Гузаштан ба маводи асосӣ

Оё Шоҳидони Яҳува Тавротро эътироф мекунанд?

Оё Шоҳидони Яҳува Тавротро эътироф мекунанд?

Бале. Шоҳидони Яҳува боварӣ доранд, ки тамоми навиштаҳои Китоби Муқаддас «аз рӯи илҳоми илоҳист ва... фоиданок аст» (2 Тимотиюс 3:16). Китоби Муқаддас асосан Таврот, Забур ва Инҷилро дар бар мегирад, ки аксарият бо ин китобҳо шиносанд. Ба фикри мо маслиҳатҳои он кӯҳна нашудааст ва то ҳол фоиданок аст.

Чаро масеҳиён ҳам Таврот ва ҳам Инҷилро мехонанд?

Павлуси расул аз Худо илҳом гирифта чунин гуфта буд: «Ҳар он чи пештар навишта шудааст, барои омӯхтани мо навишта шудааст» (Румиён 15:4). Бинобар ин Таврот, ки қисми Китоби Муқаддас аст маълумоти пурарзиш дорад. Зеро аз он мо воқеаҳои таърихан бебаҳо ва маслиҳатҳои хирадмандона ёфта метавонем.

  • Маълумоти таърихан бебаҳо. Дар Таврот дар бораи офариниш ва чӣ тавр гунаҳкор шудани одамизод пурра нақл карда шудааст. Бе ин маълумот ба саволҳои зерин ҷавоб ёфта наметавонистем: «Мо аз куҷо пайдо шудем?», «Барои чӣ одамон мемиранд?» (Ҳастӣ 2:7, 17). Ҳамчунин аз Таврот мо фаҳмида метавонем, ки Яҳува Худо бо одамоне ки мисли мо пастиву баландии зиндагиро аз сар гузаронидаанд, чӣ тавр муносибат мекард (Яъқуб 5:17).

  • Маслиҳатҳои хирадмандона. Китоби Масалҳо ва Воиз, ки қисми Китоби Муқаддас мебошанд, ҳикмати бепоёни зиндагиро дар бар мегиранд. Ин маслиҳатҳо барои дар оила хушбахт будан (Масалҳо 15:17), ба кор муносибати дуруст доштан (Масалҳо 10:4; Воиз 4:6) ва ба ҷавонон барои дар айёми ҷавонӣ хушбахт шудану ноумед нагаштан, ёрдам мерасонад (Воиз 11:9–12:1).

Инчунин Қонуни Мусо, ки дар Таврот навишта шудааст, бароямон манфиатовар хоҳад буд. Гарчанд риоя кардани ин Қонун аз масеҳиён талаб карда нашавад ҳам, маслиҳатҳои хирадмандонаи он ба мо кӯмак мекунад, ки ҳаёти хушбахтона ба сар барем (Ибодат 19:18; Такрори Шариат 6:5–7).