Идораи марказии Шоҳидони Яҳува кӯчонида шуд
Июли соли 2009 Шоҳидони Яҳува барои кӯчонидани идораи марказӣ дар қисми шимолии иёлоти Ню-Йорк замин хариданд. Масоҳати он 102 гектар буда 80 км аз самти шимолу ғарбии бинои пештара, ки дар Бруклин (Ню-Йорк) аз соли 1909 фаъолият мекард, ҷойгир аст.
Дар ин ҷо бинои корӣ, хоҷагидорӣ ва чор бинои истиқоматӣ сохта мешавад, ки дар он 800 Шоҳиди Яҳува зиндагӣ ва кор мекунанд. Ҳамчунин сохтмони осорхона ба нақша гирифта шудааст, ки дар он оиди таърихи муосири Шоҳидони Яҳува нақл карда мешавад.
Аз 102 гектар замин танҳо 18 гектарашро биноҳо ишғол мекунанд. Замини боқимонда бошад, бо ҷангалзору ботлоқзораш бетағйир меистад. Дар назди биноҳо сабзазор намешавад, чунки манзара бе ин ҳам зебост.
Меъморон лоиҳаи биноро тавре ба нақша кашиданд, ки қувваи барқ камтар сарф шаваду боигарии табиат гум нашавад. Ба туфайли ин ба муҳити атроф зарар камтар мерасаду барои нигоҳбинии он хароҷот нисбатан кам меравад. Масалан, дар боми бино растаниҳое шинонда мешаванд, ки ба сармо тобоваранд. Ин растаниҳо оби боронро ба худ ҷаббида мегиранд ва дар биноҳо ҳарорати мӯътадил нигоҳ дошта мешавад. Биноҳои корӣ тавре сохта шудаанд, ки дар он нури офтоб мерасад. Ҳамчунин барои обро исроф накардан чораҳо андешида шудаанд.
Барои чӣ кӯчидан лозим омад? Китоби Муқаддас ва адабиётамон пештар танҳо дар Бруклин чоп мешуд. Ҳоло бошад, дар дигар филиалҳои Шоҳидони Яҳува низ чоп мешавад. Соли 2004 шӯъбаи чопкунӣ ва адабиётфиристонӣ дар Уолкилл (Ню-Йорк) якҷоя карда шуд, ки он тахминан 145 км аз самти шимолу ғарбии Бруклин ҷойгир аст.
Ҳамчунин хароҷотҳо ба назар гирифта шудаанд. Истифодаи бино дар Бруклин қиматтар меистад. Биноро дар як қитъаи замин сохта бо ин Шоҳидони Яҳува маблағро барои беҳтар пеш бурдани фаъолияташон истифода мебаранд.
Барои сохтмон танҳо баъди аниқ кардани таъсири бино ба муҳити атроф иҷозати ниҳоӣ дода мешавад. Агар ҳамааш хуб бошад, сохтмон соли 2013 сар мешавад ва баъд аз чор сол ба охир мерасад.
Ғайр аз комплекси чопӣ дар Уолкилл (иёлоти Ню-Йорк) Шоҳидони Яҳува дар Паттерсон (иёлоти Ню-Йорк) маркази таълимӣ доранд. Ташкилоти мо дар бисёр давлатҳо филиал дорад. Дар тамоми дунё шумораи Шоҳидони Яҳува аз ҳафту ним миллион зиёд аст.