Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Суруди 43

Устувор, бедор ва қавӣ бошед!

Устувор, бедор ва қавӣ бошед!

(1 Қӯринтиён 16:13)

1. Устувор, бедор, қавӣ бош,

бикун истодагарӣ.

Аз даст надеҳ ҷасоратро,

зеро ғалаба наздик.

Шоҳи худро кунем итоат,

истем мо дар саф бо шуҷоат.

(НАҚАРОТ)

Устувор, бедору қавӣ бош!

Кӯш ҳамин тавр то охир!

2. Устувор, ҳушёр, бедор бош,

ҳамеша фармонбардор.

Бо имон мудом ту гӯш деҳ

ба ғуломи вафодор.

Диҳанд панд пирон аз ғамхорӣ,

он қабул кун бо миннатдорӣ.

(НАҚАРОТ)

Устувор, бедору қавӣ бош!

Кӯш ҳамин тавр то охир!

3. Устувор бош, ҳамкорӣ кун,

то ки гӯӣ хушхабар.

Душманон зиёданд, лекин

то охир паёмро бар.

Шав ҳамроҳ ба халқи муттаҳид.

Нигар! Рӯзи Яҳува қариб!

(НАҚАРОТ)

Устувор, бедору қавӣ бош!

Кӯш ҳамин тавр то охир!

(Ҳамчунин нигаред ба Мат. 24:13; Ибр. 13:7, 17; 1 Пет. 5:8.)