОБИ МУҚАДДАС ФОИДАИ БЕШТАР ГИРЕМ?
Чаро Китоби Муқаддасро бояд хонем?
«Ман фикр мекардам, ки Китоби Муқаддасро фаҳмидан душвор аст» (Ҷуви).
«Ман гумон мекардам, ки ин кор дилгиркунанда аст» (Квини).
«Ҳаҷми ин китобро дида хоҳиши хонданам гум шуд» (Езекиил).
Оё чунин ҳиссиёт ба шумо шинос аст? Оё шумо ҳам Китоби Муқаддасро хонданӣ будеду аммо аз фикратон гаштед? Барои бисёриҳо хондани Китоби Муқаддас воҳиманок метобад. Вале, агар мефаҳмидед, ки бо ёрии Китоби Муқаддас ҳаётатон пурмаъно ва беҳтар мегардад, чӣ кор мекардед? Агар роҳи шавқовар гардондани хониши Китоби Муқаддасро пайдо кунед-чӣ? Мехоҳед фаҳмед, ки Китоби Муқаддас аз кадом ҷиҳат ба шумо кумак карда метавонад?
Биёед бинем, ки баъзеҳо дар бораи манфиати хониши Китоби Муқаддас чӣ мегӯянд.
«Пеш ман ба ронандае монанд будам, ки мошинро бе ягон мақсад ҳай мекунад. Вале Китоби Муқаддасро хонда ҳаётам мақсаднок гашт. Дар ин китоб барои ҳаёти ҳаррӯза маслиҳатҳои фоидабахш оварда шудаанд» (Езекиил, 20-сола).
«Ман тез асабонӣ мешудам. Вале Китоби Муқаддасро хонда идора кардани ҳиссиётамро ёд гирифтам. Аз ин рӯ ба ман бо дигарон муросо кардан осонтар шуд. Имрӯз ман дӯстони бисёр дорам» (Фрида, 20-сола).
«Ин китоб ба ман кумак мекунад, ки инсони хуб бошам ва аз одатҳои бад даст кашам» (Юнис, 50-сола).
Чи хеле хондани Китоби Муқаддас ба ин нафарон ва миллионҳо одамони дигар кумак кард, ки ҳаёти хушбахтона ба сар баранд, он ба шумо низ фоида оварда метавонад (Ишаъё 48:17, 18). Ғайр аз ин Китоби Муқаддас кумак мекунад, ки 1) қарорҳои дуруст бароред, 2) дӯстони хуб пайдо кунед, 3) ба душвориҳо тоб оред ва 4) аз ҳама муҳимаш дар бораи Худо дониш гиред. Дар Китоби Муқаддас суханони Худо оварда шудаанд, бинобар ин аз рӯйи маслиҳатҳои он амал карда шумо ҳеҷ гоҳ пушаймон намешавед. Охир, Худо ҳеҷ вақт бар зарари мо маслиҳат намедиҳад.
Қадами муҳим — сар кардани хониш аст. Кадом маслиҳатҳо ин корро осонтар ва шавқовар карда метавонанд?