Гузаштан ба маводи асосӣ

САВОЛҲОИ ҶАВОНОН

Чаро ба ҷамъомад рафтан муҳим аст?

Чаро ба ҷамъомад рафтан муҳим аст?

Шоҳидони Яҳува ҳар ҳафта ду бор дар Ибодатгоҳашон вомехӯранд. Ин вохӯриҳо чӣ тавр мегузаранд? Шумо аз онҳо чӣ манфиат гирифта метавонед?

 Вохӯриҳо чӣ хел мегузаранд?

Дар вохӯриҳо диққат асосан ба омӯзиши Китоби Муқаддас равона карда мешавад. Ин вохӯриҳо ба шумо кумак мекунанд, ки:

  • дар бораи Худо ҳақиқатро донед,

  • сабаби рӯйдодҳои имрӯзаро фаҳмед,

  • инсони хуб шавед,

  •  дӯстони ҳақиқӣ ёбед.

Оё шумо медонед? Дар вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува суҳбат асосан дар атрофи Подшоҳии Худо меравад (Матто 6:9, 10; 24:14; Луқо 4:43).

 Чаро ба вохӯриҳо рафтан муҳим?

Аз ин вохӯриҳо шумо манфиати зиёд мегиред. Принсипҳои Китоби Муқаддас, ки дар вохӯриҳо баррасӣ мегарданд, кумак мекунанд, ки хирадманд шавед (Панднома 4:5). Бинобар ин гуфтан мумкин аст, ки бо ёрии Каломи Худо шумо дар ҳаётатон қарорҳои дуруст қабул мекунед ва ба саволҳои ҳаётан муҳим ҷавоб меёбед, аз ҷумла ба саволҳои зерин:

  • Маънои ҳаёт дар чист?

  • Оё ба ранҷу азоб Худо айбдор аст?

  • Баъд аз мурдан бо одам чӣ мешавад?

Дар вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува дар мавзӯъҳои гуногун нутқҳо пешкаш мегарданд, аз ҷумла:

  • Чаро аз рӯйи роҳнамоии Китоби Муқаддас амал кардан муҳим аст?

  • Ҳангоми сар задани мушкилиҳо аз куҷо кумак ёфтан мумкин аст?

  • Чӣ тавр Подшоҳии Худо имрӯз бар манфиати мо амал мекунад?

«Як ҳамсинфам боре ба вохӯрӣ омад. Ӯ ҳамроҳи оилаи мо нишаста аз адабиёти мо истифода бурд. Баъд аз вохӯрӣ ӯ ба ман гуфт, ки шарҳҳои бародару хоҳарон ба вай хеле маъқул шуданд. Инчунин илова кард, ки дар калисои онҳо барои омӯзиш ин қадар мавод нест» (Бренда).

Оё шумо медонед? Ба Ибодатгоҳ даромадан ройгон аст ва аз ҳозирон пул ҷамъ карда намешавад.

Аз муошират бо Шоҳидони Яҳува шумо рӯҳбаландӣ мегиред. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки як сабаби ҷамъ шудани хизматгорони Худо ин «якдигарро рӯҳбаланд» кардан аст (Ибриён 10:24, 25). Дар ин дунёи худбин шумо аз муошират бо онҳое, ки Худо ва дигаронро аз худ боло мемонанд, хурсандӣ мегиред.

«Дар охири рӯз ман хаставу шалпар мешавам. Вале ба Ибодатгоҳ омада қуввати нав пайдо мекунам. Баъди вохӯрӣ бо дили шод ба хона бармегардам» (Элиса).

Оё шумо медонед? Дар саросари ҷаҳон Шоҳидони Яҳува зиёда аз 120 000 ҷамоат доранд ва дар беш аз 60 000 бино вомехӯранд. Аз сабаби зиёд шудани шумораи ҳозирон ҳар сол ба ҳисоби миёна тақрибан 1500 Ибодатгоҳ бино карда мешавад *.

^ сарх. 20 Барои ёфтани Ибодатгоҳи Шоҳидони Яҳува ба саҳифаи «Вохӯриҳо» дароед ва сатри зеринро пахш кунед: «Ҷойи ба худ наздикро ёбед».